1 Мӯсо
1 Дар аввал Худо осмон ва заминро офарид.+
2 Замин ноободу холӣ буд ва обҳои* рӯйи заминро торикӣ фаро гирифта буд ва рӯҳи* Худо+ бар рӯйи обҳо+ ҳаракат мекард.
3 Худо гуфт: «Рӯшноӣ бишавад», ва рӯшноӣ шуд.+ 4 Худо дид, ки рӯшноӣ хуб аст, ва рӯшноиро аз торикӣ ҷудо кард. 5 Худо рӯшноиро «рӯз» ва торикиро «шаб»+ номид. Шом буду саҳар буд: рӯзи якум.
6 Худо гуфт: «Бигзор дар байни обҳо фазое+ бошад ва обҳоро аз ҳам ҷудо кунад»,+ 7 ва чунин шуд. Худо он фазоро ба вуҷуд овард ва обҳои зери фазоро аз обҳои болои он ҷудо кард.+ 8 Худо он фазоро «осмон» номид. Шом буду саҳар буд: рӯзи дуюм.
9 Худо гуфт: «Бигзор обҳои зери осмон дар як ҷо ҷамъ шаванд ва хушкӣ намоён гардад»,+ ва чунин шуд. 10 Худо хушкиро «замин»+ ва ҷамъи обҳоро «баҳрҳо»+ номид. Худо дид, ки хуб аст,+ 11 ва гуфт: «Бигзор замин алаф, растаниҳои тухмдор ва дарахтони мевадореро бирӯёнад, ки мувофиқи ҷинси худ тухм меоваранду мева медиҳанд», ва чунин шуд. 12 Замин алаф, растанӣ+ ва дарахтоне рӯёнид, ки мувофиқи ҷинси худ тухму мева меоварданд, ва Худо дид, ки хуб аст. 13 Шом буду саҳар буд: рӯзи сеюм.
14 Худо гуфт: «Бигзор дар фазои осмон ҷисмҳои* дурахшанда+ бошанд, то рӯзро аз шаб ҷудо кунанд+ ва мавсимҳо, рӯзҳо ва солҳоро нишон диҳанд+ 15 ва ин ҷисмҳо аз фазои осмон бар замин нур пошанд», ва чунин шуд. 16 Худо ду ҷисми бузурги осмониро сохт,* ҷисми калонтарро, барои он ки рӯзона дурахшад,+ ва ҷисми хурдтарро, барои он ки шабона дурахшад. Ӯ инчунин ситорагонро+ сохт.* 17 Худо онҳоро дар фазои осмон ҷойгир кард, то бар замин нур пошанд, 18 то рӯзонаву шабона дурахшанд ва рӯшноиро аз торикӣ ҷудо кунанд+ ва Худо дид, ки хуб аст. 19 Шом буду саҳар буд: рӯзи чорум.
20 Худо гуфт: «Бигзор обҳо аз ҷонварони зинда пур шаванд ва бигзор ҷонварони болдор дар фазои осмон бар рӯйи замин парвоз кунанд».+ 21 Худо ҷонварони калонҷуссаи баҳрӣ ва ҳар як ҷонвареро, ки дар обҳо шино мекунад ва обҳо аз онҳо пур аст, мувофиқи ҷинсашон офарид. Ӯ ҳар ҷонвари болдорро мувофиқи ҷинсаш офарид ва Худо дид, ки хуб аст. 22 Худо онҳоро баракат дод ва гуфт: «Серфарзанду сершумор шавед, оби баҳрҳоро+ пур кунед ва бигзор ҷонварони болдор дар замин пур шаванд». 23 Шом буду саҳар буд: рӯзи панҷум.
24 Худо гуфт: «Бигзор замин ҷонварони зиндаро мувофиқи ҷинсашон, ҳайвоноти хонагӣ, хазанда* ва ваҳширо мувофиқи ҷинсашон берун оварад»,+ ва чунин шуд. 25 Худо ҳайвонҳои ваҳшии заминро мувофиқи ҷинсашон, ҳайвонҳои хонагиро мувофиқи ҷинсашон ва тамоми ҳайвонҳои хазандаро мувофиқи ҷинсашон ба вуҷуд овард ва Худо дид, ки хуб аст.
26 Сипас Худо гуфт: «Одамро ба сурати+ худамон ва монанди+ худамон бисозем+ ва бигзор ӯ бар моҳиёни баҳр, бар парандагони осмон, бар ҳайвоноти хонагӣ, бар тамоми замин ва бар тамоми ҳайвоноти хазандае, ки бар замин аст, ҳукмфармо бошад».+ 27 Худо одамро ба сурати худ офарид, ӯро ба сурати Худо офарид; онҳоро марду зан офарид.+ 28 Баъд Худо онҳоро баракат доду гуфт: «Серфарзанду сершумор шавед ва заминро пур кунед+ ва онро соҳибӣ намоед+ ва бар моҳиёни баҳр, парандагони осмон ва ҳар ҷонвари зиндае, ки бар замин ҳаракат мекунад, ҳукмфармо+ бошед».
29 Худо гуфт: «Инак, ман ҳар растании тухмдореро, ки бар тамоми рӯйи замин аст, ва ҳар дарахтеро, ки меваи тухмдор меорад, барои хӯрдан ба шумо додам.+ 30 Ба ҳар ҳайвони ваҳшии рӯйи замин, ба ҳар парандаи осмон ва ҳар ҷонвари зиндае, ки бар замин ҳаракат мекунад, ман тамоми алафи сабзро барои хӯрдан додам»,+ ва чунин шуд.
31 Баъд аз ин Худо ба ҳар он чӣ карда буд, назар намуд ва дид, ки хеле хуб аст.+ Шом буду саҳар буд: рӯзи шашум.