Чӣ тавр пирон дигаронро таълим медиҳанд, то масъулиятро ба ӯҳда гиранд?
«Он чиро, ки аз ман... шунидаӣ, ба одамони мӯътамаде бисупор» (2 ТИМ. 2:2).
1. а) Ходимони Худо аз замонҳои қадим чиро дарк мекарданд ва чаро ин дар рӯзҳои мо низ муҳим аст? б) Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?
ХОДИМОНИ Худо аз замонҳои қадим дарк мекарданд, ки таълимдиҳӣ барои гул-гул шукуфтани ҷамъомад мусоидат мекунад. Пайғамбар Иброҳим ғуломони дастпарварди худро барои наҷот додани Лут ҳамроҳи худ гирифт ва рафта ӯро озод кард (Ҳас. 14:14–16). Дар рӯзҳои шоҳ Довуд шумораи муайяни мардон барои ҳамду сано хондани Яҳува сурудгӯиро «таълим гирифта буданд» (1 Вақ. 25:7). Имрӯз мо ба муқобили Шайтон ва ҷаҳони вай меҷангем (Эфс. 6:11–13). Мо ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем, то ба дигарон дар бораи номи Яҳува гап занем ва ҳамин тавр Ӯро ҷалол диҳем (Ибр. 13:15, 16). Пас, барои муваффақ шудан мо бояд чун ходимони замони пеш таълим гирем. Дар ҷамъомад Яҳува масъулияти таълимдиҳии бародаронро ба ӯҳдаи пирон гузоштааст (2 Тим. 2:2). Кадом тарзҳои таълимдиҳиро баъзе пирон истифода мебаранд, то бародаронро барои ғамхорӣ кардан ба халқи Худо тайёр кунанд?
БА РУШДИ РӮҲОНИИ ТАЪЛИМГИРАНДАГОН МУСОИДАТ КУНЕД
2. Пирон пеш аз он ки ба таълимгиранда чизеро ёд диҳанд, чӣ кор карда метавонанд ва чаро?
2 Вазифаи пиронро ба деҳқон монанд кардан мумкин аст. Пеш аз коштани тухмӣ деҳқон барои серҳосил кардани замин онро пору мерезад. Хуб мебуд, ки пирон низ пеш аз таълим додани ягон маҳорат ҳамроҳи таълимгиранда баъзе принсипҳои Китоби Муқаддасро дида бароянд. Ин ба ӯ кӯмак мерасонад, ки таълими пиронро бо омодагӣ қабул кунад (1 Тим. 4:6).
3. а) Чӣ тавр суханони Исоро аз Марқӯс 12:29, 30 ҳангоми гуфтугӯ бо таълимгиранда ба кор бурдан мумкин аст? б) Дуое ки пир дар ҳаққи таълимгиранда мегӯяд, ба ӯ чӣ гуна таъсир карда метавонад?
3 Пирон, шумо барои фаҳмидани он ки то чӣ андоза ҳақиқат дар дили таълимгиранда реша давондааст, ба ӯ чунин савол дода метавонед: «Оё он ки ту худро ба Яҳува бахшидӣ, ба қарорҳоят таъсир расонд?» Ҳамин хел шумо дар бораи он сӯҳбат карда метавонед, ки чӣ тавр ба Яҳува бо дилу ҷон хизмат кардан мумкин аст. (Марқӯс 12:29, 30-ро бихонед.) Аз фурсат истифода бурда шумо ҳатто метавонед ҳамроҳи ӯ дуо гӯед ва аз Яҳува пурсед, ки барои хуб таълим гирифтан ба таълимгиранда ба қадри лозима рӯҳулқудс бидиҳад. Вақте бародар мешунавад, ки шумо дар ҳаққи ӯ дуо гуфтед, ин ӯро ба кардани кори бештар бармеангезад.
4. а)Аз Навиштаҳо ягон мисол оред, ки таълимгирандаро барои рӯҳан рушд кардан водор карда метавонад? б) Ҳангоми таълимдиҳӣ пирон бояд чӣ гуна мақсад дошта бошанд?
