Ибодати ҳақиқӣ «ғарибонро» муттаҳид месозад
«Аҷнабиён зироаткорону токдорони шумо хоҳанд буд. Ва шумо коҳинони Худованд номида хоҳед шуд» (ИШ. 61:5,6).
ШУМО ЧӢ ТАВР ҶАВОБ МЕДОДЕД?
Баъзеҳо ба аҷнабиён чӣ тавр муносибат мекунанд, лекин Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?
Ба одамони тамоми халқҳо чӣ гуна даъват пешкаш карда мешавад?
Ба кадом маъно дар байни Шоҳидони Яҳува аҷнабиён вуҷуд надоранд?
1. Баъзе одамон нисбати аҷнабиён чӣ гуна муносибат мекунанд, лекин чаро ин нодуруст?
ЧӢ ТАВРЕ аз мақолаи гузашта фаҳмидем, одамон калимаи «аҷнабӣ»–ро, ки маънояш хориҷӣ ё бегона мебошад, ба таври таҳқиромез истифода мебаранд ва бо ин рӯирост беҳурматӣ ва ҳатто нафраташонро нишон медиҳанд. Фикри он ки шахсони миллаташон дигар аз сокинони аслии ягон мамлакат пасттар мебошанд, дағалона аст. Беш аз ин, шахсе, ки чунин тарзи фикрронӣ дорад, ҳақиқати хеле муҳимеро ба назар намегирад. Дар китоби «Гуногунии нажодҳо» оиди ин ҳақиқат чунин гуфта шудааст: «Шахсони гуногуннажод,— чӣ тавре ки Китоби Муқаддас таълим медиҳад,— бародаронанд» («The Races of Mankind»). Ҳарчанд бародарон аз якдигар хеле фарқ карда метавонанд, ба ҳар ҳол онҳо бародаранд.
2, 3. Нуқтаи назари Яҳува нисбати аҷнабиён чӣ гуна аст?
2 Новобаста аз он ки мо шаҳрванди кадом мамлакатем, дар гирду атрофи мо шахсони аҷнабӣ зиндагӣ мекунанд. Дар замонҳои қадим вазъияти исроилиён, ки ба туфайли аҳди Қонун бо Яҳува Худо муносибати махсус доштанд, ба ин монанд буд. Ҳарчанд ҳуқуқҳои ғайриисроилиёне, ки дар байни онҳо зиндагӣ мекарданд, ба андозае маҳдуд буд, аз исроилиён талаб карда мешуд, ки бо онҳо аз рӯи инсоф ва эҳтиромона муносибат кунанд. Чӣ намунаи хубе барои пайравӣ кардан! Масеҳиёни ҳақиқӣ набояд нисбати дигарон рӯйбинӣ ва бадгумонӣ дошта бошанд. Чаро? Петруси ҳавворӣ гуфт: «Акнун яқин донистам, ки Худо рӯйбинӣ надорад. Ва аз ҳар қавм ҳар кӣ аз Ӯ тарсад ва аз рӯи адолат рафтор кунад, дар ҳузури Ӯ мақбул аст» (Аъм. 10:34, 35).
3 Аҷнабиёне, ки дар Исроили қадим зиндагӣ мекарданд, аз муносибати наздики бо исроилиён доштаашон манфиат мегирифтанд. Чунин муомилаи хуб бо аҷнабиён тарзи фикрронии Яҳуваро инъикос менамуд. Дертар, Павлуси ҳавворӣ ин фикрро тасдиқ карда чунин гуфт: «Худо фақат Худои яҳудиён аст? Магар Худои халқҳо ҳам нест? Албатта, Худои халқҳо ҳам мебошад» (Рум. 3:29; Юил 2:32).
4. Чаро гуфтан мумкин аст, ки дар байни «Исроили Худо» ҳеҷ кас аҷнабӣ ҳисоб намеёбад?
4 Ба туфайли аҳди нав ҷамъомади масеҳиёни тадҳиншуда ҷои халқи Исроилро, ки муносибатҳои махсуси бо Худо доштаашонро аз даст дода буданд, гирифт. Барои ҳамин, масеҳиёни тадҳиншуда «Исроили Худо» ном гирифтанд (Ғал. 6:16). Чӣ тавре ки Павлус фаҳмонд, дар ин халқи нав «на юнонӣ ҳаст, на яҳудӣ, на хатна, на номахтунӣ, на варварӣ (яъне аҷнабӣ), на скиф, на ғулом, ва на озод, балки ҳама чиз ва дар ҳама чиз Масеҳ аст» (Қӯл. 3:11). Аз ин сабаб, дар байни ҷамъомади тадҳиншудагон ҳеҷ кас набояд аҷнабӣ ё бегона ҳисоб меёфт.
