Забур
Ба сардори ромишгарон. Бар сози мут-лабен*. Таронаи Довуд.
א [Алиф]
9 Туро, эй Яҳува, бо тамоми дил ситоиш мекунам,
Аз корҳои аҷоибу бешуморат ҳикоят мекунам.+
ב [Бет]
3 Вақте душманонам ақиб гарданд,+
Пешпо хӯрда, аз назди ту нест мешаванд,
4 Зеро ту ба доди ман расида, маро ҳимоя мекунӣ,
Бар тахт нишаста, одилона доварӣ менамоӣ.+
ג [Гимел]
5 Ту халқҳоро сарзаниш намудаӣ+
Ва бадкорро нест кардаӣ,
Номашонро абадан, ба таври ҷовидонӣ, нест намудаӣ.
6 Душманон абадан нобуд гардидаанд,
Шаҳрҳояшонро решакан кардаӣ.
Онҳо беному нишон хоҳанд шуд.+
ה [Ҳе]
ו [Вов]
10 Донандагони номат ба ту таваккал хоҳанд кард,+
Ту, эй Яҳува, аз ҷӯяндагони худ ҳеҷ гоҳ рӯй намегардонӣ.+
ז [Зайин]
11 Дар васфи Яҳува, ки дар Сион аст, бисароед,
Корҳои ӯро дар миёни халқҳо эълон кунед.+
12 Ӯ ғамзадагонро дар ёд дорад
Ва барои хунашон интиқом мегирад,+
Ӯ нолаву фарёди онҳоро фаромӯш намесозад.+
ח [Хет]
13 Ба ман лутф намо, эй Яҳува, ва бубин, ки бадхоҳонам ба ман чӣ ситаме мекунанд,
Зеро ту маро аз дарвозаҳои марг берун меорӣ,+
14 То корҳои лоиқи ҳамду саноятро назди дарвозаи духтари Сион эълон намоям+
Ва аз он ки маро наҷот медиҳӣ, шодӣ кунам.+
ט [Тет]
15 Халқҳо ба чоҳе, ки канда буданд, афтиданд,
Пояшон дар доме, ки худашон пинҳон карда буданд, дармонд.+
16 Яҳува бо ҳукмҳои баровардааш шуҳрат ёфтааст.+
Бадкорро корҳои худаш ба дом меафтонад.+
Ҳиҷойӯн*. (Село)
י [Йод]
17 Бадкирдорон ба гӯр фурӯ мераванд,
Бо ҳамаи халқҳое, ки Худоро аз ёд мебароранд, чунин хоҳад шуд.
כ [Каф]
19 Бархез, эй Яҳува, нагузор, ки бандаи хокӣ дастболо гардад,
Бигзор халқҳо дар назди ту доварӣ шаванд.+
20 Халқҳоро, эй Яҳува, ба даҳшат андоз,+
То онҳо фаҳманд, ки инсони мирандаанду халос. (Село)