МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 4
Меҳри худро ба якдигар зиёд гардонед
«Ба якдигар меҳру муҳаббати бародарона дошта бошед» (РУМ. 12:10).
СУРУДИ 25 Исботи шогирди Масеҳ будани мо
ПЕШГУФТОРa
1. Чӣ тавр имрӯз дар оилаҳо норасоии меҳр ба чашм мерасад?
ДАР Китоби Муқаддас пешгӯйи шуда буд, ки дар охирзамон одамон «бемеҳр» мешаванд (2 Тим. 3:1, 3). Мо имрӯз иҷрошавии ин пешгӯйиро мебинем. Масалан, чандин миллион оилаҳо аз сабаби ҷудошавӣ алоҳида зиндагӣ мекунанд, волидон аз якдигар қаҳриянд ва фарзандон ҳис мекунанд, ки касе онҳоро дӯст намедорад. Ҳатто баъзе оилаҳое, ки дар як хона зиндагӣ доранд, бо ҳам муносибати наздик надоранд. Як коршиноси соҳаи оила мегӯяд: «Аъзоёни оила — модар, падар ва фарзандон ба ҷойи бо ҳам муошират кардан, ҳар яке алоҳида дар сари компютер аст ё бо телефони худ банд ё саргарми бозии электронист. Онҳо зери як бом зиндагӣ кунанд ҳам, аз ҳаёти якдигар хуб бохабар нестанд».
2, 3. а) Мувофиқи Румиён 12:10 мо киро чун аъзои оилаамон бояд дӯст дорем? б) Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?
2 Мо намехоҳем, ки мисли бисёр одамони ин ҷаҳон бемеҳр бошем (Рум. 12:2). Баръакс, мо ба наздикони худ ва ҳамчунин нисбати бародару хоҳарони ҷамъомад муҳаббати бештар инкишоф додан мехоҳем. (Румиён 12:10-ро хонед.) Мо бояд оилаи рӯҳониамонро мисли аъзои оилаи худ самимона дӯст дорем. Бо зоҳир кардани чунин муҳаббат мо ягонагиро дар ҷамъомад нигоҳ медорем, ки ин қисми муҳими ибодати ҳақиқӣ аст (Мико 2:12).
3 Биёед ҳоло баъзе мисолҳои дар Китоби Муқаддас овардашударо дида бароем, ки дар инкишоф додан ва зоҳир кардани чунин муҳаббат ба мо кӯмак мекунанд.
«ЯҲУВА ХЕЛЕ МЕҲРУБОН АСТ»
4. Яъқуб 5:11 ба мо дар бораи муҳаббати Яҳува чиро ошкор мекунад?
4 Китоби Муқаддас ба мо бисёр хислатҳои зебои Яҳуваро ошкор мекунад. Масалан, дар он гуфта шудааст, ки «Худо муҳаббат аст» (1 Юҳ. 4:8). Аллакай худи ин як хислаташ моро ба Яҳува ҷалб мекунад. Вале дар Навиштаҳо инчунин гуфта шудааст, ки Яҳува «хеле меҳрубон» аст. (Яъқуб 5:11-ро хонед.) Ин ибора равшан нишон медиҳад, ки Яҳува нисбати мо то чӣ андоза ҳиссиёти гарму самимӣ дорад!
5. Яҳува чӣ тавр раҳмдилӣ зоҳир мекунад ва мо чӣ тавр ба Ӯ пайравӣ карда метавонем?
