Ирмиё
4 Яҳува мегӯяд: «Агар баргардӣ, эй Исроил,
Агар сӯйи ман баргардӣ
Ва, агар бутҳои ҳароматро аз пеши ман дур созӣ,
Он гоҳ овораву сарсон нахоҳӣ шуд.+
2 Агар қасам хӯрда, гӯӣ:
“Ба номи Яҳува, Худои зинда, дар ростӣ, адолат ва росткорӣ қасам!”,
Он гоҳ халқҳо барои худ аз Ӯ баракат хоҳанд хонд
Ва бо Ӯ фахр хоҳанд кард».+
3 Яҳува ба мардуми Яҳудо ва Ерусалим чунин мегӯяд:
«Киштзори худро шудгор кунед
Ва дар миёни хорҳо накоред.+
4 Эй мардуми Яҳудо ва сокинони Ерусалим!
Барои Яҳува худро хатна кунед
Ва дили худро хатна намоед,+
Набошад аз пушти корҳои бадатон
Қаҳри ман мисли оташ бар шумо аланга мегирад
Ва касе ёфт намешавад, ки онро хомӯш созад».+
5 Дар Яҳудо ин хабарро эълон кунед ва дар Ерусалим онро бишнавонед.
Нидо кунед ва дар саросари замин шох навозед.+
Бо овози баланд бигӯед: «Ҳама ҷамъ оед, то ба шаҳрҳои ҳисордор бигрезем.+
6 Бар Сион парчам занед.
Паноҳгоҳ ҷӯед, суст наҷунбед»,
Зеро Худо мегӯяд: «Ман аз шимол фалокат ва харобии бузурге меорам.+
Ӯ аз макони худ берун омадааст, то заминатро ба даҳшатзор табдил диҳад.
Шаҳрҳоят харобазору беодам хоҳанд гашт».+
9 Яҳува мегӯяд: «Дар он рӯз дили подшоҳ+
Ва миронаш ба ҳарос меафтад,
Коҳинон ба даҳшат меоянд ва пайғамбарон дар ҷояшон шах мешаванд».+
10 Сипас ман гуфтам: «Вой бар ман, эй Яҳува, Парвардигоро! Ту ин халқ ва Ерусалимро фиреб дода+ гуфтӣ: “Осоиштагӣ хоҳед дошт”,+ ҳол он ки шамшер ба ҷонамон расидааст».
11 Он вақт ба ин халқ ва Ерусалим гуфта мешавад:
«Ба тарафи духтарам — халқам,
Аз теппаҳои биёбон гармсел мевазад,
Аммо на барои бод додан ва тоза кардани хирман.
12 Боди шадиде аз он ҷо бо фармони ман мевазад.
Ман акнун ҳукмҳоямро бар онҳо эълон хоҳам кард.
13 Инак, ӯ мисли абрҳои боронӣ меояд
Ва аробаҳояш мисли тундбоданд.+
Аспонаш аз уқобон ҳам тезтаранд.+
Вой бар ҳоли мо, зеро хонавайрон мегардем!
14 Дилатро шуста, аз бадӣ пок кун, эй Ерусалим, то наҷот биёбӣ.+
То ба кай дар дарунат андешаҳои бадро мепарварӣ?
15 Овозе аз Дон хабар медиҳад+
Ва фалокатро дар кӯҳҳои Эфроим эълон мекунад.
16 Ин хабарро ба халқҳо расонед
Ва бар зидди Ерусалим эълон кунед».
«Дидбонон аз сарзамини дурдаст меоянд
Ва бар шаҳрҳои Яҳудо овозашонро баланд мекунанд.
17 Онҳо мисли посбонони саҳро Ерусалимро гирд мекунанд,+
Зеро ӯ бар зидди ман исён бардоштааст,+— мегӯяд Яҳува.—
18 Аз сабаби роҳу рафторат гирифтори ин чизҳо мешавӣ.+
Фалокати талхе ба сарат меояд,
Зеро исён дар дилат реша давондааст».
19 Вой ҷонаме, вой ҷонам!
Дилам аз дард мекоҳад.
Дилам андарунам метапад.
Ором монда наметавонам,
Зеро овози шох ва нидоҳои ҷангро мешунавам.+
20 Пайдарҳам овозаи фалокат меояд,
Зеро тамоми замин валангор гаштааст.
Хаймаҳои ман ногаҳон вайрон
Ва чодарҳоям дар як лаҳза нест шудаанд.+
21 То ба кай парчамро бубинам
Ва овози шохро бишнавам?+
22 «Халқи ман аблаҳ аст,+
Онҳо маро писанд намекунанд,
Онҳо фарзандони бе ақлу фаҳманд,
Ба бадӣ кардан ақлашон мерасаду ба некӣ кардан не».
23 Ман ба замин нигоҳ кардам ва, инак, он холиву беодам буд.+
Ба осмон назар кардам, он рӯшноӣ надошт.+
24 Ба кӯҳҳо нигариста дидам, ки онҳо меларзанд
Ва теппаҳо ба ҷунбиш меоянд.+
25 Назар кардам ва дидам, ки касе нест
Ва парандагони осмон парида рафтаанд.+
26 Нигоҳ кардам ва, инак, бӯстон биёбон гаштааст
Ва ҳамаи шаҳрҳояш харобазор шудаанд,+
Ҳамаи ин аз боиси Яҳува,
Аз алангаи хашми ӯ, ба амал омадааст.
27 Охир, Яҳува чунин гуфтааст: «Тамоми замин харобазор мешавад,+
Аммо ман онро пурра нобуд нахоҳам кард.
28 Аз ин сабаб замин мотам хоҳад гирифт+
Ва осмон тира хоҳад шуд,+
Зеро инро ман гуфтам ва азм кардам,
Ман фикрамро дигар намекунам ва аз он намегардам.+
29 Аз ғалоғулаи саворагон ва тирандозон
Тамоми шаҳр мегурезад.+
Онҳо ба даруни беша медароянд
Ва ба кӯҳпораҳо мебароянд.+
Ҳамаи шаҳрҳо партофта шудаанд
Ва касе дар онҳо нест».
30 Акнун ту, эй хонахароб, чӣ кор хоҳӣ кард,
Эй он кӣ либоси қирмизӣ мепӯшидӣ,
Бо зару зевар худро оро медодӣ
Ва чашмонатро сиёҳӣ кашида калон мекардӣ?
Ту беҳуда худро хушрӯ мекардӣ,+
Зеро хушдоронат аз ту рӯй гардондаанд,
Акнун онҳо қасди ҷони туро доранд.+
31 Ман овозеро шунидам, ки мисли овози зани бемор буд,
Дардаш мисли дарди зани навзой буд.
Ин овози духтари Сион буд, ки базӯр нафас мекашид,
Ӯ кафҳояшро кушода, мегуфт:+
«Вой бар ҳоли ман, зеро ҷонам аз дасти қотилон беҳол гаштааст!»