1 Петрус
1 Ман, Петрус — расули+ Исои Масеҳ*, ба мусофироне менависам, ки дар Понтус, Ғалотия, Каппадукия,+ Осиё ва Битуния парокандаанд, яъне ба интихобшудагоне, ки 2 Падарамон Худо мувофиқи нияте, ки пешакӣ дошт,+ интихоб кардааст, ба онҳое, ки бо рӯҳ муқаддас гаштаанд,+ то итоаткор бошанд ва хуни Исои Масеҳ бар онҳо пошида шавад:+
Бигзор лутфу осоиштагӣ ба шумо боз ҳам бештар дода шавад!
3 Худо ва Падари Ҳазратамон Исои Масеҳро ҳамду сано бод, зеро ӯ аз раҳму дилсӯзии бисёр бо зинда кардани Исои Масеҳ+ моро дубора ба дунё оварда,+ ба мо умеди зинда+ 4 ва мероси нобуднашавандаву бенуқсону абадӣ бахшид.+ Ин мерос барои шумо дар осмон нигоҳ дошта мешавад,+ 5 барои касоне, ки бо имон ва бо қувваи Худо барои наҷоте, ки дар замони охир ошкор мешавад, дар паноҳанд. 6 Барои ҳамин шумо хеле хурсандед, гарчанд ҳоло лозим аст, ки ба муддати кӯтоҳ аз озмоишҳои гуногун ғамгин шавед,+ 7 то имони санҷидаатон+ дар вақти ошкор гаштани Исои Масеҳ+ ба шумо ҳамду сано, ҷалол ва сарбаландӣ орад. Чунин имон аз тиллое, ки бо оташ озмуда* мешаваду бо вуҷуди ин нобудшаванда аст, пурарзиштар мебошад. 8 Ҳарчанд шумо Масеҳро ҳеҷ гоҳ надидаед, дӯсташ медоред ва, агарчи ҳоло ӯро намебинед, ба ӯ имон дореду шодмонии бузургу ногуфтаниро соҳибед. 9 Ҳамин имон оқибат шуморо наҷот медиҳад.+
10 Пайғамбарон, ки лутфу марҳаматеро, ки бояд насиби шумо мешуд, пешгӯйӣ мекарданд, бо ғайрати зиёд таҳқиқу ҷустуҷӯ менамуданд, то ба маънои ин наҷот сарфаҳм раванд.+ 11 Онҳо тадқиқ менамуданд, ки он чӣ рӯҳ дар бораи Масеҳ мегӯяд, кай ва чӣ хел ба амал меояд, зеро рӯҳе, ки дар онҳо буд, пешакӣ шаҳодат дод,+ ки Масеҳро чӣ гуна азобу уқубат дар пеш аст+ ва чӣ тавр ӯ баъди ин ҷалол меёбад. 12 Ба он пайғамбарон ошкор шуд, ки паёме, ки онҳо пешгӯйӣ мекарданд, на барои худашон, балки барои шумост. Ҳоло ин паёмро ба шумо касоне эълон мекунанд, ки бо рӯҳи муқаддас, ки аз осмон фиристода шудааст, хушхабарро ба шумо расондаанд.+ Ба ин чизҳо ҳатто фариштагон орзу доранд назар андозанд.
13 Пас, камари ақли худро баста,+ дар ҳама чиз ҳушёр бошед.+ Ба лутфу марҳамате, ки дар вақти ошкор гаштани Исои Масеҳ ба шумо карда мешавад, умед бандед. 14 Чун фарзандони итоаткор бошед ва аз пайи хоҳишҳое, ки пештар, дар вақти нодониятон, доштед, наравед, 15 балки, чун Даъватгари Покатон дар тамоми рафтори худ поку муқаддас бошед,+ 16 чунки навишта шудааст: «Пок бошед, зеро ман пок ҳастам».+
17 Агар шумо ба Падар, ки ҳамаро мувофиқи рафтораш беғаразона+ доварӣ мекунад, муроҷиат кунед, пас, дар вақти мусофир буданатон дар тарси Худо рафтор намоед.+ 18 Худи шумо медонед, ки аз ҳаёти бемаъное, ки аз бобоёни худ мерос гирифтаед, на бо нуқра ё тиллои нобудшаванда озод гаштаед,+ 19 балки бо хуни пурарзиши Масеҳ,+ ки ба хуни барраи поку беайб+ монанд аст.+ 20 Худо ӯро пеш аз бунёди олам* интихоб карда буд,+ вале ӯ дар замони охир ба хотири шумо ошкор гашт.+ 21 Ба воситаи Масеҳ шумо ба Худо имон овардед,+ ки ӯ Масеҳро аз мурдагон зинда кард+ ва ҷалол дод,+ то ки шумо ба Худо имон ва умед дошта бошед.
22 Акнун ки шумо ба дониши ростӣ итоат карда худро барои бародардӯстии самимӣ+ пок гардондаед, якдигарро аз сидқи дил дӯст доред.+ 23 Бидонед, ки шумо на аз тухмии нобудшаванда, балки аз тухмии нобуднашаванда+ ва каломи Худои зиндаву ҷовид+ дубора ба дунё омадаед.+ 24 Охир, «одамизод монанди алаф аст ва тамоми ҷалоли он мисли гули саҳрост; алаф хушк мешавад ва гул мерезад, 25 вале каломи Яҳува то абад мемонад».+ Ин «калом» ҳамон хушхабарест, ки ба шумо эълон шудааст.+