5 Аҳамият диҳед, ки дар Яъқуб 5:11 меҳрубонии Яҳува бо раҳмдилӣ, ки боз як хислати ҷолиби Ӯ мебошад, алоқаманд карда шудааст (Хур. 34:6). Яҳува раҳмдилиашро масалан, бо он нишон медиҳад, ки хатоҳои моро мебахшад (Заб. 50:3). Дар Китоби Муқаддас раҳмдилӣ на танҳо маънои бахшидани хатоҳоро дорад. Раҳмдилӣ ҳиссиёти пурзӯр аст ва он шахсро водор мекунад, ки ба касе, ки азоб кашида истодааст, кӯмак кунад. Яҳува мефаҳмонад, ки раҳму шафқати Ӯ нисбати мо ҳатто аз ҳиссиёте, ки модар ба кӯдакаш дорад, бисёртар аст (Иш. 49:15). Вақте мо аз душворие азоб мекашем, Яҳува аз раҳмдилӣ ба мо ёрӣ медиҳад (Заб. 36:39; 1 Қӯр. 10:13). Мо ҳам ба бародару хоҳарон раҳмдилӣ зоҳир карда метавонем. Масалан, вақте онҳо моро хафа мекунанд, агар онҳоро бахшем ва нисбаташон кина нагирем (Эфс. 4:32). Вале асосан раҳмдилии мо дар он аён мегардад, ки ҳамимононро дар вақти бо душвориҳо дучор шуданашон дастгирӣ кунем. Вақте мо ба дигарон раҳму шафқат зоҳир мекунем, мо ба Яҳува пайравӣ мекунем, зеро Ӯ дар раҳмдилӣ намунаи олитарин нишон медиҳад (Эфс. 5:1).
ЙӮНОТОН ВА ДОВУД ДӮСТОНИ ҶОНӢ БУДАНД
6. Дар бораи дӯстии Йӯнотон ва Довуд нақл кунед.
6 Китоби Муқаддас инчунин оиди одамони нокомил нақл мекунад, ки ба якдигар меҳру рафоқат зоҳир мекарданд. Дар бораи мисоли Йӯнотон ва Довуд фикр кунед. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Йӯнотон Довудро «мисли ҷони худ дӯст дошт» ва онҳо бо ҳам дӯсти қарин шуданд (1 Подш. 18:1). Яҳува Довудро интихоб кард, то ба ҷойи Шоул подшоҳ шавад. Баъдтар, Шоул ба Довуд нафрат пайдо кард ва хост ӯро кушад. Ӯ бераҳмона Довудро таъқиб мекард, вале писараш Йӯнотон дар ин кор ба вай ҳамроҳ нашуд. Йӯнотон ва Довуд аҳд бастанд, ки бо ҳам дӯст мемонанд ва ҳамеша якдигарро дастгирӣ мекунанд (1 Подш. 20:42).
7. Яке аз омилҳое, ки ба дӯстии Йӯнотону Довуд монеъ шуда метавонист, кадом буд?
7 Рафоқат байни Довуд ва Йӯнотон ҷолиби диққат аст, зеро дар асл баъзе омилҳо ба дӯст шудани онҳо монеъ шуда метавонист. Масалан, Йӯнотон аз Довуд қариб 30 сол калон буд. Йӯнотон чунин фикр карданаш мумкин буд, ӯ куҷову ин бачаи ҷавони камтаҷриба куҷо; байни онҳо ҳеҷ гуна дӯстӣ буда наметавонад. Вале Йӯнотон Довудро аз худаш паст намеҳисобид, вай ӯро хеле ҳурмат мекард.
8. Ба фикратон, барои чӣ Йӯнотон бо Довуд ин қадар дӯсти хуб буд?
8 Дар дили Йӯнотон нисбати Довуд рашку ҳасад пайдо шуданаш мумкин буд. Йӯнотон чун писари подшоҳ метавонист таъкид кунад, ки аслан ӯ ҳақ дорад тахти подшоҳиро мерос гирад (1 Подш. 20:31). Вале Йӯнотон марди фурӯтан буд ва ба Яҳува содиқ мемонд. Аз ин рӯ вай Довудро чун шоҳи интихобкардаи Яҳува дастгирӣ мекард. Ва ӯ ба Довуд низ вафодор мемонд, ҳатто нигоҳ накарда ба он ки падараш аз дӯстии ӯву Довуд ба қаҳр меомад (1 Подш. 20:32–34).
