Панднома
2 Касе, ки бо роҳи рост равад, аз Яҳува метарсад,
Вале ҳар кӣ бо роҳҳои каҷ равона бошад, аз ӯ нафрат дорад.
3 Забони аҳмақи ҳавобаланд мисли калтак аст,
Вале хирадмандро лабонаш нигаҳбонӣ мекунад.
4 Гов набошад, охур тоза аст,
Вале бо зӯри буққа ҳосили бисёр ҷамъ мешавад.
5 Шоҳиди боваринок дурӯғ намегӯяд,
Вале шоҳиди фиребгар дурӯғи бисёр мебофад.+
7 Аз аблаҳ дур-дур гард,
Зеро бар забони ӯ донишро намеёбӣ.+
10 Дил аз ғуссаи худ огоҳ аст
Ва бегона ба шодии он шарик нест.
11 Хонаи бадкорон вайрон мешавад,+
Вале хаймаи боинсофон торафт обод мегардад.
13 Вақти ханда ҳам баъзан дили одам дард мекунад
Ва шодӣ низ баъзан бо ғам меанҷомад.
16 Хирадманд боэҳтиёт аст ва аз бадӣ дур мешавад,
Аблаҳ бошад, беандешаву* худбовар аст.
17 Ҳар кӣ тез ба хашм ояд, беақлӣ мекунад,+
Аммо шахси боандешаро бад мебинанд.
18 Насиби сода аблаҳӣ мешавад,
Вале бар сари ҳушёр тоҷи дониш мегузоранд.+
19 Бадон пеши некон сар хам хоҳанд кард
Ва бадкорон пеши дарвозаи росткорон таъзим хоҳанд намуд.
21 Ҳар кӣ аз ёри худ нафрат кунад, гуноҳ мекунад,
Аммо касе, ки ба бечора раҳм кунад, хушбахт аст.+
22 Бадандешон, бешак, гумроҳ мешаванд,
Вале насиби некандешон вафову меҳри пойдор аст.+
23 Дар ҳар гуна меҳнат фоидае ҳаст,
Вале гапи холӣ камбағалӣ меорад.+
24 Тоҷи хирадмандон сарвати онҳост,
Аммо аблаҳон ғайр аз аблаҳӣ чизе надоранд.+
25 Шоҳиди ростгӯ ҷони касро халос мекунад,
Аммо шоҳиди фиребгарро ҳар як суханаш дурӯғ аст.
27 Тарс аз Яҳува чашмаи ҳаёт аст,
Он касро аз домҳои марговар нигаҳ медорад.
28 Бузургии подшоҳ дар халқи сершумори ӯст,+
Вале ҳокиме, ки зердаст надорад, ҳолаш хароб аст.
31 Ҳар кӣ бечораро фиреб диҳад, Офаридгори ӯро хор мешуморад,+
Аммо ҳар кӣ ба камбағал дилсӯзӣ кунад, Ӯро ҷалол медиҳад.+
32 Бадии бадкор сарашро мехӯрад,
Вале росткор дар беайбии худ паноҳ меёбад.+
34 Росткорӣ халқро сарбаланд мегардонад,+
Вале гуноҳ қавмро бадном месозад.