5, 6. а) Дар алоқамандӣ бо оятҳои Ишаъё 61:5, 6 кадом савол пайдо шуда метавонад? б) «Коҳинони Худо» ва «аҷнабиён», ки Ишаъё дар бораашон гуфта буд, кистанд? в) Чӣ тавр «коҳинони Худо» ва «аҷнабиён» ҳамкорӣ мекунанд?
5 Ҳангоми хондани пешгӯӣ аз боби 61–уми китоби Ишаъё, ки ҳоло дар ҷамъомади масеҳӣ иҷро шуда истодааст, баъзеҳо шояд ҳайрон мешаванд. Дар ояти 6–и ин боб оиди шахсоне гуфта мешавад, ки чун «коҳинони Худованд» хизмат хоҳанд кард. Дар ояти 5–ум бошад, мо мехонем, ки ба ин «коҳинон» бояд «аҷнабиён» кӯмак расонанд ва бо онҳо ҳамкорӣ кунанд. Инро чӣ тавр фаҳмидан мумкин аст?
6 «Коҳинони Худованд» — ин масеҳиёни тадҳиншудаанд, ки «дар эҳёи якум иштирок» мекунанд ва «коҳинони Худо ва Масеҳ хоҳанд шуд ва бо Ӯ ҳазор сол салтанат хоҳанд ронд» (Ваҳй 20:6). Ҳамчунин, шумораи зиёди масеҳиёни содиқе ҳастанд, ки ба зиндагӣ дар Биҳишти рӯи замин умед доранд. Ин масеҳиён бо онҳое, ки дар осмон хизмат хоҳанд кард, ҳамкорӣ мекунанд ва бо онҳо муносибати наздик доранд. Масеҳиёни умеди заминидоштаро ба маънои маҷозӣ аҷнабӣ номидан мумкин аст. Онҳо хурсанданд, ки чун «зироаткорону токдорон» ба «коҳинони Худо» хизмат мекунанд ва онҳоро дастгирӣ менамоянд. Онҳо бо кори мавъиза ва таълимдиҳии дигарон ба тадҳиншудагон кӯмак мекунанд, то Худоро ҷалол диҳанд. Ҳам тадҳиншудагон ва ҳам «гӯсфандони дигар» ба шахсони самимие, ки ба Худо то абад хизмат кардан мехоҳанд, ҳақиқатро таълим медиҳанд ва барои аз рӯи он зиндагӣ кардан меҳрубонона кӯмак мерасонанд (Юҳ. 10:16).
МИСЛИ ИБРОҲИМ «ҒАРИБОН»–АНД
7. Аз кадом ҷиҳат масеҳиёни имрӯза ба Иброҳим ва дигар ходимони содиқи замони пеш монанданд?
7 Чӣ тавре ки мо аз мақолаи гузашта фаҳмидем, масеҳиёни ҳақиқӣ дар ин ҷаҳони шарири Шайтон чун «аҷнабиён» ё «ғарибон» мебошанд. Аз ин ҷиҳат онҳо ба хизматгорони содиқи замони пеш, аз он ҷумла ба Иброҳим, монанданд. Дар бораи ин ходимони Худо гуфта шуда буд, ки онҳо «бар замин мусофир ва ғарибанд» (Ибр. 11:13). Новобаста аз умеди доштаамон, мо имконияти олиҷаноб дорем, ки мисли Иброҳим бо Яҳува муносибати махсус дошта бошем. Яъқуб мефаҳмонад: «Иброҳим ба Худо имон овард, ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд, ва ӯ дӯсти Худо номида шуд» (Яъқ. 2:23).
8. Ба Иброҳим чӣ ваъда дода шуд ва ӯ нисбати иҷрошавии он чӣ фикр мекард?
8 Худо ваъда дода буд, ки тавассути Иброҳим ва насли ӯ тамоми оилаҳои рӯи замин — на танҳо як халқият — баракат хоҳанд ёфт. (Ҳастӣ 22:15–18-ро бихонед.) Ҳарчанд ин ваъдаи Худо бояд дар ояндаи дур иҷро мешуд, Иброҳим ба иҷрошавии он имони худро қавӣ нигоҳ дошт. Аз нисф зиёди умрашро ӯ ва оилааш дар мусофириву ғарибӣ гузарониданд. Тамоми ин вақт Иброҳим дӯстии бо Яҳува доштаашро нигоҳ дошт.
