Румиён
1 Ман, Павлус — ғуломи Исои Масеҳ*, ки расул интихоб шудаам ва барои расонидани хушхабар таъйин гаштаам*,+ ба шумо нома менависам. 2 Худо ин хушхабарро аз замонҳои пеш ба воситаи пайғамбарон дар Навиштаҳои Муқаддас эълон кардааст. 3 Он дар бораи Писари ӯст, ки аз насли Довуд+ ба дунё омад, 4 вале бо қудрати рӯҳи муқаддас аз мурдагон зинда шуд+ ва исбот гашт, ки ӯ Писари Худост*.+ (Ӯ Ҳазратамон Исои Масеҳ аст, 5 ки ба воситааш ба ман лутфу марҳамат ато шуд ва ман расули+ Худо таъйин шудам, то ки ҳамаи халқҳо+ имон оранду итоаткор гарданд ва ҳамин тавр номи Исои Масеҳ шуҳрат ёбад. 6 Шумо ҳам аз миёни он халқҳо даъват шудаед, то аз они Исои Масеҳ бошед.)
7 Эй азизони Худо, ки дар Рум мебошед ва барои халқи муқаддас будан даъват шудаед! Лутфу осоиштагии Падарамон Худо ва Ҳазратамон Исои Масеҳ бо шумо бод!
8 Пеш аз ҳама, ба воситаи Исои Масеҳ барои шумо Худои худро шукр мегӯям, зеро овозаи имони шумо дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст. 9 Худо, ки ман ба ӯ бо тамоми ҳастиям хизмат карда, хушхабарро дар бораи Писараш паҳн мекунам, шоҳид аст, ки ман ҳама вақт шуморо дар дуоҳоям зикр мекунам+ 10 ва аз ӯ зорию илтиҷо менамоям, ки, агар имконпазир бошаду хости ӯ бошад, ниҳоят ба назди шумо биёям, 11 чунки ман ташнаи дидори шумоям ва мехоҳам ба шумо атои Худоро бирасонам, то устувор гардед, 12 ё аниқтараш, аз имони якдигар рӯҳбаланд шавем+ — ман аз имони шумову шумо аз имони ман.
13 Лекин, эй бародарон, намехоҳам, ки шумо бехабар бошед, ки ман борҳои зиёд ба назди шумо омаданӣ будам, то хизматам дар миёни шумо низ чун дар миёни дигар халқҳо самари хубе орад, аммо то ҳол аз ин кор боздошта мешудам. 14 Ман ҳам дар пеши юнониҳо ва ҳам дар пеши дигар халқҳо, ҳам дар пеши хирадмандон ва ҳам дар пеши бехирадон қарздор ҳастам. 15 Аз ин рӯ хоҳиши сахт дорам, ки хушхабарро ба шумо низ, эй мардуми Рум,+ бирасонам. 16 Ман аз эълон кардани хушхабар шарм намедорам,+ зеро он қудрати Худост барои наҷоти ҳар як имондор,+ аввалан яҳудӣ+ ва баъд юнонӣ.+ 17 Худо росткории худро ба воситаи хушхабар ошкор кард ва имондорон инро дида имонашон устувор мегардад.+ Дар ин бора навишта шудааст: «Росткор ба воситаи имонаш хоҳад зист».+
18 Хашми Худо+ аз осмон бар тамоми худобехабарон ва бадкорон фурӯ рехта* истодааст, чунки онҳо ростиро беинсофона пинҳон медоранд.+ 19 Охир, он чӣ дар бораи Худо фаҳмидан мумкин аст, ба онҳо ба хубӣ маълум аст, чунки Худо инро ба онҳо ошкор кардааст.+ 20 Хислатҳои нонамоёни ӯ, яъне қудрати абадӣ+ ва илоҳияташ,+ аз вақти офариниши ҷаҳон баръало аён аст, зеро одамон метавонанд ба воситаи офаридаҳо ин хислатҳоро дарк кунанд,+ аз ин рӯ чунин касон худро ҳаргиз сафед карда наметавонанд. 21 Ҳарчанд онҳо Худоро шинохтанд, ӯро чун Худо ҷалол надоданду шукр нагуфтанд, балки беақлона андеша ронданду дилҳои бефаҳмашонро торикӣ фаро гирифт.+ 22 Ҳарчанд даъво мекарданд, ки бохираданд, беақл гаштанд 23 ва ба ҷойи Худои намиранда сурати инсони миранда, парандаҳо, чорпоён ва хазандагонро ҷалол доданд.+
24 Барои ҳамин Худо онҳоро мувофиқи хоҳиши дилашон ба нопокӣ супурд, то ба ҷисмҳояшон нанг оранд. 25 Онҳо ростии Худоро ба дурӯғ иваз карданд ва ба ҷойи Офаридгор офаридаҳоро парастиш карданду хизмати онҳоро ба ҷо оварданд, ҳол он ки танҳо Офаридгор ҳамеша сазовори ситоиш аст. Омин. 26 Аз ин рӯ Худо гузошт, ки онҳо побанди нафси ҳаромашон шаванд:+ занони онҳо алоқаи ҷинсии табииро ба ғайритабиӣ иваз карданд;+ 27 ба ин монанд, мардон алоқаи табииро бо занон тарк карданд ва дар оташи шаҳвате, ки нисбати якдигар доштанд, сӯхта, мард бо мард+ ба корҳои нафратовар даст заданд ва барои бадкориҳояшон ҷазои пурра гирифтанд.+
28 Азбаски дар бораи Худо дониши дақиқ гирифтанро лозим надонистанд, Худо гузошт, ки онҳо хатоандеш бошанд ва ба корҳои ношоиста даст зананд.+ 29 Онҳо аз ҳар гуна бадкорӣ,+ худобехабарӣ, чашмгушнагӣ,+ бадӣ, бахилӣ*,+ одамкушӣ,+ ҷанҷол, фиребгарӣ+ ва зиёнкорӣ+ пур шудаанд. Онҳо ғайбатчӣ, 30 бадгӯй,+ худобадбин, нописанд, ҳавобаланд, худсито, бадният*, беитоат ба падару модар,+ 31 бефаҳм,+ ваъдахилоф, бемеҳр ва бераҳманд. 32 Ҳарчанд онҳо нағз медонанд, ки мувофиқи амри одилонаи Худо ҳар кӣ ба ин корҳо даст занад, сазовори марг аст,+ аз ин корҳо даст намекашанд, ба болои ин, касонеро, ки чунин корҳоро мекунанд, таърифу таҳсин мекунанд.