Ҳизқиёл
10 Ман назар андохта дидам, ки бар шифти болои сари каррубиён чизе мисли ёқути кабуд буд ва он ба тахт монандӣ дошт.+ 2 Сипас Худо* ба марде, ки либоси катон дар тан дошт,+ гуфт: «Байни чархҳо,+ зери каррубиён, даромада, ду дастатро аз лахчаҳои+ байни каррубиён пур кун ва онҳоро бар шаҳр парто».+ Он мард дар пеши назари ман ба он ҷо даромад.
3 Вақте ӯ даромад, каррубиён дар тарафи рости ибодатгоҳ меистоданд ва абр саҳни даруниро фаро гирифт. 4 Ҷалоли Яҳува+ аз болои каррубиён бар остонаи хона омада, қарор гирифт ва абр оҳиста-оҳиста хонаро фаро гирифту+ саҳн аз дурахши ҷалоли Яҳува пур шуд. 5 Садои болҳои каррубиён дар саҳни берунии хона шунида мешуд, он мисли садои суханронии Худои Тавоно* буд.+
6 Сипас Худо* ба марди катонпӯш фармуд: «Оташро аз байни чархҳо ва каррубиён бигир», ва он мард даромада, назди яке аз чархҳо истод. 7 Яке аз каррубиён ба оташе, ки байни каррубиён буд,+ даст дароз кард. Ӯ аз он оташ каме гирифта, рӯйи ду дасти марди катонпӯш+ гузошт ва ӯ онро гирифта, баромад. 8 Он каррубиён дар зери болҳояшон чизе монанди дастони одамизод доштанд.+
9 Ман назар андохта назди каррубиён чор чархро дидам, назди ҳар каррубӣ як чарх меистод ва ҳар чарх гӯё мисли санги забарҷад ҷило медод.+ 10 Ҳар чори онҳо ба ҳам монандӣ доштанд. Сохт ва намуди онҳо тавре буд, ки гӯё чархе дар даруни чархе бошад. 11 Ҳангоми рафтан онҳо ба чор самт ҳаракат карда метавонистанд, бе он ки ба сӯе тоб хӯранд, зеро онҳо ба ҳар самте, ки сар менигарист, тоб нахӯрда мерафтанд. 12 Тамоми бадан, пушт, дастону болҳояшон ва чархҳо, чархҳои ҳар чорашон, гирдогирд пур аз чашм буданд.+ 13 Ман овозеро шунидам, ки ба чархҳо мегуфт: «Эй чархҳо!»
14 Ҳар як каррубӣ чор рӯй дошт. Рӯйи якум рӯйи каррубӣ, рӯйи дуюм рӯйи одам, рӯйи сеюм рӯйи шер ва рӯйи чорум рӯйи уқоб буд.+
15 Каррубиён аз замин баланд мешуданд (онҳо ҳамон ҷонзодоне буданд, ки ман назди дарёи Кабар+ дида будам) 16 ва, вақте каррубиён ҳаракат мекарданд, чархҳо низ баробарашон ҳаракат мекарданд. Вақте каррубиён болҳояшонро мебардоштанд, то аз замин баланд шаванд, чархҳо тоб намехӯрданд ва аз пешашон дур намешуданд.+ 17 Ҳар гоҳе ки онҳо меистоданд, чархҳо низ меистоданд. Вақте онҳо аз замин баланд мешуданд, чархҳо низ бо онҳо боло мерафтанд, зеро рӯҳе, ки дар чор ҷонзод амал мекард, дар чархҳо низ буд.
18 Сипас ҷалоли Яҳува+ аз остонаи ибодатгоҳ дур шуда, бар болои сари каррубиён истод.+ 19 Дар пеши назарам каррубиён болҳояшонро бардошта, аз замин баланд шуданд. Вақте онҳо ҳаракат мекарданд, чархҳо низ баробарашон ҳаракат мекарданд. Онҳо назди даромадгоҳи дарвозаи шарқии хонаи Яҳува истоданд ва ҷалоли Худои Исроил бар болои сари онҳо буд.+
20 Ин ҳамон ҷонзодҳое буданд, ки ман назди дарёи Кабар, зери тахти Худои Исроил, дида будам+ ва ман фаҳмидам, ки онҳо каррубиёнанд. 21 Ҳар чори онҳо чор рӯй ва чор бол дошт ва зери болҳояшон чизе монанди дастони одамизод доштанд.+ 22 Намуди рӯйҳояшон мисли ҳамон рӯйҳое буд, ки назди дарёи Кабар дида будам.+ Ҳар яки онҳо рост ҳаракат мекард.+