1 Мӯсо
17 Вақте Абром 99-сола буд, Яҳува ба ӯ намудор шуд ва гуфт: «Ман Худои Тавоно* ҳастам. Пеши ман роҳ рав ва беайб бош. 2 Ман аҳдеро, ки бо ту бастаам, иҷро мекунам+ ва насли туро хеле ва хеле зиёд мегардонам».+
3 Он гоҳ Абром саҷда кард ва Худо боз ба ӯ гуфт: 4 «Инак, ман бо ту аҳд бастаам+ ва ту падари халқҳои зиёде мегардӣ.+ 5 Номи ту дигар Абром* неву Иброҳим* хоҳад буд, зеро ман туро падари халқҳои зиёде мегардонам. 6 Ман насли туро хеле ва хеле зиёд месозам ва аз ту халқҳо ва подшоҳон ба вуҷуд меоянд.+
7 Ман аҳдеро, ки бо ту ва ба воситаи ту бо наслҳои ояндаат бастаам, иҷро мекунам.+ Ин аҳди ҷовидонӣ аст, то ман Худои ту ва баъди ту Худои наслат бошам. 8 Ман ба ту ва баъди ту ба наслат заминеро, ки шумо дар он ғариб ҳастед+ — тамоми замини Канъонро — ба таври доимӣ мерос медиҳам ва ман Худои насли ту хоҳам буд».+
9 Худо боз ба Иброҳим гуфт: «Ту бошӣ, ба ин аҳд вафо кун, ту ва фарзандонат ва тамоми наслат. 10 Аҳде, ки ман бо шумо бастаам, то ту ва наслат баъди ту онро риоя кунед, ин аст: ҳар марде*, ки бо туст, бояд хатна шавад.+ 11 Шумо бояд худро хатна кунед ва ин аломати аҳде хоҳад буд, ки ман бо шумо бастаам.+ 12 Дар ҳамаи наслҳои шумо ҳар писаре, ки дар хонадони ту таваллуд ёбад, бояд дар рӯзи ҳаштум хатна шавад+ ва ҳар ғуломи зархарид низ, ки аз халқи бегона асту аз насли ту нест, бояд хатна шавад. 13 Ҳар касе, ки дар хонадони ту ба дунё ояд ва ҳар ғуломи зархарид бояд хатна шавад.+ Ин аломат бар бадани шумо нишонаи аҳди ҷовидоние хоҳад буд, ки ман бо шумо бастаам. 14 Вале ҳар марде*, ки худро хатна накунад, бояд аз миёни халқи худ решакан гардад, чунки ӯ аҳди маро шикастааст».
15 Сипас Худо ба Иброҳим гуфт: «Зани худ Сорайро*+ дигар Сорай наном, чунки акнун ӯ Соро* номида мешавад. 16 Ман ӯро баракат медиҳам ва аз ӯ ба ту писаре ато мекунам.+ Ман занатро баракат медиҳам ва аз ӯ халқҳо ва подшоҳони халқҳо ба вуҷуд меоянд». 17 Он гоҳ Иброҳим саҷда кард ва хандида, дар дили худ гуфт:+ «Магар марди 100-сола соҳиби писар мегардад ва оё Сорои 90-сола фарзанд ба дунё меорад?»+
18 Иброҳим ба Худо гуфт: «Кошки Исмоилро баракат медодӣ!»+ 19 Худо ба ӯ гуфт: «Зани ту Соро ҳатман бароят писаре таваллуд мекунад ва ту номи ӯро Исҳоқ*+ бимон. Ман бо ӯ ва баъди ӯ бо наслаш аҳди ҷовидоние мебандам.+ 20 Аммо илтимоси туро дар бораи Исмоил шунидам. Ман ӯро баракат медиҳам ва серфарзанд месозам ва насли ӯро хеле ва хеле зиёд мегардонам. Аз ӯ 12 сардори қабила ба дунё меояд ва ман аз ӯ халқи бузурге ба вуҷуд меорам.+ 21 Лекин аҳди худро ман бо Исҳоқ,+ ки Соро соли оянда дар ҳамин вақт ба дунё меорад, мебандам».+
22 Вақте Худо бо Иброҳим сухан гуфтанро тамом кард, аз пеши ӯ дур шуд. 23 Иброҳим аз рӯйи амри Худо писараш Исмоил, тамоми мардонеро, ки дар хонааш таваллуд шуда буданд, ва ҳамаи ғуломони зархариди худ — тамоми наринаеро, ки дар хонадонаш буд, худи ҳамон рӯз хатна кард.+ 24 Вақте Иброҳим хатна шуд, ӯ 99-сола буд.+ 25 Писараш Исмоил бошад, дар вақти хатна шуданаш 13-сола буд.+ 26 Худи ҳамон рӯз Иброҳим ҳамроҳи писараш Исмоил хатна шуд. 27 Тамоми мардони хонадони ӯ, ҳама мардони хоназод ва ғуломони зархарид, бо ӯ хатна шуданд.