Ҷустуҷӯи ганҷҳои дар Ӯ ниҳон
«Дар Ӯ ҳамаи ганҷҳои ҳикмат ва дониш ниҳон аст» (ҚӮЛ. 2:3).
1, 2. а) Соли 1922 чӣ ёфт шуд ва ин бозёфтҳо ҳоло дар куҷоянд? б) Каломи Худо ҳар касро ба чӣ даъват мекунад?
ЁФТ шудани ганҷу сарватҳои ниҳонӣ одатан хабари ҳангомаангез мегардад. Масалан, соли 1922, баъди даҳсолаҳои меҳнати пурмашаққат дар шароитҳои вазнин бостоншиноси бритониёӣ Ҳовард Картер мақбараи боҳашамат ва қариб осебнадидаи фиръавн Тутанхамонро ёфт. Дар он мақбара тақрибан 5 000 ашёҳои гуногун буданд.
2 Бозёфти Картер бешубҳа бузург буд ва бисёри он ашёҳои ёфтшуда ҳоло осорхонаю коллексияҳои хусусиро оро медиҳанд. Ин ёдгориҳо шояд ягон арзиши таърихӣ ё маънавӣ дошта бошанд, вале онҳо барои ҳаёти ҳаррӯзаи мо қариб ё тамоман аҳамияте надоранд. Каломи Худо бошад, моро ба ҷустуҷӯи ганҷҳое даъват мекунад, ки бо ҳаётамон бевосита алоқаманданд. Ҳар шахс ин ганҷҳоро ҷустуҷӯ карда метавонад ва мукофоте, ки ӯ аз ин мегирад, аз ҳар ганҷи моддӣ қиматтар аст. (Масалҳо 2:1–6-ро бихонед.)
3. Ганҷҳое, ки Яҳува ба ҷустуҷӯ кардани онҳо ходимонашро даъват мекунад, аз кадом ҷиҳатҳо муфиданд?
3 Ганҷҳое, ки Яҳува ба ҷустуҷӯ кардани онҳо ходимонашро даъват мекунад, чӣ арзише доранд? Масалан, яке аз чунин ганҷҳо «тарси Худованд» аст, ки моро дар ин замонҳои нотинҷ ҳифз мекунад ва аз роҳи бад нигаҳ медорад (Заб. 18:10). Ба туфайли ҷустуҷӯ кардани «дониши Худо» мо бо Ҳаққи Таоло муносибатҳои наздик дошта метавонем, ки ин имтиёзи бузургтарин аст. Ғайр аз ин, ганҷҳое мисли хиради илоҳӣ, дониш ва фаҳм кӯмак мекунанд, ки мушкиливу душвориҳои ҳаёти ҳаррӯзаамонро бо муваффақият ҳал кунем (Мас. 9:10, 11). Чунин ганҷҳоро мо чӣ гуна ба даст оварда метавонем?
Ҷустуҷӯи ганҷҳои рӯҳонӣ
4. Барои ёфтани ганҷҳои рӯҳонӣ ба мо чӣ кӯмак мекунад?
4 Бостоншиносон ва таҳқиқотчиёни дигар барои ёфтани ганҷу сарватҳо дар ҳама ҷо кофтуковҳои тӯлонӣ мегузаронанд, мо бошем, аниқ медонем, ки ганҷҳои рӯҳониро дар куҷо ҷустуҷӯ кунем. Каломи Худо мисли харита аст ва дар он кони ганҷҳое, ки Худо ваъда кардааст, нишон дода шудаанд. Масалан, дар бораи Масеҳ Павлуси расул мегӯяд: «Дар Ӯ ҳамаи ганҷҳои ҳикмат ва дониш ниҳон аст» (Қӯл. 2:3). Пас, саволҳои зерин ба миён меоянд: «Чаро мо бояд он ганҷҳоро ҷустуҷӯ кунем? Ба кадом маъно онҳо дар Масеҳ «ниҳон» мебошанд? Чӣ тавр онҳоро ёфта метавонем?» Барои ҷавоб ба ин саволҳо, биёед суханони расулро бо диққат дида бароем.
5. Сабаби оиди ганҷҳои рӯҳонӣ навиштани Павлус дар чӣ буд?
