Забур
Дуои Довуд.
2 Бароям адолатро барқарор кун,+
Бигзор чашмонат бубинанд, ки ман росткорам.
Бубин, ки ман нияти баде дар дил надоштам
Ва бо даҳонам гуноҳ накардам.
4 Мисли дигарон амал накардаам,
Балки ба сухани ту гӯш дода, аз роҳи ғоратгарон дурӣ меҷӯям.+
5 Бигзор қадамҳоям дар пайраҳаҳои ту бимонанд,
То пешпо нахӯрам.+
6 Сӯйи ту мехонам, Худоё, зеро ба дуоям ҷавоб медиҳӣ.+
Гӯши худро сӯйи ман хам намо ва суханонамро бишнав.+
7 Меҳру вафои беҳамтоятро нишон деҳ.+
Ту онҳоеро, ки аз душманонат паноҳ меҷӯянд, наҷот медиҳӣ,
Онҳоеро, ки зери дасти ростат сарпаноҳ меҷӯянд.
9 Аз ҳамлаи бадкор маро нигаҳ дор,
Аз душманони ҷонам, ки маро иҳота кардаанд.+
10 Пӯсти ин хел одамон ғафс шудааст*,
Онҳо даҳанкалонӣ мекунанд.
11 Онҳо моро иҳота кардаанд+
Ва фурсат меҷӯянд, ки шикастамон диҳанд.
12 Душман мисли шере тайёр аст туъмаашро пора-пора созад,
Мисли шери ҷавоне, ки хам шуда, камин гирифтааст.
13 Эй Яҳува, бар зидди ӯ бархез+ ва ӯро аз по биафтон.
Маро бо шамшери худ аз дасти бадкор халос кун.