Ишаъё
61 Рӯҳи Парвардигор Яҳува бар ман аст,+
Зеро Яҳува маро тадҳин кардааст*, ки хушхабарро ба нармдилон* расонам.+
Ӯ маро фиристодааст, ки захмҳои шикастадилонро бибандам,
Озодиро ба асирон
Ва биноиро ба бандиён эълон кунам,+
2 Соли ризои Яҳува
Ва рӯзи интиқоми Худои моро хабар диҳам,+
Ҳамаи мотамзадагонро дилбардорӣ кунам,+
3 Ба онҳое, ки барои Сион мотам гирифтаанд, ғамхорӣ намоям,
Ба ҷойи хокистар ба онҳо кулоҳ,
Ба ҷойи мотам равғани шодӣ
Ва ба ҷойи ноумедӣ либоси ҷалол диҳам.
Онҳо дарахтони бузурги росткорӣ номида мешаванд,
Ки Яҳува барои ҷалоли худ шинондааст.+
4 Онҳо вайронаҳои қадимаро обод мекунанд,
Харобаҳои бостониро бино менамоянд+
Ва шаҳрҳои валангорро,+
Ки насл ба насл беодам буданд, аз нав месозанд.+
5 «Бегонагон омада, рамаҳои шуморо мечаронанд
Ва ғарибон+ деҳқонону токпарварони шумо мешаванд,+
6 Шумо бошед, коҳинони Яҳува,+
Хизматгорони Худои мо, номида мешавед.
7 Халқи ман ба ҷойи шармандагӣ ҳиссаи дучанд мегирад,
Онҳо ба ҷойи сархамӣ аз насибаи худ шодӣ мекунанд,
Дар замини худ ҳиссаи дучанд гирифта,+
То абад хушҳолӣ менамоянд.+
Ман аз рӯйи инсоф музди онҳоро медиҳам
Ва бо онҳо аҳди ҷовидона мебандам.+
9 Насли онҳо байни халқҳо+
Ва фарзандони онҳо миёни мардумон ном мебароранд.
Ҳар кӣ онҳоро бубинад, хоҳад фаҳмид, ки
Онҳо насле ҳастанд, ки Яҳува баракат додааст».+