4 Подшоҳон
2 Вақте Яҳува Илёсро+ дар тундбод+ ба осмон бароварданӣ буд, Илёс ва Элишоъ+ аз Ҷилҷол+ баромада, дар роҳ буданд. 2 Илёс ба Элишоъ гуфт: «Илтимос, дар ин ҷо бимон, зеро Яҳува маро ба Байт-Ил фиристодааст». Аммо Элишоъ гуфт: «Ба номи Яҳува, Худои зинда, ва ба ҳаёти ту қасам ки, ман туро тарк намекунам», ва онҳо ба Байт-Ил+ равона шуданд. 3 Дар Байт-Ил писарони пайғамбарон* ба назди Элишоъ омада, гуфтанд: «Оё медонӣ, ки Яҳува хоҷаатро имрӯз аз ту мегирад ва сардорат дигар бо ту нахоҳад буд?»+ Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Бале, медонам. Хомӯш бошед».
4 Илёс ба Элишоъ гуфт: «Эй Элишоъ, илтимос, дар ин ҷо бимон, зеро Яҳува маро ба Ериҳӯ+ фиристодааст». Вале ӯ гуфт: «Ба номи Яҳува, Худои зинда, ва ба ҳаёти ту қасам ки, ман туро тарк намекунам», ва онҳо ба Ериҳӯ омаданд. 5 Сипас писарони пайғамбарон, ки дар Ериҳӯ буданд, ба назди Элишоъ омада, гуфтанд: «Оё медонӣ, ки Яҳува хоҷаатро имрӯз аз ту мегирад ва сардорат дигар бо ту нахоҳад буд?» Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Бале, медонам. Хомӯш бошед».
6 Илёс ба Элишоъ гуфт: «Илтимос, дар ин ҷо бимон, зеро Яҳува маро ба Урдун фиристодааст». Вале ӯ гуфт: «Ба номи Яҳува, Худои зинда, ва ба ҳаёти ту қасам ки, ман туро тарк намекунам», ва ҳар дуи онҳо роҳашонро давом доданд. 7 Аз паси онҳо 50 писари пайғамбарон низ равона шуданд. Вақте Илёсу Элишоъ дар назди Урдун истоданд, ин 50 нафар низ бозистоданд ва аз дур ба онҳо нигоҳ мекарданд. 8 Илёс ҷомаашро+ кашида, печонд ва обро бо он зад. Об ду тақсим шуд ва ҳар дуи онҳо аз хушкӣ гузаштанд.+
9 Вақте онҳо ба тарафи дигар гузаштанд, Илёс ба Элишоъ гуфт: «Бигӯ, пеш аз он ки Худо маро аз пеши ту бибарад, бароят чӣ кор кунам?» Элишоъ гуфт: «Бигзор аз рӯҳи+ ту ба ман ҳиссаи дучанд+ дода шавад». 10 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Ту чизи душвореро хоҳиш кардӣ. Агар бубинӣ, ки чӣ тавр аз пеши ту бурда мешавам, чунин хоҳад шуд, агар набинӣ, чунин нахоҳад шуд».
11 Онҳо суҳбаткунон роҳ мерафтанд ки, ногаҳон аробаву аспони оташин+ пайдо шуданд ва онҳоро аз ҳам ҷудо карданд ва Илёс дар тундбод ба осмон баромад.+ 12 Элишоъ инро дида фарёд зад: «Эй падарам, эй падарам! Аробаи Исроил ва саворонаш!»+ Вақте Илёс аз назараш нопадид шуд, ӯ либоси худро ду пора кард.+ 13 Пас аз ин ӯ ҷомаи Илёсро,+ ки аз танаш афтода буд, бардошту ба соҳили Урдун баргашт. 14 Ӯ бо ҷомае, ки аз тани Илёс афтид, обро зада, гуфт: «Куҷост Яҳува, Худои Илёс?» Вақте ӯ обро зад, он ду тақсим шуд ва Элишоъ ба он тараф гузашт.+
15 Писарони пайғамбарон, ки дар Ериҳӯ буданд, Элишоъро аз дурӣ дида чунин гуфтанд: «Рӯҳи Илёс бар Элишоъ қарор гирифтааст».+ Онҳо ба пешвозаш баромада, то замин ба ӯ таъзим карданду 16 гуфтанд: «Ҳамроҳи бандагонат 50 марди далере ҳаст. Илтимос, иҷозат деҳ, ки рафта, хоҷаатро биҷӯянд. Шояд, рӯҳи Яҳува ӯро бардошта, дар яке аз кӯҳҳо ё водиҳо партофта бошад».+ Аммо ӯ гуфт: «Даркор нест, онҳоро нафиристед». 17 Вале онҳо гаштаву баргашта аз ӯ хоҳиш карданд, ниҳоят ӯ хиҷил шуда гуфт: «Майлаш, бифиристед». Писарони пайғамбарон 50 нафарро фиристоданд, вале онҳо се рӯз ҷустуҷӯ карда Илёсро наёфтанд. 18 Вақте онҳо баргаштанд, Элишоъ ҳанӯз дар Ериҳӯ+ буд. Ӯ ба онҳо гуфт: «Ман, охир, ба шумо гуфтам, ки наравед».
19 Баъд аз чанде мардони он шаҳр ба Элишоъ гуфтанд: «Хоҷаам мебинад, ки шаҳр дар ҷойи хуб ҷойгир аст,+ аммо обаш ганда ва заминаш бесамар аст*». 20 Он гоҳ ӯ гуфт: «Ба ман нимкосаи наве биёред ва ба он намак андозед», ва онҳо оварданд. 21 Сипас ӯ назди сарчашмаи об омад ва ба он намак партофта,+ гуфт: «Яҳува чунин мегӯяд: “Ман ин обро безарар кардам. Он дигар сабаби марг ва бесамарӣ* намешавад”». 22 Он об мувофиқи сухани Элишоъ безарар шуд ва то ба имрӯз чунин аст.
23 Ӯ аз он ҷо баромада, сӯйи Байт-Ил равона шуд. Вақте ӯ мерафт, бачагони хурд аз шаҳр баромаданд ва ӯро масхара карда+ гуфтанд: «Эй кал, бирав! Эй кал, бирав!» 24 Ниҳоят ӯ баргашта, ба кӯдакон нигоҳ кард ва онҳоро ба номи Яҳува дуои бад кард. Он гоҳ ду модахирс+ аз ҷангал баромада, аз байни онҳо 42 кӯдакро дарид.+ 25 Ӯ роҳи худро давом дода ба кӯҳи Кармил+ омад ва аз он ҷо боз ба Сомария рафт.