9. Оё Йӯнотон ба Довуд чун рақиб муносибат мекард? Фаҳмонед.
9 Йӯнотон Довудро самимона дӯст медошт, барои ҳамин ӯро рақиб намедонист. Йӯнотон камонвари моҳир ва паҳлавон буд. Дар байни халқ ӯ ва падараш Шоул чун ҷанговарони «аз уқобон чобуктар» ва «аз шерон пурзӯртар» машҳур буданд (2 Подш. 1:22, 23). Аз ин рӯ Йӯнотон аз қаҳрамониҳояш фахр ва манманӣ карда метавонист. Лекин ӯ талош намекард, ки аз Довуд беҳтар бошад ва аз корнамоиҳои Довуд ба хашм намеомад. Баръакс, вай аз он шодӣ мекард, ки Довуд далер аст ва ба Яҳува такя мекунад. Масалан, баъди он ки Довуд Ҷолётро кушт, Йӯнотон ӯро баробари ҷони худ дӯст дошт. Чӣ тавр мо низ нишон дода метавонем, ки бародару хоҳаронамонро аз дилу ҷон дӯст медорем?
ЧӢ ТАВР МЕҲРИ САМИМӢ ЗОҲИР КУНЕМ?
10. Дигаронро «аз сидқи дил дӯст» доштан чӣ маъно дорад?
10 Китоби Муқаддас моро ташвиқ мекунад, ки «якдигарро аз сидқи дил дӯст» дорем (1 Пет. 1:22). Яҳува дар ин ба мо намунаи ибрат аст. Ӯ моро чунон сахт дӯст медорад, ки агар мо ба Ӯ содиқ монем, ҳеҷ чиз моро аз муҳаббати Ӯ ҷудо карда наметавонад (Рум. 8:38, 39). Ибораи юноние, ки «аз сидқи дил» тарҷума шудааст, маънои онро дорад, ки барои дӯст доштани дигарон шахс бояд бисёр саъю кӯшиш кунад. Баъзан ба бародару хоҳарон муҳаббат зоҳир кардан осон нест. Вақте дигарон моро хафа мекунанд, мо бояд «якдигарро бо муҳаббат тоқат» кунем ва ҳамчунин бисёр кӯшиш кунем, ки ягонагӣ ва сулҳу осоиштагиро нигоҳ дорем (Эфс. 4:1–3). Агар мо барои бо ҳамимонон нигоҳ доштани сулҳу осоиштагӣ сахт кӯшиш кунем, мо диққатро ба хатогиву камбудиҳои онҳо равона намекунем, балки ҳаракат мекунем ба онҳо бо чашми Яҳува нигарем (1 Подш. 16:7; Заб. 129:3).
11. Чаро баъзан меҳрубон будан душвор буда метавонад?
11 Баъзан вақт бо ҳамимонон меҳрубон будан душвор аст, хусусан агар мо камбудиҳои онҳоро донем. Аз афташ, дар байни баъзе масеҳиёни асри як чунин душворӣ буд. Масалан, ба хоҳарон Авҳӯдия ва Сунтихӣ бо Павлус дар мавъизаи хушхабар ҳамкорӣ кардан аз афташ душвор набуд. Вале аз баъзе сабабҳо онҳо бо якдигар муросо карда наметавонистанд. Барои ҳамин Павлус онҳоро насиҳат кард, ки «дар хизмати Сарвар ҳамфикр бошанд» (Флп. 4:2, 3).
12. Барои бо бародару хоҳарон муносибат наздик пайдо кардан ва дӯст шудан чӣ ёрӣ дода метавонад?