5 Павлус он суханонро ба масеҳиёни шаҳри Қӯлассо навишта буд. Ӯ гуфт, ки барои онҳо заҳмат кашид, то ки «дилҳои онҳо тасаллӣ ёфта, дар муҳаббат пайванд шавад». (Қӯлассиён 2:1, 2–ро бихонедa.) Вай аз чӣ хавотир буд? Эҳтимол Павлус медонист, ки байни онҳо тарафдорони фалсафаи юнонӣ ҳастанд ва ҳамчунин баъзеҳо барои аз нав риоя кардани Қонуни Мусо баромад мекунанд. Ӯ мефаҳмид, ки бародарон ба таъсири ин гуна шахсон афтода метавонанд. Вай бародаронро ба таври ҷиддӣ огаҳ кард: «Бохабар бошед, ки касе шуморо бо фалсафа ва фитнаи ботиле ки бар тибқи ривояти инсонӣ, бар тибқи аносири ҷаҳон, на бар тибқи Масеҳ аст, ҷазб накунад» (Қӯл. 2:8).
6. Чаро маслиҳати Павлус барои мо аҳамият дорад?
6 Имрӯз мо ҳам бо таъсироти ба ин монанд, ки аз Шайтон ва дунёи шарири вай бармеояд, рӯ ба рӯ мешавем. Назарияҳои фалсафии ин ҷаҳон, ба монанди инкор кардани мавҷудияти Худо ва таҳаввулот (эволютсия), ба одамон таъсир карда, тарзи фикрронӣ, меъёрҳои ахлоқӣ, мақсадҳо ва тарзи зиндагии онҳоро муайян мекунанд. Бисёре аз иду ҷашнҳои маъмул асосан бо дини дурӯғин алоқаманданд. Вақтхушиҳои зиёди ҳозиразамон ба қонеъ кардани ҳавасҳои пасти нафсонӣ ташвиқ мекунанд; аксари маълумоти дар Интернетбуда ҳам барои ҷавонон ва ҳам барои калонсолон дар асл хатарноканд. Мо ҳамеша зери ин ва дигар таъсироти ҷаҳонӣ қарор дорем, ки ин дар навбати худ метавонад ба осонӣ дар эҳсосоту муносибате, ки мо ба ҳидояти Яҳува дорем, инъикос гардад. Дар натиҷа, умеди мо ба «ҳаёти ҷовидонӣ» суст шуда метавонад. (1 Тимотиюс 6:17–19-ро бихонед.) Бешубҳа, агар мо ба домҳои Шайтон афтидан нахоҳем, мо бояд ба моҳияти суханоне, ки Павлус ба қулассиён навишт, сарфаҳм равем ва ба маслиҳати ӯ аз таҳти дил гӯш кунем.
7. Павлус кадом ду чизеро, ки ба қӯлассиён кӯмак карда метавонистанд, қайд намуд?
7 Ба суханоне, ки Павлус ба қӯлассиён навиштааст, бармегардем. Баъди изҳор кардани ташвишу хавотириаш, Павлус ба ду чизе ишора мекунад, ки барои тасаллӣ ёфтану дар муҳаббат пайванд шудани онҳо кӯмак карда метавонистанд. Дар аввал, ӯ ба «эътимоди комил дар фаҳмиши ҳақиқат» ишора намуд. Қӯлассиён бояд боварии комил ҳосил мекарданд, ки Навиштаҳоро дуруст мефаҳманд, то ки имонашон таҳкурсии мустаҳкам дошта бошад (Ибр. 11:1). Сипас, Павлус ба «дониши дақиқ оиди сирри муқаддаси Худо» ишора намуд. Қӯлласиён оиди ҳақиқат дониши ибтидоӣ доштанд, вале ин кифоя набуд, онҳо бояд барои хуб фаҳмидани умқҳои Худо кӯшиш мекарданд (Ибр. 5:13, 14). Дар ҳақиқат чӣ маслиҳати оқилонае дод Павлус ба қӯлассиён ва барои мо! Пас, мо чунин эътимод ва дониши дақиқро чӣ тавр ба даст оварда метавонем? Ба ин савол суханони пурмазмуне, ки Павлус дар ҳаққи Исо гуфт, ҷавоб медиҳанд: «Дар Ӯ ҳамаи ганҷҳои ҳикмат ва дониш ниҳон аст».
Ганҷҳое, ки дар Масеҳ ниҳонанд
8. Ба кадом маъно ганҷҳои рӯҳонӣ дар Масеҳ «ниҳон» мебошанд?