9, 10. а) Чӣ тавр мо ба намунаи Иброҳим пайравӣ карда метавонем? б) Кадом даъватро мо ба дигарон мерасонем?
9 Ҳарчанд Иброҳим намедонист, ки умедаш кай амалӣ мегардад, ӯ ҳеҷ гоҳ намегузошт, то муҳаббат ва садоқатмандиаш ба Яҳува суст шавад. Иброҳим ҳамеша дар хотир дошт, ки ӯ дар он замин ғариб ё сокини муваққатӣ аст, аз ин рӯ вай ҳаёти муқаррариеро, ки ба сокинони доимии он макон хос буд, ба сар намебурд (Ибр. 11:14, 15). То чӣ андоза оқилона аст, ки ба намунаи Иброҳим пайравӣ намуда ҳаёти оддӣ ба сар барем ва фикр накунем, ки ба даст овардани чизҳои моддӣ, доштани обрӯю эътибор дар ҷамъият ё дар ҷои кор ба зинаҳои баланд расидан чизи муҳимтарини ҳаётанд. Магар дар ин ҷаҳоне, ки анҷоми он хеле наздик аст, ҳаёти ба ном муқаррарӣ бурдан аз рӯи хирад аст? Оё дуруст аст, ки мо ба чизҳои муваққатӣ дил бандем? Мисли Иброҳим мо низ чизи беҳтареро интизорем. Мо бо омодагӣ нишон медиҳем, ки иҷрошавии умедамонро пурсаброна интизорем. (Румиён 8:25–ро бихонед.)
10 Яҳува то ҳол одамони тамоми халқҳоро даъват менамояд, ки ба воситаи насли Иброҳим соҳиби баракатҳо гарданд. «Коҳинон»–и тадҳиншудаи Худо ва ҳамчунин «гӯсфандони дигар», ки аҷнабиён мебошанд, ин даъватро ба одамони тамоми ҷаҳон ба зиёда аз 600 забон пешкаш мекунанд.
БАР МОНЕАҲОИ НАЖОДӢ ҒОЛИБ МЕОЕМ
11. Мувофиқи дуои Сулаймон ғайриисроилиён чӣ гуна имконият доштанд?
11 Ҳангоми ба Яҳува бахшида шудани маъбад соли 1026 то эраи мо Сулаймон дуое гуфт, ки аз он нуқтаи назари Яҳуваро нисбати одамони тамоми халқҳо фаҳмидан мумкин аст. Ӯ аз Яҳува хоҳиш кард, ки дуоҳои тамоми халқҳоро, ки дар маъбад гуфта мешуданд, гӯш кунад. Ин яке аз роҳҳое буд, ки халқҳои дигар аз ваъдаи ба Иброҳим додаи Яҳува манфиат гирифта метавонистанд. Сулаймон дар дуояш гуфт: «Ҳамчунин аҷнабиро, ки аз қавми Ту Исроил набошад, вале ба хотири исми Ту аз замини дурдаст омада бошад,— зеро ки онҳо низ овозаи исми бузурги Ту ва дасти қавии Ту ва бозуи тӯлонии Туро хоҳанд шунид,— ва ҳангоме ки вай омада, дар ин хона дуо гӯяд, Ту аз осмон, ки макони сукунати Туст, бишнав, ва ҳар он чиро, ки аҷнабӣ сӯи Ту хонда дархост намояд, ба амал овар, то ки ҳамаи қавмҳои замин исми Туро бишиносанд, ва аз Ту мисли қавми Ту Исроил ҳаросон бошанд» (3 Подш. 8:41–43).
12. Чаро шояд баъзеҳо ба Шоҳидони Яҳува чун ба аҷнабиён менигаранд?
12 Аҷнабӣ — шахсест, ки дар мамлакати дигар муваққатан ё доимӣ зиндагӣ мекунад. Ин шарҳ мавқеи Шоҳидони Яҳуваро хуб тасвир мекунад. Онҳо танҳо Салтанати Худо ва Подшоҳи он, Исои Масеҳро дастгирӣ мекунанд. Аз ин рӯ онҳо дар масъалаҳои бо сиёсат алоқаманд бо қатъият мавқеи бетарафиро ишғол мекунанд, ҳатто нигоҳ накарда ба он ки одамони ин ҷаҳон инро тамоман намефаҳманд.
