Панднома
2 Эй писарам, агар гуфтаҳои маро қабул кунӣ
Ва амрҳои маро нигоҳ дорӣ,+
2 Агар сӯйи хирад+ гӯш ба қимор бошӣ
Ва дилатро сӯйи рамузфаҳмӣ* моил кунӣ,+
Ва рамузфаҳмиро фарёд намоӣ,+
4 Агар онро мисли нуқра ҷустуҷӯ намоӣ+
Ва мисли ганҷҳои ниҳон кофтуков кунӣ,+
5 Он гоҳ ба тарси Яҳува сарфаҳм меравӣ+
Ва дониши Худоро ба даст меорӣ,+
6 Зеро хирадро Яҳува медиҳад,+
Ва донишу рамузфаҳмӣ аз даҳони ӯст.
8 Ӯ роҳҳои адолатро нигаҳбонӣ менамояд
Ва роҳи бандаҳои бовафояшро посбонӣ мекунад.+
9 Агар чунин кунӣ, ростӣ ва адлу инсофро мефаҳмӣ
Ва аз роҳи рост огоҳ мешавӣ.+
10 Вақте хирад ба дили ту роҳ ёбад+
11 Ақл туро нигаҳбонӣ мекунад+
Ва рамузфаҳмӣ* туро ҳимоя менамояд,
12 То туро аз роҳи бад паноҳ дорад
Ва аз одами каҷгуфтор нигаҳ дорад,+
13 Аз касоне, ки пайраҳаҳои ростиро тарк кардаанд,
То бо роҳҳои зулмот равона шаванд,+
14 Аз онҳое, ки аз бадкорӣ шод мешаванд,
Аз касоне, ки аз бадиву каҷкорӣ лаззат мебаранд,
15 Аз онҳое, ки роҳҳояшон каҷу килеб аст
Ва роҳи макру фиребро пеша кардаанд.
16 Он туро аз зани бероҳа* нигаҳбонӣ мекунад,
Аз зани сабукпое*, ки суханони дилфиреб мегӯяд,+
17 Ӯ ёри* ҷавонии худро тарк намудааст+
Ва аҳди Худояшро фаромӯш кардааст.
18 Хонаи ӯ ба коми марг фурӯ меравад
Ва роҳҳои ӯ сӯйи мурдагон мебарад.+