-
Оё дили шумо барои шинохтани Яҳува омода аст?Бурҷи дидбонӣ — 2013 | март 15
-
-
8, 9. Аксарияти яҳудиён бо дили худ бояд чӣ кор мекарданд?
8 Мо маънои «дили номахтун»-ро аз суханоне, ки Худо ба яҳудиён гуфта буд, фаҳмида метавонем: «Ғилофаки дилҳои худро дур кунед, эй мардони Яҳудо ва сокинони Ерусалим, мабодо ғазаби Ман, ба сабаби бадии аъмоли шумо... аланга занад». Лекин аъмоли бади онҳо аз куҷо сарчашма мегирифт? Аз ботин, яъне аз дилашон. (Марқӯс 7:20–23-ро бихонед.) Бале, Худо ба воситаи Ирмиё сарчашмаи амали бади яҳудиёнро аниқ муайян кард. Дили онҳо якрав ва пур аз исён буд. Фикру ниятҳояшон ба Яҳува маъқул набуданд. (Ирмиё 5:23, 24; 7:24–26-ро бихонед.) Худо ба онҳо гуфт: «Худро барои Худованд махтун намоед ва ғилофаки дилҳои худро дур кунед» (Ирм. 4:4; 18:11, 12).
9 Аз ин рӯ, ба яҳудиёни замони Ирмиё лозим буд, ки дили рамзиашонро ҷарроҳӣ намоянд, яъне дилашонро махтун кунанд, чуноне ки ин ба одамони рӯзҳои Мусо лозим буд (Такр. Ш. 10:16; 30:6). Гирифтани «ғилофаки дил» маънои онро дошт, ки онҳо бояд чизҳое, ки дилашонро сахт мекард, яъне фикрҳо ва майлу ниятҳоеро, ки ба Худо маъқул набуданд, аз худ дур мекарданд (Аъм. 7:51).
-
-
Оё дили шумо барои шинохтани Яҳува омода аст?Бурҷи дидбонӣ — 2013 | март 15
-
-
11, 12. a) Чаро ҳар яки мо бояд дили худро тафтиш намоем? б) Мо бояд чиро аз Худо интизор нашавем?
11 Яҳува мехоҳад, ки ҳар яки мо ҳолати дурусти дилро ба даст оварда онро нигоҳ дорем. Ирмиё оиди шахси одил сухан ронда, эътироф менамояд: «Ту, эй Худованди лашкарҳо, ки одилро меозмоӣ ва ботину дилро мебинӣ» (Ирм. 20:12). Агар Ҳокими Даҳр дили одилонро тафтиш кунад, пас, магар мо набояд дили худро ростқавлона тафтиш кунем? (Забур 10:5-ро бихонед.) Худро тафтиш карда, мо шояд хоҳишу мақсад ё ҳиссиёти чуқурамонро, ки сазовори диққатанд, фаҳмем. Шояд мо пай барем, ки гуфтаҳои Яҳуваро зуд иҷро намекунем. Шояд барои чизҳои бадро аз дили рамзиамон дур кардан ҷарроҳӣ лозим бошад. Дар диламон кадом фикрҳои нодуруст ҷой дошта метавонанд? Ва чӣ тавр мо ислоҳ шуда метавонем? (Ирм. 4:4).
-