13. а) Чӣ ба мо кӯмак менамояд, то шахсро аҷнабӣ наҳисобем? б) Оё Яҳува аз аввал мехост, ки одамон якдигарро «аҷнабӣ» ҳисоб кунанд? Фаҳмонед.
13 Аҷнабиён одатан аз рӯи нишонаҳое, ки ба халқияти онҳо хос аст, шинохта мешаванд. Онҳо бо забон, расму оин, афту андом ё тарзи либоспӯшиашон фарқ мекунанд. Лекин умумиятҳои тамоми одамон аз ин фарқиятҳои ночиз муҳимтар мебошанд. Барои ҳамин, вақте ки мо ба фарқиятҳои байни мову дигарон аҳамият надоданро ёд мегирем, мо эҳтимол дигар ба онҳо чун ба аҷнабиён муносибат намекунем. Агар дар рӯи замин ҳамаи одамон тобеони як ташкилоти сиёсӣ ё ҳукумат мебуданд, он гоҳ ҳеҷ кас аз нуқтаи назари сиёсат аҷнабӣ ҳисоб намеёфт. Дар асл, Яҳува аз азал мақсад дошт, ки тамоми одамон чун як оила зери як ҳокимият — ҳокимияти Ӯ — муттаҳид бошанд. Оё дар рӯзҳои мо одамони тамоми миллатҳо ҳамин тавр муттаҳид шуда метавонанд?
14, 15. Шоҳидони Яҳува чун гурӯҳ қадр кардани чиро омӯхтанд?
14 Мо дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунем, ки бисёриҳо худпарастанд ва фикр мекунанд, ки миллати онҳо аз дигар миллатҳо беҳтар аст. Лекин донистани он ки баъзе шахсон одамони тамоми халқҳоро дӯст медоранд ва фарқиятҳои нажодӣ барои онҳо монеа нестанд, хурсандибахш аст. Бояд гуфт, ки бартараф кардани бадгумонӣ кори осон нест. Асосгузори шабакаи телевизионии Си–эн–эн, Тэд Тӯнер, дар бораи ҳамкорӣ бо шахсони боистеъдоде, ки аз миллатҳои гуногунанд, чунин мегӯяд: «Барои ман вохӯрӣ бо ин шахсон воқеаи ҳайратангез буд. Дар натиҷаи ин ҳамкорӣ ман ба шахсоне, ки аз давлатҳои дигаранд, на чун ба “аҷнабиён”, балки чун ба шахсоне, ки бо ман дар як сайёра зиндагӣ мекунанд, муносибат мекардагӣ шудам. Акнун калимаи “аҷнабӣ” барои ман ба калимаи таҳқиромез табдил ёфт ва ман талаб мекардам, ки ин калима на дар барномаҳо истифода бурда шавад ва на дар сӯҳбати байни коргарон. Ба ҷои ин, бояд калимаи “байналхалқӣ” истифода бурда мешуд».
15 Дар саросари ҷаҳон танҳо Шоҳидони Яҳува чун гурӯҳ тарзи фикрронии Худоро аз они худ сохтанд. Онҳо ба ҳама чиз аз нуқтаи назари Яҳува нигоҳ карданро ёд мегиранд ва дар натиҷа ҳам тарзи фикррониашонро тағйир медиҳанд ва ҳам муносибати нисбати дигарон доштаашонро. Онҳо аз одамони дигар халқиятҳо нафрат надоранд ё гумон намекунанд, ки ба онҳо боварӣ кардан мумкин нест. Шоҳидони Яҳува чун як чизи пурарзиш қадр кардани хусусиятҳо ва қобилиятҳои гуногуни он одамонро ёд мегиранд. Оё шумо дар бораи ҳамаи ин чуқур мулоҳиза меронед ва фикр мекунед, ки чӣ тавр шахсан шумо аз тағйир додани тарзи фикррониатон манфиат мегиред?
ҶАҲОНЕ, КИ ДАР ОН КАСЕ АҶНАБӢ НАХОҲАД БУД
16, 17. Иҷрошавии пешгӯиҳои Ваҳй 16:16 ва Дониёл 2:44 шахсан барои шумо чӣ маъно дошта метавонанд?
