3 Подшоҳон
19 Пас аз ин Аҳъоб+ ҳамаи корҳои Илёс ва онро, ки ӯ тамоми пайғамбаронро аз дами шамшер гузаронд,+ ба Изобал+ нақл кард. 2 Он гоҳ Изобал ба назди Илёс кас фиристода, гуфт: «Худоён маро ба балоҳо гирифтор кунанд, агар пагоҳ, дар ҳамин вақт, ман туро накушам, чуноне ки ту онҳоро куштӣ!» 3 Он гоҳ ӯ аз тарси ҷон аз он ҷо гурехт.+ Ӯ ба Баир-Шобаи+ Яҳудо+ омад ва дастёрашро он ҷо монда, рафт. 4 Илёс дар биёбон роҳи якрӯзаро тай кард ва омада, зери буттаи гули товусӣ нишаст ва барои ҷони худ марг талабид. Ӯ гуфт: «Бас аст, эй Яҳува, ҷони маро бигир,+ зеро ман аз бобоёни худ беҳтар нестам».
5 Пас аз ин ӯ зери бутта дароз кашид ва хобаш бурд. Ногаҳон фариштае ба ӯ даст расонд+ ва гуфт: «Бархез ва бихӯр».+ 6 Вақте Илёс нигоҳ кард, дар назди сараш нонеро бар болои сангҳои тафсон ва кӯзаи оберо дид. Ӯ хӯрду нӯшид ва боз хоб рафт. 7 Пас аз чанде фариштаи Яҳува бори дуюм ба наздаш омада, ба ӯ даст расонд ва гуфт: «Бархез ва бихӯр, зеро туро сафари дурударозе дар пеш аст». 8 Ӯ бархест ва хӯрду нӯшид ва қувват гирифта, 40 шабу 40 рӯз роҳ рафт, то даме ки ба Ҳӯриб, ба кӯҳи Худо, расид.+
9 Илёс дар он ҷо ба ғоре даромад,+ то шабро рӯз кунад, ва Яҳува ба ӯ сухан ронда гуфт: «Эй Илёс, ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?» 10 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Ман нисбати Яҳува, Худои лашкарҳо, ғайрату вафодории зиёде доштам,+ халқи Исроил бошад, аҳди туро шикаст,+ қурбонгоҳҳоятро вайрон кард ва пайғамбаронатро аз дами теғ гузаронд,+ фақат ман зинда мондам. Акнун онҳо қасди ҷони маро доранд».+ 11 Ӯ гуфт: «Берун омада, дар ҳузури Яҳува бар кӯҳ биист». Вақте Яҳува мегузашт,+ шамоли беҳад пурзӯре ба ҳузури Яҳува кӯҳҳоро пора кард ва шахҳоро шикаст,+ аммо Яҳува дар шамол набуд. Пас аз шамол замин ҷунбид,+ аммо Яҳува дар заминҷунбӣ набуд. 12 Пас аз заминҷунбӣ оташ аланга зад,+ аммо Яҳува дар оташ набуд. Баъди оташ овози пасти ороме шунида шуд.+ 13 Ҳамин ки Илёс овозро шунид, рӯяшро бо ҷомааш пӯшонд+ ва берун омада, дар даҳани ғор истод. Он гоҳ овоз аз ӯ пурсид: «Эй Илёс, ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?» 14 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Ман нисбати Яҳува, Худои лашкарҳо, ғайрату вафодории зиёде доштам, халқи Исроил бошад, аҳди туро шикаст,+ қурбонгоҳҳоятро вайрон кард ва пайғамбаронатро аз дами теғ гузаронд, фақат ман зинда мондам. Акнун онҳо қасди ҷони маро доранд».+
15 Яҳува ба ӯ гуфт: «Баргашта, ба биёбони Димишқ бирав. Вақте ба он ҷо бирасӣ, Ҳазоилро+ подшоҳи Арам* таъйин* бикун. 16 Ҳамчунин Еҳуи+ набераи Нимширо подшоҳи Исроил ва Элишои* писари Шофоти обилмаҳӯлоиро ба ҷойи худ пайғамбар таъйин* бикун.+ 17 Ҳар кӣ аз шамшери Ҳазоил халосӣ ёбад,+ ӯро Еҳу мекушад+ ва ҳар кӣ аз шамшери Еҳу халосӣ ёбад, ӯро Элишоъ мекушад.+ 18 Ман дар Исроил боз 7000 нафаре дорам,+ ки дар пеши Баал зону назадаанд+ ва лабонашон ӯро набӯсидаанд».+
19 Ӯ аз он ҷо рафта, Элишои писари Шофотро ёфт. Пешопеши Элишоъ 12 ҷуфт буққа шудгор мекард ва ӯ бо ҷуфти 12-ум буд. Илёс ба ӯ наздик шуд ва ҷомаи+ худро бар ӯ партофт. 20 Элишоъ буққаҳоро монда, аз паси Илёс давиду гуфт: «Илтимос, иҷозат деҳ, ки падару модарамро бӯсида, хайрухуш кунам ва сипас аз паси ту равам». Илёс ба ӯ гуфт: «Бирав, ман, охир, пеши роҳатро нагирифтаам». 21 Ӯ баргашт ва ҷуфти буққаҳоро гирифта, онҳоро қурбон кард ва олоти шудгорро ҳезумӣ карда, гӯшти буққаҳоро ҷӯшонду ба мардум тақсим кард ва онҳо хӯрданд. Пас аз ин ӯ бархоста, аз паси Илёс рафт ва дастёри ӯ шуд.+