4 Хуб мебуд, ки дар аввали таълимдиҳӣ диққати таълимгиранда ба баъзе аз воқеаҳои Китоби Муқаддас равона кунед. Рӯйдодҳоеро муҳокима кунед, ки ба ӯ дар фаҳмидани он ки зоҳир кардани рӯҳияи омодагӣ ва шахси бовариноку фурӯтан будан муҳим аст, кӯмак расонанд (3 Подш. 19:19–21; Наҳ. 7:2; 13:13; Аъм. 18:24–26). Чи хеле ки пору барои серҳосил шудани замин зарур аст, ҳамин тавр барои рушди рӯҳонии таълимгиранда доштани ин хислатҳо муҳиманд. Як пири ҷамъомад аз Фаронса бо номи Жан-Клод чунин мегӯяд: «Ҳангоми таълимдиҳӣ мақсади асосии ман ин аст, ки ба таълимгиранда кӯмак кунам, то ба ҳама чиз назари рӯҳонӣ дошта бошад. Ман доимо имконият меҷӯям, ки ягон оятро якҷоя бо таълимгиранда хонем. Баъд ба ӯ кӯмак мекунам, ки чашмонаш барои дидани “корҳои аҷоиб”-и Каломи Худо кушода шаванд» (Заб. 118:18). Чӣ тавр ба таълимгиранда барои рӯҳан рушд кардан кӯмак намудан мумкин аст?
БАРОИ ДОШТАНИ МАҚСАДҲОИ РӮҲОНӢ БА ОНҲО КӮМАК КУНЕД
5. а) Чаро бо таълимгиранда дар бораи мақсадҳои рӯҳонӣ гап задан муҳим аст? б) Чаро ба пирон зарур аст, ки бародаронро аллакай аз синни наврасӣ таълим диҳанд?
5 Аз таълимгиранда пурсед: «Ту дар пеши худ чӣ гуна мақсадҳои рӯҳонӣ гузоштаӣ?» Агар ягон мақсади муайян надошта бошад, ба ӯ кӯмак кунед, ки дар пеши худ мақсаде гузорад, ки ба он расида метавонад. Бо шавқу завқ дар бораи яке аз мақсадҳои рӯҳонии худ ва оиди он ки чӣ қадар ҳангоми ба он расидан шодӣ ҳис кардед, нақл кунед. Ин тарзи таълимдиҳӣ оддӣ ва ҳамзамон самарабахш аст. Виктор ном пешраве аз Африқо, ки чун пири ҷамъомад хизмат мекунад, мегӯяд: «Вақте наврас будам, пире ба ман дар бораи мақсадҳоям якчанд саволи хуб ва мувофиқ дод. Он саволҳо ба ман ёрӣ расониданд, ки ба хизмати худ ҷиддӣ муносибат кунам». Пирони ботаҷриба мегӯянд, ки таълим додани бародаронро аллакай аз синни наврасиашон сар кардан даркор аст. Шумо метавонед мувофиқи синну солашон ба онҳо дар ҷамъомад ягон супориш диҳед. Чунин таълимдиҳии саривақт ба бародарони ҷавон кӯмак мекунад, ки сӯи мақсадҳои рӯҳонӣ шитобанд ва ҳатто ҳангоми дучоршавӣ бо селоби васвасаҳо ва монеаҳо диққаташонро ба чизҳои рӯҳонӣ равона кунанд. (Забур 70:5, 17-ро бихонед.)a
6. Исо ҳангоми таълимдиҳии худ чиро фаромӯш намекард?
6 Шумо дар таълимгиранда хоҳиши хизмат карданро бедор карда метавонед, агар ба ӯ на танҳо гӯед, ки чӣ кор бояд кунад, балки фаҳмонед, ки барои чӣ он зарур аст. Ҳамин тавр шумо ба Устоди Бузург — Исо пайравӣ мекунед. Масалан, ӯ пеш аз он ки ба пайравонаш супориши шогирд тайёр карданро диҳад, сабабашро фаҳмонд, ки чаро итоат кардан ба ин амр муҳим аст. Ӯ гуфт: «Ба Ман тамоми қудрат дар осмон ва бар замин дода шудааст». Танҳо баъд аз ин ӯ илова кард: «Пас, биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед» (Мат. 28:18, 19). Чӣ тавр пирон ба тарзи таълимдиҳии Исо пайравӣ карда метавонанд?
7, 8. а) Чӣ тавр имрӯз пирон ба тарзи таълимдиҳии Исо пайравӣ карда метавонанд? б) Барои чӣ таъриф кардани таълимгиранда муҳим аст? в) Кадом пешниҳодот ба пирон дар таълим додани дигарон кӯмак мекунад? (Ба чорчӯбаи «Баъзе аз тарзҳои таълимдиҳӣ» нигаред.)