16 Ба қарибӣ тамоми халқҳо бо Исои Масеҳ ва лашкари осмонии ӯ дар ҷанги ниҳоии Худо, ки «ба забони ибронӣ Ҳармиҷидӯн ном дорад», рӯ ба рӯ хоҳанд шуд (Ваҳй 16:14, 16; 19:11–16). Беш аз 2 500 сол пеш, Дониёл–пайғамбар зери илҳоми илоҳӣ анҷоми ҳокимиятҳои инсониро, ки ба иҷро шудани нияти Худо муқобилат мекунанд, пешгӯӣ кард. Ӯ навишт: «Ва дар айёми он подшоҳон Худои осмон салтанате барпо хоҳад кард, ки он то абад барҳам нахоҳад хӯрд; ва ин салтанат ба қавми дигаре супурда нахоҳад шуд: он ҳамаи ин салтанатҳоро гард–гард ва несту нобуд хоҳад кард, вале худаш то абад хоҳад истод» (Дон. 2:44).
17 Оё шумо тасаввур карда метавонед, ки иҷрошавии ин пешгӯӣ шахсан барои шумо чӣ маъно хоҳад дошт? Сарҳадҳои давлатии аз тарафи одамон гузошташуда, ки имрӯз ба маъное ҳар як шахсро аҷнабӣ мегардонанд, дигар вуҷуд нахоҳанд дошт. Ва ҳарчанд он вақт ҳам одамон аз ҳамдигар фарқ хоҳанд кард, ин нишон медиҳад, ки гуногунии офаридаҳои Яҳува дар ҳақиқат аҷоиб аст. Чунин ояндаи ҳаяҷонбахш бояд ҳамаи моро ба он барангезад, ки минбаъд низ ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, то Офаридгори худ, Яҳува Худоро, ҳамду сано хонем ва Ӯро ҷалол диҳем.
18. Кадом мисол нишон медиҳад, ки Шоҳидони Яҳува якдигарро аҷнабӣ намеҳисобанд?
18 Магар дар миқёси ҷаҳонӣ рӯй додани чунин тағйиротҳо аз воқеият дур аст? Албатта не. Баръакс, барои ба иҷрошавии ин пешгӯиҳо боварӣ кардан далелҳои асоснок вуҷуд доранд. Мафҳуми «аҷнабӣ» аллакай ҳозир дар байни Шоҳидони Яҳува, ки ба миллати ҳамимонони худ аҳамияти зиёд намедиҳанд, истифода бурда намешавад. Масалан, ба наздикӣ бо мақсади осонтар кардани кори назорат ва самараноктар иҷро намудани кори мавъизаи хушхабар якчанд филиалҳои хурд ба як филиал ҳамроҳ шуданд (Мат. 24:14). Дар сурате ки қонуни давлат ба чунин қарорҳо зид намебаромад, сарҳадҳои давлатӣ дар амалӣ гаштани онҳо монеа намешуданд. Ин боз як далели равшани он аст, ки Исои Масеҳ — Подшоҳи аз тарафи Яҳува таъиншуда монеаҳои нажодиро бартараф карда истодааст ва дар оянда, ҳангоми ба даст овардани ғалабаи пурра, ӯ ин корро ба анҷом мерасонад (Ваҳй 6:2).
19. Ба туфайли забони поки ҳақиқат чӣ имконпазир мегардад?
19 Шоҳидони Яҳува аз миллатҳои гуногунанд ва бо забонҳои гуногун гап мезананд. Аммо ба туфайли ҳақиқат онҳо муттаҳид шуданд ва ягонагии онҳо ҳеҷ гоҳ шикаст намеёбад. (Сафанё 3:9–ро бихонед.) Ҳарчанд онҳо чун як оилаи байналхалқӣ дар ин ҷаҳон вуҷуд доранд, лекин онҳо қисми тартиботи шарирона нестанд. Ин оилаи муттаҳид тимсоли дунёи нави омадаистода мебошад — дунёе, ки дар он аҷнабиён нахоҳанд буд. Он гоҳ ҳар шахс хурсандона ҳақ будани суханони зерини китоби дар аввали мақола зикршударо эътироф хоҳад кард: «Шахсони гуногуннажод,— чӣ тавре ки Китоби Муқаддас таълим медиҳад,— бародаронанд» («The Races of Mankind»).
[Тасвир дар саҳифаи 27]
Оё шумо замонеро, ки дар он сарҳадҳои аз тарафи одамон гузошташуда аз байн мераванд ва калимаи «аҷнабӣ» танҳо як хотираи гузашта хоҳад буд, интизоред?
[Тасвир дар саҳифаи 24]
Оё шумо диққататонро минбаъд низ ба иҷрошавии ваъдае, ки Яҳува ба Иброҳим дода буд, равона мекунед?
[Тасвир дар саҳифаи 26]
Дар назари Яҳува ҳеҷ кадоми онҳо аҷнабӣ нестанд