8 Дар Масеҳ «ниҳон» будани ҳамаи ганҷҳои ҳикмат ва дониш маънои онро надорад, ки ин ганҷҳо дастнорасанд ва касе онҳоро ёфта наметавонад. Ин ганҷҳо ба он маъно «ниҳон» мебошанд, ки барои ёфтани онҳо мо бояд кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем ва таваҷҷӯҳи худро ба Исои Масеҳ равона созем. Ин бо суханоне, ки Исо дар бораи худаш гуфт, ҳамоҳанг аст: «Ман роҳ ва ростӣ ва ҳаёт ҳастам; касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи Ман» (Юҳ. 14:6). Бале, барои ёфтани дониш оиди Худо мо ба кӯмак ва ҳидояти Исо ниёз дорем.
9. Нақши Исо аз чӣ иборат аст?
9 Мувофиқи суханонаш Исо на фақат «роҳ» аст, вай ҳамчунин «ростӣ ва ҳаёт» мебошад. Ин нишон медиҳад, ки ӯ на танҳо барои ба Падар наздик шудани одамон васила аст. Исо ҳамчунин дар фаҳмидани «ростӣ», яъне ҳақиқати Китоби Муқаддас нақши муҳим мебозад ва бе ӯ одамон ҳаёти ҷовидонӣ ба даст оварда наметавонанд. Ҳақиқатан ҳам дар Исо ганҷҳои беназири рӯҳонӣ ниҳонанд ва ҳар муҳаққиқи бодиққати Китоби Муқаддас онҳоро ёфта метавонад. Биёед баъзе аз ин ганҷҳои рӯҳониро, ки бо ояндаи мо ва муносибатҳоямон бо Худо бевосита алоқаманданд, дида бароем.
10. Аз Қӯлассиён 1:19 ва 2:9 мо дар бораи Исо чӣ мефаҳмем?
10 «Дар Ӯ тамоми пуррагии Илоҳият ҷисман сокин аст» (Қӯл. 1:19; 2:9). Азбаски Исо бо Падари осмониаш дар осмон миллиардҳо сол зиста буд, ӯ шахсияти Худо ва иродаи Ӯро аз ҳама нағзтар медонад. Дар тӯли хидмати заминиаш Исо чизеро, ки Падар ба ӯ ёд дода буд, ба дигарон таълим медод ва дар корҳояш хусусиятҳоеро, ки Падар дар ӯ тарбият карда буд, зоҳир менамуд. Ана барои чӣ Исо гуфта метавонист: «Ҳар кӣ Маро бинад, Падарро дидааст» (Юҳ. 14:9). Тамоми ҳикмат ва дониш оиди Худо дар Масеҳ ниҳон ё «сокин аст» ва роҳи беҳтарини хубтар шинос шудан бо Яҳува — ин бодиққат омӯхтани намунаи Исо мебошад.
11. Байни Исо ва пешгӯиҳои Китоби Муқаддас чӣ алоқамандие вуҷуд дорад?
11 «Шаҳодати Исо рӯҳи нубувват аст» (Ваҳй 19:10). Ин суханон нишон медиҳанд, ки Исо дар иҷрошавии пешгӯиҳои бисёри Китоби Муқаддас нақши асосӣ мебозад. Пешгӯиҳои Китоби Муқаддасро — аз пешгӯии нахустини дар Ҳастӣ 3:15 навишташуда то рӯъёҳои барҷастаи китоби Ваҳй — танҳо он вақт дуруст фаҳмидан мумкин аст, ки агар нақши Исо бо Салтанати Масеҳоӣ алоқаманд карда шавад. Аз ин рӯ, фаҳмост, ки чаро бисёри пешгӯиҳои Навиштаҳои Ибронӣ барои касоне, ки Исоро чун Масеҳи ваъдашуда қабул намекунанд, муаммо аст. Ҳамчунин фаҳмост, ки чаро онҳое, ки Навиштаҳои Иброниро бо бисёр пешгӯиҳои бо Масеҳ алоқамандаш қадр намекунанд, Исоро инсони бузурге меҳисобанду халос. Дониш оиди Исо барои халқи Худо калид аст. Он маънои пешгӯиҳоеро, ки иҷрошавиашон дар пеш аст, мекушояд (2 Қӯр. 1:20).
12, 13. а) Исо ба кадом маъно «нури ҷаҳон» аст? б) Масеҳиёне, ки аз зулмоти динӣ озод шудаанд, бояд чӣ гуна рафтор кунанд?