7 Вақте шумо аз бародар чизеро хоҳиш мекунед, ба ӯ дар асоси Китоби Муқаддас фаҳмонед, ки чаро ин кор муҳим аст. Ҳамин тавр шумо ба ӯ кӯмак мекунед, ки дар бораи принсипҳои Китоби Муқаддас фикр кунад. Фарз кардем, шумо аз бародаре хоҳиш мекунед, ки даромадгоҳи Толори Салтанатро тоза ва барои роҳгардӣ бехатар нигоҳ дорад. Дар ин ҳол шумо метавонед ба ӯ ояти Титус 2:10-ро нишон диҳед. Ба ӯ фаҳмонед, ки чӣ тавр кори ӯ хабари Салтанатро боз ҳам ҷалбкунанда месозад. Ҳамчунин аз таълимгиранда хоҳиш кунед, то дар бораи он фикр кунад, ки чӣ тавр ин кораш ба хоҳару бародарони пиронсоли ҷамъомад кӯмак карда метавонад. Чунин сӯҳбат ба ӯ ёрӣ медиҳад, ки бештар дар бораи одамон фикр кунад, на дар бораи қонуну қоида. Ӯ аз дидани он ки хоҳару бародарон аз кори кардаи ӯ манфиат мегиранд, хурсандӣ ҳис мекунад.
8 Таълимгирандаро барои иҷро кардани супоришаш таъриф кунед. Чаро ин муҳим аст? Чи тавре ки об барои нашъунамо ёфтани растанӣ зарур мебошад, ҳамин тавр таърифи самимӣ ба рушди рӯҳонии таълимгиранда мусоидат мекунад. (Бо Матто 3:17 муқоиса кунед.)
ДУШВОРИИ ДИГАР
9. а) Дар мамлакатҳои пешрафта пирон бо чӣ гуна душворӣ рӯ ба рӯ мешаванд? б) Аз кадом сабаб баъзе бародарони ҷавон хизмат ба Худоро дар ҷои аввали ҳаёташон намегузоранд?
9 Дар мамлакатҳои бой ва пешрафта пирон бо душвории дигаре рӯ ба рӯ мешаванд. Онҳо намефаҳманд, ки чӣ тавр бародарони ҷавонро ҷалб кунанд, то дар корҳои ҷамъомад иштирок намоянд. Мо аз пирони ботаҷриба аз 20 мамлакати гуногуни Ғарб пурсидем, ки аз кадом сабаб бародарони ҷавон ба гирифтани масъулият дар ҷамъомад намекӯшанд. Аксари онҳо чунин ҷавоб доданд: сабаб дар он аст, ки падару модарашон дар синни наврасӣ онҳоро ташвиқ накарданд, ки дар пеши худ мақсадҳои рӯҳонӣ гузоранд. Ҷавонони дигар бошанд, гарчанд мехостанд дар ҷамъомад масъулиятҳо дошта бошанд, лекин волидонашон онҳоро ташвиқ карданд, ки сӯи мақсадҳои дигар шитобанд. Барои ҳамин хизмат ба Худо дар ҳаёти онҳо дигар дар ҷои аввал набуд (Мат. 10:24).
10, 11. а) Чӣ тавр пири ҷамъомад ба бародар кӯмак карда метавонад, ки оҳиста-оҳиста фикррониашро дигар кунад? б) Дар асоси кадом порчаҳои Навиштаҳо пирон ҳамроҳи таълимгиранда мулоҳиза ронда метавонанд ва чаро? (Ба эзоҳ нигаред.)
10 Агар ба назар чунин намояд, ки бародар ба корҳои ҷамъомад шавқ надорад, барои дигар кардани фикрронии ӯ вақт ва сабру тоқати зиёд даркор аст. Чи тавре ки деҳқон бо рост кардани пояи растанӣ ба сабзидани он кӯмак мекунад, ҳамин тавр шумо бо ислоҳ кардани фикри ӯ диққаташро ба гирифтани масъулият равона карда метавонед. Чӣ тавр?
