2 Петрус
2 Аммо, чуноне ки дар байни халқи Исроил пайғамбарони бардурӯғ буданд, дар миёни шумо ҳам муаллимони бардурӯғ пайдо мешаванд.+ Ин шахсон пинҳонӣ мазҳабҳои* харобиоварро ташкил медиҳанд. Онҳо ҳатто аз оне, ки онҳоро харидаасту соҳибашон мебошад, рӯ мегардонанд+ ва оқибат зуд гирифтори нобудӣ мегарданд. 2 Ғайр аз ин, бисёриҳо ба беҳаёгии* онҳо пайравӣ мекунанд+ ва аз барои онҳо роҳи ростӣ гирифтори бадгӯйӣ мешавад.+ 3 Ҳамчунин онҳо аз рӯйи чашмгушнагияшон бо суханони фиребанда шуморо истифода мебаранд. Вале ҳукме, ки ба онҳо аз замонҳои пеш бароварда шудааст,+ дер намекунад ва нобудияшон хоб нарафтааст.+
4 Худо фариштагонеро, ки гуноҳ карданд, беҷазо намонд,+ балки онҳоро ба тартарус* партофт+ ва занҷирбанд карда,* барои доварӣ дар зулмоти тор нигоҳ дошт.+ 5 Ӯ дунёи қадимро беҷазо намонда,+ бар ҷаҳони одамони худобехабар тӯфон овард.+ Вале Нӯҳ — паёмбари ростиро,+ ҳамроҳи ҳафт нафари дигар наҷот дод.+ 6 Ҳамчунин Худо шаҳрҳои Садӯм ва Амӯроро ҷазо дода, ба хокистар табдил дод+ ва бо ин ба худобехабарон нишон дод, ки дар оянда онҳоро чӣ интизор аст.+ 7 Вале Лути росткорро, ки аз беҳаёгии* одамони бадкор ҷонаш ба танг омада буд, халос кард,+ 8 зеро ин марди росткор дар миёни онҳо зиндагӣ карда, рафтори бадашонро медиду мешунид ва аз ин сабаб ҳар рӯз азият мекашид. 9 Пас, Яҳува медонад, ки чӣ тавр худотарсонро аз озмоиш халос кунаду+ бадкоронро барои несту нобуд кардан то рӯзи доварӣ нигоҳ дорад,+ 10 махсусан онҳоеро, ки дар пайи нопок гардонидани ҷисми дигаронанд+ ва ҳокимиятро хор медоранд.+
Онҳо худбоварону саркашонеянд, ки натарсида ҷалолёфтагонро бадгӯйӣ мекунанд, 11 ҳол он ки ҳатто фариштагон, ки дар қуввату тавоноӣ аз он муаллимони бардурӯғ бузургтаранд, аз эҳтиром ба Яҳува онҳоро бо суханони пасту баланд айбдор намекунанд.+ 12 Ин одамон бошанд, чун ҳайвонҳои бефаҳме, ки аз рӯйи майли табиӣ рафтор мекунанд ва барои ба дом афтодану нобуд гаштан таваллуд шудаанд, дар ҳаққи чизҳое, ки намефаҳманд, суханони бад мегӯянд.+ Рафтори бадашон оқибат онҳоро ба нестӣ мебарад 13 ва онҳо барои корҳои бадашон ҷазо мегиранд.
Ин шахсон ҳатто дар рӯзи равшан қонеъ кардани нафсашонро роҳат медонанд.+ Онҳо, ки мисли доғу нуқсонанд, дар зиёфатҳо бо шумо нишаста, аз таълимоти фиребандаашон ҳаловат мебаранд.+ 14 Чашмонашон пур аз зиност*+ ва аз гуноҳ худдорӣ карда наметавонанд; онҳо касони ноустуворро ба дом меафтонанд. Онҳо фарзандони лаънатёфтаанд, ки дилашон ба чашмгушнагӣ омӯхта шудааст. 15 Ин одамон роҳи ростро монда, гумроҳ шудаанд ва аз пайи Билъом,+ писари Баӯр, рафтаанд, ки музди бадкориро дӯст медошт,+ 16 вале бадкорияш ба ӯ маълум гашт,+ вақте хари безабон бо овози одамӣ ба гап даромада, ин пайғамбарро аз рафтори беақлона боздоштанӣ шуд.+
17 Ин одамон чашмаҳои беоб ва абрҳои беборонанд, ки бо тӯфон ронда мешаванд, ва торикии зулмот барояшон нигоҳ дошта шудааст.+ 18 Онҳо суханони беҳудаи дабдабанок ба забон меоранд ва бо беҳаёгӣ* нафси касонеро, ки навакак аз гумроҳон халос шудаанд, бедор карда,+ онҳоро ба дом меафтонанд.+ 19 Ба онҳо озодиро ваъда медиҳанд, ҳол он ки худашон ғуломи бадахлоқиянд.+ Охир, шахс ғуломи он касест*, ки ӯро мағлуб мекунад.+ 20 Дар ҳақиқат, агар ин шахсон ба воситаи дониши дақиқ дар бораи Ҳазрат ва Наҷотбахшамон Исои Масеҳ аз нопокии ҷаҳон халос шуда,+ аз нав саргарму побанди ин корҳо шаванд, оқибати онҳо аз ҳолати аввалаашон бадтар мешавад.+ 21 Барои онҳо беҳтар буд, ки дар бораи роҳи ростӣ дониши дақиқ нагиранд, назар ба он ки баъди донистани ин роҳ аз амри муқаддасе, ки гирифта буданд, рӯй гардонанд.+ 22 Он чӣ бо онҳо рӯй дод, ҳақ будани ин зарбулмасалро исбот мекунад: «Саг ба қайи худ баргашт ва хук баъди шустушӯй рафта, дар лойқа ғел зад».+