12 Имрӯз мо чӣ кор карда метавонем, то бо бародару хоҳарон муносибати наздик ва дӯстона инкишоф диҳем? Вақте мо онҳоро хубтар мешиносем, мо вазъияти онҳоро беҳтар мефаҳмем ва меҳрамон ба онҳо зиёдтар мегардад. Барои бо ҳам дӯст шудан синну сол ё маданият набояд монеа шавад. Ба хотир оред, ки Йӯнотон аз Довуд қариб 30 сол калон буд; вале ӯ бо вай ҷӯраи наздик шуд. Оё дар ҷамъомадатон шахси аз шумо калонтар ё ҷавонтаре ҳаст, ки бо ӯ дӯст шуда метавонистед? Бо чунин шахсон дӯстӣ карда шумо нишон медиҳед, ки ҳамаи бародару хоҳаронро дӯст медоред (1 Пет. 2:17).
13. Чаро дар ҷамъомад мо шояд бо баъзеҳо назар бо дигарон муносибати наздиктар дорем?
13 Оё ба ҳамимонон муҳаббат доштан маънои онро дорад, ки мо бо ҳар як аъзои ҷамъомад дӯсти наздик шавем? Не, ин имконнопазир аст. Шояд мо ва баъзе бародарону хоҳарон ба як чиз шавқу рағбат дорем, аз ин сабаб бо онҳо бисёртар муошират кардан мехоҳем. Ва ин ягон ҷойи бадӣ надорад. Исо низ ҳар як расулашро «дӯст» меномид, вале ба Юҳанно меҳри хоса дошт (Юҳ. 13:23; 15:15; 20:2). Бо вуҷуди ин Исо рӯйбинӣ намекард ва ба Юҳанно аз дигарон дида беҳтар муносибат намекард. Масалан, вақте Юҳанно ва бародараш Яъқуб аз Исо дар Подшоҳиаш ҷойҳои намоёнро пурсиданд, Исо ба онҳо гуфт: «Муайян кардани он ки дар тарафи рост ё чапи ман кӣ мешинад, дар ихтиёри ман нест» (Марқ. 10:35–40). Мисли Исо мо набояд ба дӯстони наздикамон аз дигарон дида беҳтар муносибат кунем (Яъқ. 2:3, 4). Ин гуна рафтор байни аъзои ҷамъомад ҷудоӣ меандозад, ки мо ба ин асло набояд роҳ диҳем (Яҳд. 17–19).
14. Мувофиқи Филиппиён 2:3 чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба рақобатпарастӣ дода нашавем?
14 Вақте мо ба якдигар муҳаббати бародарона зоҳир мекунем, ҷамъомадро аз рӯҳияи рақобатпарастӣ муҳофизат мекунем. Ба ёд оред, ки Йӯнотон ба Довуд ҳасад намебурд ва дар гирифтани тахти подшоҳӣ бо ӯ рақобат намекард. Ҳамаи мо аз Йӯнотон ибрат гирифта метавонем. Ба бародару хоҳарон барои маҳорату қобилияташон ҳасад набаред, «балки бо фурӯтанӣ дигаронро аз худ боло донед». (Филиппиён 2:3-ро хонед.) Дар хотир доред, ки ҳар яки мо бо ин ё он роҳ дар ободии ҷамъомад саҳм гузошта метавонем. Агар мо фурӯтан монем, дар бародару хоҳарон хислатҳои некро дида метавонем ва аз онҳо ибрат мегирем (1 Қӯр. 12:21–25).
15. Шумо аз воқеае, ки бо Таня ва оилааш рӯй дод, чӣ меомӯзед?
