2 Подшоҳон
12 Яҳува Нотонро+ ба назди Довуд фиристод ва ӯ ба назди Довуд омада,+ гуфт: «Дар шаҳре ду мард мезист, ки яке бой буд ва дигаре камбағал. 2 Марди бой гову гӯсфанди бисёре дошт,+ 3 марди камбағал бошад, ғайр аз баррачаи модае, ки харида буд, чизе надошт.+ Ӯ он барраро нигоҳубин мекард ва он дар байни ӯву писаронаш калон мешуд. Барра аз дастархони камбағалонаи вай мехӯрд, аз пиёлааш менӯшид, дар бағалаш мехобид ва барои вай мисли духтараш буд. 4 Боре ба назди марди бой меҳмоне меояд. Ӯ барои он мусофир яке аз гову гӯсфандони худро неву барраи марди камбағалро гирифта, хӯрок тайёр мекунад».+
5 Инро шунида Довуд сахт оташин шуд ва ба Нотон гуфт: «Ба номи Яҳува, Худои зинда, қасам+ ки, сазои марде, ки чунин кард, марг аст! 6 Азбаски ӯ ин корро кард ва дилаш насӯхт, бояд ба ҷойи он барра чор баробар зиёд товон диҳад».+
7 Он гоҳ Нотон ба Довуд гуфт: «Он мард ту ҳастӣ! Яҳува, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ман туро тадҳин кардам*, то бар Исроил подшоҳ бошӣ,+ ва туро аз дасти Шоул халос намудам.+ 8 Ман хонаи хӯҷаинат,+ занони ӯро+ ва хонадони Исроилу Яҳудоро+ ба ту додам ва, агар ин камӣ мекард, ба ту аз ин ҳам бештар медодам.+ 9 Пас, чаро ту сухани Яҳуваро таги по карда, дар назари ӯ чунин бадие кардӣ? Ту Уриёи ҳиттиро куштӣ!+ Ту ӯро бо шамшери аммӯниён кушта,+ занашро аз они худ кардӣ.+ 10 Акнун шамшер аз хонадони ту ҳаргиз дур намешавад,+ чунки ту зани Уриёи ҳиттиро гирифта, ба ман беҳурматии азиме кардӣ”. 11 Яҳува чунин мегӯяд: “Ман аз хонадони худат бар сари ту бало меорам+ ва дар пеши назари ту занонатро гирифта, ба марди дигаре медиҳам+ ва ӯ дар рӯзи равшан* бо занони ту мехобад.+ 12 Ту ин корро пинҳонӣ кардӣ,+ ман бошам, дар пеши тамоми Исроил ва дар рӯзи равшан* мекунам”».
13 Довуд ба Нотон гуфт: «Ман дар пеши Яҳува гуноҳ кардам».+ Нотон ба ӯ гуфт: «Пас, Яҳува аз гуноҳат мегузарад.+ Ту нахоҳӣ мурд.+ 14 Лекин, ту ки бо ин корат Яҳуваро сахт беҳурмат кардӣ, писари навзодат ҳатман мемурад».
15 Баъд аз ин Нотон ба хонааш рафт.
Яҳува кӯдакеро, ки зани Уриё барои Довуд таваллуд карда буд, гирифтори беморӣ кард. 16 Довуд аз Худо дар ҳаққи писарча зориву илтиҷо кард. Ӯ рӯза дошт ва ба хонааш даромаду шабро дар рӯйи замин дароз кашида рӯз кард.+ 17 Пирони хонааш ба наздаш омада, ӯро аз замин хезонданӣ шуданд, лекин вай ба гапи онҳо надаромад ва ҳамроҳашон чизе нахӯрд. 18 Дар рӯзи ҳафтум кӯдак мурд, вале ходимони Довуд тарсиданд, ки мурдани бачаро ба вай хабар диҳанд. Онҳо гуфтанд: «Дар вақти зинда будани бача мо ба ӯ гап задем, лекин ӯ ба мо гӯш надод. Пас, чӣ тавр ба вай мегӯем, ки кӯдакаш мурд? Боз ӯ ягон кори бад накунад».
19 Вақте Довуд дид, ки ходимонаш бо якдигар пичир-пичир мекунанд, фаҳмид, ки бача мурдааст. Вай аз ходимонаш пурсид: «Бача мурд?» Онҳо ҷавоб доданд: «Ҳа, мурд». 20 Он гоҳ Довуд аз замин хеста, шустушӯ кард, худро равған молид,+ либоси дигар пӯшид ва ба хонаи Яҳува рафта,+ саҷда кард. Баъд аз ин ӯ ба қасраш баргашт ва хоҳиш кард, ки ба вай хӯрок биёранд, ва, вақте оварданд, бихӯрд. 21 Ходимонаш аз ӯ пурсиданд: «Барои чӣ ин хел кардӣ? Вақте ки бача зинда буд, ту рӯза дошта, гиря мекардӣ, лекин, ҳамин ки вай мурд, хеста, хӯрок хӯрдӣ». 22 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Вақте ки кӯдак зинда буд, ман рӯза+ медоштаму гиря мекардам, чунки ба худ мегуфтам: “Кӣ медонад, шояд, Яҳува ба ман раҳм кунад ва кӯдакро зинда монад”.+ 23 Акнун ки вай мурд, рӯза доштани ман чӣ фоида дорад? Магар ман метавонам ӯро баргардонам?+ Ман ба назди вай меравам,+ лекин вай ба назди ман барнамегардад».+
24 Довуд занаш Батшобаъро+ дилбардорӣ кард. Баъд назди занаш даромада, бо ӯ хобид. Пас аз чанде он зан писаре таваллуд кард ва Довуд ӯро Сулаймон*+ номид. Яҳува ин кӯдакро нағз дид+ 25 ва ба воситаи пайғамбар Нотон+ паём фиристода, ӯро ба хотири Яҳува Едидё* номид.
26 Юоб бар зидди Раббаи+ аммӯниён+ меҷангид ва ӯ шаҳри подшоҳнишинро забт кард.+ 27 Юоб ба назди Довуд хабаррасононро фиристода, гуфт: «Ман бар зидди Рабба+ ҷангида, шаҳри обҳоро* гирифтам. 28 Ҳоло боқимондаи сарбозонро ҷамъ оварда, дар муқобили шаҳр урду зан ва онро забт кун, то ки онро ман забт накунам ва шаъну шараф аз они ман нашавад*».
29 Бинобар ин Довуд тамоми сарбозонро ҷамъ карда, сӯйи Рабба рафт ва бо он ҷангида, онро забт кард. 30 Баъд вай тоҷро аз сари Малком гирифт. Вазни он тоҷ як киккар* тилло буд, ки ҳамчунин сангҳои қиматбаҳо дошт, ва он бар сари Довуд гузошта шуд. Ӯ ҳамчунин аз шаҳр+ ғанимати бисёре гирифт.+ 31 Довуд мардуми шаҳрро ба асирӣ гирифта, фармуд, ки сангҳоро арра кунанд, корҳоеро, ки бо асбобҳои тези оҳанӣ ва табарҳои оҳанӣ карда мешаванд, ба ҷо оранд ва хишт резанд. Ӯ бо ҳамаи шаҳрҳои аммӯниён чунин кард. Ниҳоят Довуд ва тамоми сарбозон ба Ерусалим баргаштанд.