2 Таслӯникиён
2 Вале, эй бародарон, дар хусуси ҳузури Ҳазратамон Исои Масеҳ+ ва назди ӯ ҷамъ омаданамон+ аз шумо чунин хоҳиш мекунем: 2 агар дар сухани илҳомбахшида,+ хабар ё номае, ки гӯё аз мост, гуфта шавад, ки рӯзи Яҳува+ аллакай фаро расидааст, даррав ақлатонро гум накунед ва ба ҳарос наафтед.
3 Эҳтиёт шавед, ки ягон кас коре карда шуморо гумроҳ насозад ва бидонед, ки, то даме осиён+ ба миён наоянд ва бадкор,+ яъне писари ҳалокат,+ ошкор нашавад, он рӯз фаро намерасад. 4 Ин душман худро аз ҳар гуна ба ном худоҳо ё чизҳои парастиданӣ боло мегирад ва дар ибодатгоҳи Худо нишаста, худро дар пеши ҳама худо вонамуд мекунад. 5 Магар дар хотир надоред, ки ҳанӯз ҳангоми бо шумо буданам ин чизҳоро гуфта будам?
6 Ҳоло шумо медонед, ки пеши роҳи он шахсро кӣ гирифта истодааст, то ин ки вай пеш аз вақташ ошкор нагардад. 7 Рост аст ки, ин бадкор аллакай амал карда истодааст,+ вале ин ҳоло аён нест. Амали ӯ то даме пӯшида мемонад, ки касе ба вай монеъ аст, аз сари роҳаш дур гардад. 8 Баъди ин бадкор ошкор мегардад ва Ҳазрати Исо ӯро бо дами даҳонаш мекушаду+ дар вақти аён гаштани ҳузураш нобуд мекунад.+ 9 Ҳузури бадкор бо дастгирии Шайтон аст+ ва ӯ ба бадкор қувват медиҳад, ки ҳар гуна муъҷизаҳо, аломатҳои сохта ва корҳои ҳайратангез ба амал орад+ 10 ва бо ҳар гуна беинсофӣ одамонро фиреб диҳад.+ Ҳамаи ин корҳо барои нобудшавандагон аст. Ин ҷазои онҳост, зеро онҳо ростии наҷотбахшро қабул накарданду дӯст надоштанд. 11 Барои ҳамин Худо роҳ медиҳад, ки таълимоти фиребанда онҳоро гумроҳ созад ва онҳо ба дурӯғ бовар кунанд.+ 12 Онҳо ки ба ростӣ бовар накарданду бадкориро маъқул донистанд, доварӣ карда мешаванд.
13 Лекин мо бояд Худоро барои шумо, эй бародарон, эй азизони Яҳува, ҳамеша шукр гӯем, зеро Худо аз аввал шуморо барои наҷот интихоб кард.+ Шумо бо рӯҳи ӯ муқаддас гаштед,+ чунки ба ростӣ имон овардед. 14 Ӯ ба воситаи хушхабаре, ки мо мерасонем, шуморо даъват кард, то ҷалоли Ҳазратамон Исои Масеҳро соҳиб шавед.+ 15 Пас, эй бародарон, устувор бошеду+ ба таълиме*, ки аз мо гирифтаед, бичаспед,+ хоҳ онро даҳонакӣ гирифта бошед, хоҳ ба воситаи нома. 16 Бигзор аз Ҳазратамон Исои Масеҳ ва Падарамон Худо, ки моро дӯст доштааст+ ва аз лутфу марҳаматаш ба мо тасаллии беохир ва умеди неку додааст,+ 17 дилатон тасаллӣ ёбаду шумо дар гуфтору рафтори нек устувор гардед.