Забур
ל [Ламед]
10 Чаро, эй Яҳува, дур меистӣ?
Чаро дар сахтиҳо худро пинҳон медорӣ?+
2 Шахси бадкору ҳавобаланд аз паси бечора сур мекунад,+
Лекин оқибат ба найрангҳои худаш гирифтор мешавад.+
נ [Нун]
Ӯ Яҳуваро хор медорад.
4 Шахси бадкору мағрур Худоро намеҷӯяд.
Ӯ доим дар дил мегӯяд: «Худо нест».+
5 Ҳама корҳояш барор меёбанд,+
Лекин ақлаш ба ҳукмҳои ту намерасад,+
Ӯ бар тамоми душманонаш писханд мезанад.
6 Ӯ дар дили худ мегӯяд: «Фурӯ нахоҳам ғалтид,
Ҳеҷ гоҳ бало бар сарам нахоҳад омад».+
פ [Пе]
8 Ӯ назди маҳалҳои зист пинҳон мешавад,
Аз камингоҳи худ бегуноҳро мекушад.+
ע [Айин]
Чашмонаш бечораро меҷӯянд, то ӯро як луқма кунад.+
9 Ӯ дар камингоҳ, мисли шер дар лонаи худ, интизор мешавад.+
Ӯ барои дастгир кардани бечора камин мегирад.
Ӯ бечораро ба доми худ кашида, ӯро дастгир мекунад.+
10 Бечораро афтонда сарнагун месозад
Ва мискинон ба чанголи пурзӯраш меафтанд.
11 Ӯ дар дил мегӯяд: «Худо фаромӯш кардааст,+
Рӯйи худро гардондааст.
Ӯ ҳеҷ гоҳ намебинад».+
ק [Коф]
12 Эй Яҳува, бархез!+ Худоям, дастатро бардор!+
Бечораро фаромӯш накун.+
13 Чаро бадкор Худоро беҳурмат сохтааст?
Ӯ дар дил мегӯяд: «Ту маро ҷазо нахоҳӣ дод».
ר [Реш]
ש [Шин]
16 Яҳува Подшоҳи ҳамешаҷовид аст.+
Халқҳо* бошанд, аз рӯйи замин нест шудаанд.+
ת [Тав]