12 «Ман нури ҷаҳон ҳастам». (Юҳанно 8:12; 9:5–ро бихонед.) Асрҳо пеш аз он ки Исо дар замин тавлид шуд, Ишаъё–пайғамбар пешгӯӣ карда буд: «Қавме ки дар торикӣ мегаштанд, нури азиме диданд; бар онҳое ки дар кишвари сояи марг менишастанд, нуре дурахшид» (Иш. 9:2). Мувофиқи суханони Маттои расул ин пешгӯӣ ҳамон вақт иҷро шуд, ки Исо ба мавъиза оғоз карду мегуфт: «Тавба кунед, зеро ки Малакути Осмон наздик аст» (Мат. 4:16, 17). Бо хидматаш Исо ба одамон нури рӯҳонӣ мебахшид ва онҳоро аз асорати таълимоти бардурӯғ озод мекард. «Ман нур ҳастам, ки ба ҷаҳон омадаам,— гуфт Исо,— то ҳар кӣ ба Ман имон оварад, дар торикӣ намонад» (Юҳ. 1:3–5; 12:46).
13 Баъд аз солҳои зиёд Павлуси расул ба ҳамимонон гуфт: «Шумо як вақте зулмот будед, вале ҳоло нуре дар Худованд ҳастед: чун фарзандони нур рафтор кунед» (Эфс. 5:8). Масеҳиёне, ки аз бандҳои зулмоти динӣ озод шуданд, бояд чун фарзандони нур рафтор кунанд. Ин бо суханони зерине, ки Исо дар Мавъизаи Болоикӯҳӣ ба пайравонаш гуфта буд, ҳаммаъно аст: «Бигзор нури шумо бар мардум битобад, то ки аъмоли неки шуморо дида, ба Падари шумо, ки дар осмон аст, ҳамду сано хонанд» (Мат. 5:16). Шумо ганҷҳои рӯҳонии дар Исо ёфтаатонро бешубҳа бисёр қадр мекунед. Инро чӣ гуна нишон дода метавонед? — Бо рафтори хуби масеҳӣ ва бо он ки дар бораи ин ганҷҳо ба дигарон нақл мекунед.
14, 15. а) Дар замонҳои навишта шудани Китоби Муқаддас гӯсфандон ва дигар ҳайвонҳо дар ибодати ҳақиқӣ чӣ аҳамияте доштанд? б) Чаро нақши Исо чун «Барраи Худо» ӯро ганҷи беназир мегардонад?
14 Исо «Барраи Худо» мебошад (Юҳ. 1:29, 36). Мувофиқи Китоби Муқаддас барраву гӯсфандон дар бахшида шудани гуноҳҳои одамон ва ба Худо наздик шудани онҳо аҳамияти калон доштанд. Масалан, вақте ки Иброҳим писараш Исҳоқро қариб ба қурбонӣ овард, ба ӯ гуфта шуд, ки ба Исҳоқ зиёне нарасонад ва ба ҷояш қӯчқор, яъне гӯсфанди наринаро қурбон кунад (Ҳас. 22:12, 13). Ҳангоми аз ғуломии Миср озод шуданашон исроилиён бояд гӯсфандонро забҳ мекарданд ва хуни онҳоро то «фисҳи Худованд» ба паҳлӯдариҳои худ мемолиданд (Хур. 12:1–13). Баъдтар, дар Қонуни Мусо гуфта шуд, ки ҳайвонҳои гуногун, аз он ҷумла бузу гӯсфандон, ба қурбонӣ оварда шаванд (Хур. 29:38–42; Иб. 5:6, 7).
15 Ҳеҷ яке аз он қурбониҳо — умуман дилхоҳ қурбониҳое, ки одамон меоварданд — аз гуноҳу марг ба таври абадӣ раҳо карда наметавонистанд (Ибр. 10:1–4). Вале Исо «Барраи Худо [аст], ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад». Аллакай ин Исоро аз ҳар сарвату ганҷи моддии ягон вақт ёфтшуда авлотар мегардонад. Аз ин рӯ, барои бодиққат омӯхтани мавзӯҳои бо фидияи Исо алоқаманд вақт ҷудо кардан муҳим аст. Мо бояд ба фидия, ки инъоми бебаҳо аст, имон орем. Он гоҳ моро баракату инъоми бузурге интизор аст — «рамаи хурд»-ро ҷалолу шӯҳрат дар осмон ҳамроҳи Масеҳ ва «гӯсфандони дигар»-ро ҳаёти ҷовидонӣ дар биҳишти рӯи замин (Луқ. 12:32; Юҳ. 6:40, 47; 10:16).
16, 17. Чаро бароямон фаҳмидани нақши Исо чун «Сарвар ва Комилкунандаи имони мо» муҳим аст?