15 Вақте мо бо душвориҳои ногаҳонӣ дучор мешавем, Яҳува ба воситаи меҳрубонии бародару хоҳарон ва кӯмаки амалии онҳо моро дастгирӣ мекунад. Воқеаеро, ки бо як оила рӯй дод, мисол меорем. Он соли 2019 дар Иёлоти Муттаҳида, рӯзи шанбе баъди анҷумани байналхалқии «Муҳаббат ҳеҷ гоҳ аз байн намеравад!» рӯй дода буд. «Баъди анҷуман мо бо мошин ба меҳмонхона бармегаштем,— мегӯяд Таня, модари се фарзанд. Ногаҳон ронандае мошинашро идора карда натавониста ба роҳи мо тоб хӯрд ва ба мошини мо омада зад. Ҳеҷ кадоми мо зарар надидем, вале сахт тарсидем. Мо аз мошин баромада дар берун, дар роҳи мошингард истодем. Ҳамин вақт мошине дар канори роҳ истод ва аз даруни он касе моро бо дастонаш имо карда ҷеғ зад, ки ба мошини ӯ савор шавем, чунки дар роҳи истодан хатарнок буд. Ин бародаре буд, ки ӯ ҳам баъди анҷуман бармегашт. На танҳо ӯ мошинашро дошта ба мо кӯмак кардан хост. Боз панҷ бародару хоҳари дигар, ки аз Шветсия буданд, моро дида мошинашонро доштанд. Хоҳарон ману духтарамро гарм ба оғӯш гирифтанд ва дили мо хеле ором шуд. Ман ба бародару хоҳарон гуфтам, ки мо соқу саломатем ва онҳо метавонанд роҳашонро давом диҳанд, вале онҳо нарафтанд. Ҳатто баъди расида омадани ёрии таъҷилӣ онҳо бо мо монданд ва хостанд ҳар кӯмаки лозимаро расонанд. Дар он лаҳзаҳои душвор мо ғамхории Яҳуваро ҳис кардем. Баъди ин воқеа муҳаббати мо ба бародару хоҳарон боз ҳам қавитар шуд ва муҳаббату миннатдории мо ба Яҳува зиёдтар гашт». Оё шумо низ воқеаеро аз ҳаётатон ба хотир оварда метавонед, ки ба кӯмак мӯҳтоҷ будеду он вақт ягон ҳамимон меҳрубонона ба шумо ёрдам кард?
16. Бо зоҳир кардани муҳаббати бародарӣ мо чӣ натиҷаҳои нек ба даст меорем?
16 Фикр кунед, ки вақте мо ба якдигар меҳру муҳаббат зоҳир мекунем, кадом натиҷаҳои нек ба даст меояд. Масалан, бо ин роҳ мо бародару хоҳаронро дар вақти мушкилиҳояшон тасаллӣ медиҳем. Ягонагиро дар байни халқи Худо устувор месозем. Муҳаббати байни мо нишон медиҳад, ки мо шогирдони ҳақиқии Исо ҳастем ва ин одамони самимиро ба ибодати ҳақиқӣ ҷалб мекунад. Аз ҳама муҳимаш, мо Яҳуваро, ки «Сарчашмаи раҳму шафқат ва Худои ҳар тасалло мебошад», ҷалол медиҳем (2 Қӯр. 1:3). Биёед минбаъд низ муҳаббати бародаронаро дар худ инкишоф диҳем ва онро зоҳир кунем!
СУРУДИ 35 Барои пурсабрии Худо сипосгузорем
a Исо гуфт, ки одамон шогирдонашро аз рӯйи муҳаббате, ки нисбати ҳамдигар доранд, хоҳанд шинохт. Ҳамаи мо кӯшиш мекунем, ки чунин муҳаббатро зоҳир кунем. Мо бояд бародару хоҳаронро чун аъзои оилаи худ дӯст доштанро ёд гирем. Ин мақола ба мо кӯмак мекунад, ки меҳри худро ба ҳамимонон зиёд кунем ва онро нигоҳ дорем.
b ШАРҲИ РАСМ: Пири ҷавон таҷрибаеро, ки аз пири калонсол омӯхта буд, ба кор бурда истодааст. Дар расми дигар пири калонсол он бародари ҷавон ва ҳамсарашро ба хонааш ба меҳмонӣ қабул карда истодааст.