11 Пирон, барои бо таълимгиранда дӯст шудан вақт ҷудо кунед. Ба ӯ нишон диҳед, ки дар ҷамъомад шахси даркорӣ мебошад. Баъд бо гузашти як муддати вақт бо ӯ якҷоя нишаста дар асоси якчанд порчаи Навиштаҳо оиди ба Яҳува бахшидани ҳаёташ мулоҳиза ронед (Воиз 5:3; Иш. 6:8; Мат. 6:24, 33; Луқ. 9:57–62; 1 Қӯр. 15:58; 2 Қӯр. 5:15; 13:5). Шумо бо додани саволҳои зерин ба дили ӯ роҳ ёфта метавонед: «Вақте ту худро ба Яҳува бахшидӣ, ба Ӯ чӣ ваъда додӣ? Ба фикрат, он рӯз ки ту ҳаётатро ба Яҳува бахшидӣ, Ӯ чӣ ҳис кард? (Мас. 27:11). Шайтон-чӣ?» (1 Пет. 5:8). Хондан ва мулоҳиза рондан оиди порчаҳои пешакӣ интихобшудаи Китоби Муқаддас ба дили таълимгиранда таъсири сахт расонида метавонад. (Ибриён 4:12-ро бихонед.)b
ТАЪЛИМГИРАНДАГОН, БОВАРИНОК БОШЕД
12, 13. а) Чун таълимгиранда Элишоъ чӣ гуна рӯҳия зоҳир кард? б) Яҳува Элишоъро ба чӣ шарафманд гардонд?
12 Бародарони ҷавон, ҷамъомад ба кӯмаки шумо ниёз дорад! Чӣ гуна рӯҳия ба шумо кӯмак мерасонад, то дар хизмат ба Яҳува муваффақ бошед? Барои ба ин савол ҷавоб додан, биёед ҳаёти як таълимгирандаеро, ки дар замони қадим зиндагӣ мекард, дида бароем.
13 Қариб 3000 сол пеш пайғамбаре бо номи Илёс Элишои ҷавонро даъват кард, то дар баъзе корҳои майда-чуйда ба ӯ дастёрӣ кунад (4 Подш. 3:11). Тахминан баъд аз шаш соли таълимгирӣ Элишоъ фаҳмид, ки кори Илёс дар Исроил ба охир омадааст. Барои ҳамин Илёс аз Элишоъ хоҳиш кард, ки ӯро тарк кунад, аммо Элишоъ се бор ба ӯ гуфт: «Ман туро тарк нахоҳам кард». Барои чунин вафодориаш Яҳува Элишоъро баракат дод. Ӯ бо дидани он ки чӣ тавр Илёс дар тундбод ба боло бардошта шуд, шарафманд гардид (4 Подш. 2:1–12).
14. а) Чӣ тавр имрӯз таълимгирандагон ба намунаи Элишоъ пайравӣ карда метавонанд? б) Чаро муҳим аст, ки таълимгиранда боваринок бошад?
14 Шумо чӣ тавр ба Элишоъ пайравӣ карда метавонед? Чи супорише ки ба шумо надиҳанд, бо омодагӣ иҷро кунед, ҳатто агар ягон кори ба назар на чандон муҳим бошад ҳам. Ба омӯзгори худ чун ба дӯст нигаред. Бо рафтор ва гуфтори худ нишон диҳед, ки шумо кӯшишҳои ӯро қадр мекунед. Бо чунин муносибати худ шумо гӯё мисли Элишоъ мегӯед: «Ман туро тарк нахоҳам кард». Ба супоришҳои гирифтаатон ҷиддӣ муносибат намуда, онҳоро бо дилу ҷон иҷро кунед. Чаро ин муҳим аст? Зеро вақте шумо бо рафторатон нишон медиҳед, ки шахси масъулиятнок ва боваринок ҳастед, пирон боварӣ ҳосил мекунанд, ки Яҳува мехоҳад, то шумо дар ҷамъомад масъулиятҳои бештар дошта бошед. (Заб. 100:6; 2 Тимотиюс 2:2-ро бихонед.)
УСТОДОНИ ХУДРО ЭҲТИРОМ НАМОЕД
15, 16. а) Чӣ тавр Элишоъ нисбати устодаш эҳтиром нишон дод? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Ба туфайли чӣ пайғамбарон ба Элишоъ боварӣ ҳосил карданд?
15 Саргузашти Элишоъ ҳамчунин нишон медиҳад, ки эҳтиром кардани пирони ҷамъомад муҳим аст. Боре Илёс ва Элишоъ аз дарёи Ӯрдун гузашта, ба назди пайғамбарон ба Ериҳӯ рафтанд. Он гоҳ «Илёс ридои худро гирифта, лӯла кард, ва обро зад, ва он пора шуда ба ин тараф ва он тараф ақиб рафт». Ҳангоми аз об гузаштанашон онҳо «сухан меронданд». Элишоъ, албатта, фикр намекард, ки аллакай ҳама чизро медонад. То вақте ки Илёс ҳамроҳаш буд, Элишоъ ҳар як сухани ӯро ҷаббида мегирифт. Баъд бошад, ӯ ба боло бардошта шуд. Вақте Элишоъ бо роҳи омадааш баргашта ба назди дарёи Ӯрдун омад, либоси Илёсро ба замин зада фарёд кард: «Худованд Худои Илёс куҷост?» Оби дарё бори дуюм ду тақсим шуд (4 Подш. 2:8–14).
