Луқо
13 Он вақт баъзе аз ҳозирон дар бораи ҷалилиёне, ки Пилотус кушта, хунашонро бо хуни қурбониҳояшон омехта буд, ба Исо нақл карданд. 2 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Гумон мекунед онҳо аз ҳамаи ҷалилиёни дигар гунаҳкортар буданд, ки чунин бало ба сарашон омад? 3 Ба шумо мегӯям, ки не, вале, агар тавба накунед, ҳамаи шумо ҳамин тавр нобуд мешавед.+ 4 Ё, ба фикри шумо, он 18 нафаре, ки дар Шилӯаҳ бурҷ* ба болояшон чаппа шуда онҳоро нобуд кард, назар ба дигар сокинони Ерусалим зиёдтар айбдор буданд? 5 Ба шумо мегӯям, ки не, вале, агар тавба накунед, ҳамаи шумо монанди онҳо нобуд мешавед».
6 Сипас ӯ чунин мисоле овард: «Марде дар токзори худ дарахти анҷир шинонда буд. Рӯзе вай омад, то дар он мевае пайдо кунад, вале чизе наёфт.+ 7 Он гоҳ ӯ ба токпарвари худ гуфт: “Се сол мешавад, ки ман омада, аз ин дарахт мевае пайдо кардан мехоҳам, вале чизе намеёбам. Онро бурида парто! Заминро беҳуда банд кардани он чӣ лозим?!” 8 Токпарвар дар ҷавоб гуфт: “Хӯҷаин, мон, ки он боз як соли дигар истад, то гирдашро побел карда, ба заминаш пору андозам. 9 Агар мева диҳад, хеле хуб, агар надиҳад, онро бибур”».+
10 Дар яке аз рӯзҳои шанбе Исо дар ибодатхонае мардумро таълим медод. 11 Дар он ҷо зане буд, ки 18 сол боз дар банди рӯҳи нопок буда, гирифтори беморӣ буд. Миёни он зан хам гашта буд ва ӯ қоматашро рост карда наметавонист. 12 Вақте Исо вайро дид, чунин гуфт: «Эй зан, аз беморият озод гаштӣ»,+ 13 ва дастҳояшро бар ӯ гузошт. Ҳамон лаҳза қомати зан рост шуд ва ӯ Худоро ҷалол дод. 14 Вале нозири ибодатхона, аз он ки Исо дар рӯзи шанбе шифо дод, ба қаҳр омада ба мардум гуфт: «Шаш рӯз ҳаст, ки дар онҳо кор кардан мумкин аст,+ дар ҳамон рӯзҳо омада, шифо ёбед, на дар рӯзи шанбе».+ 15 Ҳазрат бошад, дар ҷавоб гуфт: «Эй дурӯяҳо,+ магар ҳар яки шумо дар рӯзи шанбе банди буққа ё харатонро кушода, онро обдиҳӣ намебаред?+ 16 Магар ин зан, ки духтари Иброҳим асту 18 сол боз дар банди Шайтон аст, набояд дар рӯзи шанбе аз ин бандҳо озод шавад?» 17 Вақте ӯ инро гуфт, ҳамаи онҳое, ки ба ӯ зид буданд, дар хиҷолат монданд, тамоми мардум бошад, аз корҳои аҷоиби ӯ шодӣ мекарданд.+
18 Исо суханашро давом дода гуфт: «Подшоҳии Худо ба чӣ монанд аст ва онро бо чӣ муқоиса кунам? 19 Он монанди донаи хардалест*, ки касе онро гирифта, дар боғаш шинонд. Он қад кашида, дарахте шуд ва парандаҳои осмон дар шохаҳояш лона гузоштанд».+
20 Ӯ боз чунин гуфт: «Подшоҳии Худоро бо чӣ муқоиса кунам? 21 Он монанди хамиртурушест, ки зане онро гирифта, бо орди бисёр* хамир кард ва он тамоми хамирро расонд».+
22 Исо, ки сӯйи Ерусалим равона буд, ба шаҳрҳо ва қишлоқҳо даромада, одамонро таълим медод. 23 Касе аз ӯ пурсид: «Ҳазрат, оё онҳое, ки наҷот меёбанд, каманд?» Ӯ ба онҳо гуфт: 24 «Зӯр занед, ки аз дари танг дароед,+ зеро ба шумо мегӯям, ки бисёриҳо ба даромадан кӯшиш хоҳанд кард, аммо нахоҳанд тавонист. 25 Вақте ки соҳиби хона хеста, дарро қулф мекунад, шумо аз берун истода, дарро мекӯбед ва мегӯед: “Тақсир, дарро ба мо кушо”.+ Вале ӯ ҷавоб медиҳад: “Ман шуморо намешиносам”. 26 Он гоҳ шумо мегӯед: “Мо дар пеши ту мехӯрдему менӯшидем ва ту дар сари кӯчаҳои калони мо таълим медодӣ”.+ 27 Лекин вай ба шумо мегӯяд: “Ман намедонам, ки шумо аз куҷоед. Аз ман дур шавед, эй бадкорон!” 28 Вақте мебинед, ки Иброҳим, Исҳоқ, Яъқуб ва ҳамаи пайғамбарон дар Подшоҳии Худоянд, лекин шумо берун ронда шудаед, гиря мекунеду дандон мехоед.+ 29 Беш аз ин, одамон аз шарқу ғарб ва шимолу ҷануб омада, дар Подшоҳии Худо дар сари дастархон мешинанд. 30 Бале, баъзе аз онҳое, ки охиринанд, аввалин мешаванду баъзе аз онҳое, ки аввалинанд, охирин».+
31 Ҳамон соат баъзе фарисиён омада, ба ӯ гуфтанд: «Аз ин ҷо баромада рав, зеро Ҳиродус* туро куштан мехоҳад». 32 Ӯ ба онҳо гуфт: «Рафта, ба он рӯбоҳ бигӯед: “Ман имрӯзу пагоҳ девҳоро берун мекунам, одамонро шифо медиҳам ва дар рӯзи сеюм корамро ба охир мерасонам”. 33 Лекин имрӯз, пагоҳ ва рӯзи сеюм ман бояд роҳи худро давом диҳам, зеро ин тавр шуда наметавонад, ки пайғамбар берун аз Ерусалим кушта шавад.+ 34 Оҳ Ерусалим, Ерусалим, шаҳре, ки пайғамбаронро мекушӣ ва онҳоеро, ки наздат фиристода шудаанд, сангсор мекунӣ!+ Чанд бор хостам кӯдаконатро ҷамъ орам, чи тавре ки мурғ чӯҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, аммо ту нахостӣ.+ 35 Инак, Худо ин хонаро* тарк мекунад.+ Ба шумо мегӯям, ки дигар маро намебинед, то даме ки нагӯед: “Барака ёбад касе, ки ба номи Яҳува меояд!”»+