16 Исо «Сарвар ва Комилкунандаи имони мо» аст. (Ибриён 12:1, 2–ро бихонед.) Дар боби 11–уми нома ба ибриён Павлус дар бораи имон сухан меронад; аввал ӯ чӣ будани онро мухтасар шарҳ медиҳад ва сипас намунаи мардону занонеро меорад, ки мувофиқи имони худ мезистанд, аз он ҷумла ӯ намунаи Нӯҳ, Иброҳим, Соро ва Роҳобро қайд мекунад. Баъд аз ин, Павлус ҳамимононро ташвиқ мекунад, ки «ба Сарвар ва Комилкунандаи имони мо, яъне Исо, назар» дӯзанд. Чаро?
17 Ҳарчанд мардону занони содиқи дар боби 11–уми Ибриён қайдшуда ба ваъдаҳои Худо имони қавӣ доштанд, онҳо ҳама ҷузъиётро дар бораи он ки Худо чӣ гуна ваъдаашро тавассути Масеҳ ва Салтанат иҷро мекунад, намедонистанд. Ба ин маъно имони онҳо нопурра буд. Ҳатто онҳое, ки аз рӯи илҳоми Яҳува пешгӯиҳои бешумори бо Масеҳ алоқамандро навиштанд, маънои чизҳои навиштаашонро то охир намефаҳмиданд (1 Пет. 1:10–12). Танҳо ба туфайли Исо, имон комил, яъне пурра шуда метавонад. Пас, то чӣ андоза аниқ фаҳмидану эътироф кардани нақши Исо чун «Сарвар ва Комилкунандаи имони мо» муҳим аст!
Минбаъд низ ҷустуҷӯ кунед
18, 19. а) Ганҷҳои дигари дар Масеҳ ниҳонро номбар кунед. б) Чаро мо бояд минбаъд низ дар Исо ганҷҳои рӯҳониро ҷустуҷӯ кунем?
18 Хуллас, Исо дар наҷоти инсоният ва иҷрошавии мақсади Худо нақши муҳим мебозад. Мо танҳо баъзе ҷонибҳои нақши ӯро дида баромадем. Дар Масеҳ ганҷҳои дигари рӯҳонӣ низ ниҳонанд. Ҷустуҷӯи онҳо хурсандибахш ва судманд хоҳад буд. Масалан, Петруси расул Исоро «Сарвари ҳаёт» ва «ситораи субҳ» номид (Аъм. 3:15; 5:31; 2 Пет. 1:19). Китоби Муқаддас нисбати Исо ҳамчунин унвони «Омин»-ро истифода мекунад (Ваҳй 3:14). Оё шумо маъно ва аҳамияти ин нақшҳоро медонед? Чӣ тавре ки Исо гуфт, «биҷӯед, хоҳед ёфт» (Мат. 7:7).
19 Дар таърихи инсоният касе нест, ки мисли Исо дар иҷрошавии мақсади Худо ин қадар нақши муҳим бозида бошад ва беҳбудии абадии мо бо ӯ ин қадар зич алоқаманд бошад. Бале, дар Исо ганҷҳои рӯҳонӣ ниҳонанд ва ҳар касе, ки онҳоро аз таҳти дил ҷустуҷӯ мекунад, ёфта метавонад. Бигзор ёфтани ганҷҳои дар ӯ «ниҳон» ба шумо шодиву баракат орад.
[Эзоҳ]
a «Зеро мехоҳам шумо бидонед, ки ман чӣ гуна заҳмат кашидам барои шумо ва барои касоне ки дар Лудкия мебошанд, ва барои ҳамаи онҳое ки қиёфаи маро ба ҳасби ҷисм надидаанд, то ки дилҳои онҳо тасаллӣ ёфта, дар муҳаббат пайванд шавад... [«ва сарвати бузург — эътимоди комил дар фаҳмиши ҳақиқат ва дониши дақиқ оиди сирри муқаддаси Худо, яъне оиди Масеҳ, ба даст оранд», ТДН]» (Қӯл. 2:1, 2).
Оё дар хотир доред?
• Масеҳиён ба ҷустуҷӯ кардани чӣ гуна ганҷҳо даъват карда мешаванд?
• Чаро маслиҳате, ки Павлус ба қӯлассиён дода буд, барои мо ҳам аҳамият дорад?
• Баъзе ганҷҳои рӯҳонии дар Масеҳ «ниҳон»-ро номбар кунед ва онҳоро шарҳ диҳед.