16 Оё шумо аҳамият додед, ки мӯъҷизаи аввалини Элишоъ айнан мисли мӯъҷизаи Илёс буд? Мо аз ин чӣ меомӯзем? Элишоъ хулоса набаровард, ки азбаски акнун ӯ набии Яҳува шудааст, ҳақ дорад, ки аз рӯи диди худ амал кунад. Баръакс, ӯ кӯшиш мекард, ки ҳар корро мисли Илёс кунад ва бо ин ӯ нисбати устодаш эҳтиром нишон медод. Ба туфайли ин дигар пайғамбарон ба Элишоъ боварӣ пайдо карданд (4 Подш. 2:15). Элишоъ 60 сол чун пайғамбар хизмат кард ва тӯли ин вақт Яҳува ба ӯ қувват дод, ки аз устодаш Илёс мӯъҷизаҳои хеле зиёдтар ба амал оварад. Аз ин воқеа таълимгирандагон чӣ дарс гирифта метавонанд?
17. а) Чӣ тавр имрӯз таълимгирандагон ба рӯҳияи Элишоъ пайравӣ карда метавонанд? б) Бо гузашти вақт Яҳува таълимгирандагони боваринокро бо чӣ шарафманд карда метавонад?
17 Фикр накунед, ки ҳамин ки шумо дар ҷамъомад соҳиби ягон масъулият шудед, метавонед мувофиқи диди худ амал карда дарҳол дигаргунӣ дароред. Кас набояд танҳо аз сабаби он ки тағйирот дохил кардан мехоҳад, чунин кунад. Сабаби даровардани дигаргуниҳо бояд ниёзҳои ҷамъомад ва дастуроти ташкилоти Яҳува бошад. Чи хеле ки Элишоъ бо рафтори худ нисбати устодаш эҳтиром нишон дод ва боварии пайғамбарони дигарро ба даст овард, шумо низ метавонед ҳамимононатонро боварӣ бахшед ва бо истифода бурдани усулҳои пирони ботаҷриба нисбати онҳо эҳтиром зоҳир кунед. (1 Қӯринтиён 4:17-ро бихонед.) Лекин бо пайдо кардани таҷриба шумо метавонед дар кори ҷамъомад беҳбудӣ дароваред, то ки он бо ташкилоти Яҳува, ки доимо дар ҳаракат аст, ҳамқадам бошад. Бо гузашти вақт Яҳува шояд шуморо ба он шарафманд гардонад, ки корҳои аз устодатон бузургтарро ба ҷо оред (Юҳ. 14:12).
18. Чаро таълим додани бародарон дар ҷамъомадҳо хеле муҳим аст?
18 Мо умед дорем, ки маслиҳатҳои ин мақола ва мақолаи гузашта пирони ҳар чи бештарро бармеангезад, ки барои таълимдиҳӣ вақт ҷудо кунанд. Бигзор бародарони ба талабот ҷавобгӯ бо омодагӣ таълимро қабул кунанд ва фикрҳои муфидро барои ғамхорӣ кардан ба гӯсфандони Яҳува ба кор баранд. Кори таълимдиҳӣ ҷамъомадҳои тамоми ҷаҳонро мустаҳкам карда, ба ҳар яки мо кӯмак мекунад, ки то омадани замонҳое ки аз воқеаҳои ҳаяҷонбахш пур хоҳанд буд, устувор бимонем.
a Агар бародари ҷавон хислатҳои ба масеҳии баркамол хосро зоҳир кунад, фурӯтан бошад ва ба талаботи Навиштаҳо мувофиқат кунад, пирон метавонанд ӯро чун ходими ёвар тавсия диҳанд, ҳатто агар синну соли ӯ ба бист нарасида бошад (1 Тим. 3:8–10, 12; ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1 феврали соли 1990, саҳ. 23 нигаред.)
b Дар сӯҳбат бо таълимгиранда шумо метавонед баъзе фикрҳоро аз «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 апрел [bw-521]-и с. 2012, саҳ. 14–16, сарх. 8–13 ва китоби «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред», боби 16, сарх. 1–3, истифода баред.