Рӯҳбаландии тарафайн
1. Чӣ гуна имконияти махсусеро ташрифҳои нозирони сайёр фароҳам меоранд?
1 Павлуси расул ба ҷамъомади шаҳри Рум навишт: «Хеле орзуманди дидани шумо мебошам, то ки як атои рӯҳоние, барои устувор шуданатон ба шумо тақдим намоям, яъне бо якҷоягии шумо аз имони умумиамон, аз имони шумо ва худам, тасаллӣ [«рӯҳбаландии тарафайн», ТДН] ёбам» (Рум. 1:11, 12). Ташрифҳои имрӯзаи нозирони сайёр ҳамин гуна имкониятҳоро барои рӯҳбаландии тарафайн фароҳам меоранд.
2. Чаро санаи ташрифи нозири ноҳиявиро барвақт эълон мекунанд?
2 Ҷамъомад. Санаи ташрифи нозири ноҳиявиро одатан ба ҷамъомад се моҳ пеш эълон мекунанд. Ин ба мо фурсати пешакӣ нақша кашиданро медиҳад, то аз ин чорабинӣ ба таври пурра манфиат гирем (Эфс. 5:15, 16). Агар шумо бо кори ҷамъиятӣ банд бошед, шояд ҷавоб ё рухсатӣ гирифта тавонед, то дар давоми ҳафта хидмати мавъизаро дастгирӣ кунед. Баъзеҳо дар моҳи ташрифи нозири ноҳиявӣ чун пешравони ёвар хидмат мекунанд. Агар қарори сафар доштед, оё метавонед нақшаатонро тағйир диҳед, то дар он ҳафта ғоиб набошед?
3. Шахсан ҳар яки мо дар давоми ташрифи нозири ноҳиявӣ ба ҷамъомад барои рӯҳбаланд гаштан чӣ кор карда метавонем?
3 Мақсади асосӣ аз ташрифи нозири ноҳиявӣ ба ҷамъомад рӯҳбаланд кардан ва таълими хидмати мавъиза мебошад. Метавонистед бо ӯ ё агар оиладор бошад, бо ҳамсараш ҳамкорӣ карданро хоҳиш намоед? Нозири ноҳиявӣ аз ҳамкорӣ бо воизони гуногун, аз ҷумла бо онҳое ки таҷрибаи камтар доранд ё маҳорати хидматашонро беҳтар кардан мехоҳанд, шод аст. Ҳама метавонанд аз пешниҳоди ӯ барои хидмати мавъиза чизе омӯзанд ва ҳар маслиҳатеро, ки вай хайрхоҳона шояд пешниҳод мекунад, қабул намоянд (1 Қӯр. 4:16, 17). Агар нозирро барои бо ҳам хӯрдани таом даъват намоед, ин имконияти дигари муоширати рӯҳбаландкунанда хоҳад буд (Ибр. 13:2). Азбаски нутқҳои ӯ бар ниёзҳои ҷамъомад мутобиқ карда шудаанд, бодиққат ба онҳо гӯш диҳед.
4. Нозири ноҳиявиамонро чӣ гуна дастгирӣ карда метавонем?
4 Нозири ноҳиявӣ. Павлуси расул дар аз сар гузаронидани мушкилиҳову дар ниёз доштан ба рӯҳбаландӣ аз дигар бародарони ҳамхидматаш фарқ надошт. (2 Қӯр. 11:26–28). Вақте ки ҷамъомади Рум аз омадани Павлус хабардор шуд, баъзеи онҳо то бозоргоҳи Опиюс масофаи 74 километрро тай намуда, ба истиқболи ӯ баромаданд. «Павлус онҳоро дида, ба Худо шукргузорӣ кард ва қавидил гашт» (Аъм. 28:15). Шумо низ, нозири ноҳиявиатонро ҳамин тавр рӯҳбаланд карда метавонед. Ӯро аз таҳти дил дастгирӣ намуда, бо ин ба вай «эҳтироми дучанд» зоҳир кунед (1 Тим. 5:17). Оиди хидмати нисбати шумо кардааш ба ӯ миннатдории самимиатонро баён ва зоҳир намоед. Ӯ ва ҳамсараш аз мушоҳидаи имон, муҳаббат ва устувории шумо шод хоҳанд шуд — 2 Тас. 1:3, 4.
5. Чаро ҳар яки мо имрӯзҳо ба рӯҳбаландӣ ниёз дорем?
5 Кӣ дар ин «замонҳои сахт» аз байни мо ба рӯҳбаландӣ эҳтиёҷ надорад? (2 Тим. 3:1). Дар ҳафтаи махсус бо нозири ноҳиявӣ ба таври пурра ҳамкорӣ карданро ҳоло қарор диҳед. Ҳамаи мо — ҳам нозирони сайёр ва ҳам воизон — барои рӯҳбаландии тарафайн саҳм гузошта метавонем. Ҳамин тавр, мо «ҳамдигарро тасаллӣ» дода, «якдигарро обод» мекунем — 1 Тас. 5:11.