3 Мӯсо
23 Яҳува суханашро бо Мӯсо давом дода гуфт: 2 «Ба исроилиён чунин бигӯ: “Идҳои ҳарсолаи Яҳува,+ ки шумо бояд онҳоро эълон кунед,+ ҷамъомадҳои муқаддасанд. Инҳоянд идҳои ҳарсолаи ман:
3 Шаш рӯз кор кунед, аммо рӯзи ҳафтум аз ҳама корҳои худ ором гирифта, шанберо риоя кунед.+ Дар ин рӯзи ҷамъомади муқаддас ҳеҷ гуна кор накунед. Дар ҳар ҷойи зистатон шанбеи Яҳуваро риоя кунед.+
4 Инҳоянд идҳои ҳарсолаи Яҳува, ҷамъомадҳои муқаддасе, ки шумо бояд дар вақти барояшон муқарраршуда онҳоро эълон кунед: 5 дар моҳи аввал, дар рӯзи 14-уми моҳ,+ вақти шом*, Иди Раҳоӣ,+ иди Яҳува, аст.
6 Дар рӯзи 15-уми ин моҳ Иди Фатир, иди Яҳува, аст.+ Дар ин вақт ҳафт рӯз фатир* бихӯред.+ 7 Бигзор дар рӯзи якум бароятон ҷамъомади муқаддас бошад.+ Дар ин рӯз ҳеҷ кори вазнин накунед. 8 Ҳафт рӯз барои Яҳува қурбониҳое биёред, ки дар оташ сӯзонида мешаванд. Дар рӯзи ҳафтум ҷамъомади муқаддас мешавад. Дар ин рӯз ҳеҷ кори вазнин накунед”».
9 Яҳува боз ба Мӯсо гуфт: 10 «Ба исроилиён чунин бигӯ: “Вақте шумо ба замине, ки ба шумо медиҳам, биёед ва ҳосили онро дарав кунед, аз ҳосили аввали худ+ ба коҳин дарзаеро биёред.+ 11 Коҳин дарзаро ин тарафу он тараф ба ҳузури Яҳува меҷунбонад, то шумо розигии Худоро соҳиб шавед. Коҳин онро бояд як рӯз пас аз шанбе ҷунбонад. 12 Дар рӯзе ки ӯ дарзаро меҷунбонад, шумо бояд қӯчқори ҷавони солимеро, ки яксола ё хурдтар бошад, чун қурбонии сӯхтанӣ барои Яҳува биёред. 13 Ҳадияи ғаллаи он бояд ду даҳяк эфа* орди маҳини бо равған омехта бошад. Онро барои Яҳува чун қурбонии хушбӯе*, ки дар оташ сӯзонида мешавад, биёред. Ҳадияи рехтании он бояд чоряк ҳин* шароб бошад. 14 То ин рӯз, яъне то даме ки ҳадияи Худоятонро наоред, ҳеҷ гуна нон, ғаллаи бирён ё ғаллаи тару тоза нахӯред. Ин барои ҳама наслҳои шумо амри бардавом аст дар ҳама ҷойҳои зистатон.
15 Аз он рӯзе ки ту дарзаи худро чун ҳадияи ҷунбониданӣ меорӣ,+ яъне як рӯз пас аз шанбе, ҳафт шанбеи дигар, яъне ҳафт ҳафтаи пурра, ҳисоб кун. 16 То рӯзи баъди шанбеи ҳафтум 50 рӯз ҳисоб кун+ ва барои Яҳува боз як ҳадияи ғалла биёр.+ 17 Аз маконҳои зистатон бо худ ду нонро чун ҳадияи ҷунбониданӣ биёред. Онҳоро аз ду даҳяк эфа* орди маҳин тайёр кунед. Онҳоро бо хамиртуруш пазед+ ва, чун навбари ҳосили худ ба Яҳува пешкаш кунед.+ 18 Ҳамроҳи нонҳо ҳафт барраи нари солими яксола, як буққаи ҷавон* ва ду қӯчқор пешкаш кунед.+ Онҳо бо ҳадияи ғалла ва ҳадияҳои рехтанӣ чун қурбонии сӯхтанӣ барои Яҳува оварда мешаванд, чун қурбонии хушбӯе*, ки барои Яҳува дар оташ сӯзонда мешаванд. 19 Ту бояд як бузи ҷавонро чун қурбонии гуноҳ+ ва ду барраи нари яксоларо чун қурбонии осоиштагӣ+ пешкаш кунӣ. 20 Коҳин ду барраи нарро ҳамроҳи нонҳои ҳосили аввал ба ҳузури Яҳува чун ҳадияи ҷунбониданӣ ин тарафу он тараф меҷунбонад. Онҳо барои Яҳува муқаддас буда, аз они коҳин мешаванд.+ 21 Дар ин рӯз ҷамъомади муқаддас эълон намоед+ ва ҳеҷ кори вазнин накунед. Ин барои ҳама наслҳои шумо амри бардавом аст дар ҳама ҷойҳои зистатон.
22 Вақте ҳосили заминатонро дарав мекунед, канораи заминатонро то охир дарав накунед ва он чиро, ки баъди дарав боқӣ мондааст, начинед.+ Онҳоро барои бечорагон+ ва ғарибон+ монед. Ман Яҳува Худои шумо ҳастам”».
23 Яҳува боз ба Мӯсо гуфт: 24 «Ба исроилиён бигӯ: “Дар моҳи ҳафтум, дар рӯзи якум, шумо бояд аз ҳама корҳои худ ором гиред. Ин ёдоварӣ, ин ҷамъомади муқаддас, бо садои карнай эълон мешавад.+ 25 Дар ин рӯз ҳеҷ гуна кори вазнин накунед ва барои Яҳува ҳадияеро, ки дар оташ сӯзонда мешавад, пешкаш кунед”».
26 Яҳува боз ба Мӯсо гуфт: 27 «Вале рӯзи даҳуми ин моҳи ҳафтум Рӯзи Товондиҳист.+ Дар ин рӯз ҷамъомади муқаддас аст. Онро риоя кунед ва дар ин рӯз ҷони худро азоб диҳед*+ ва барои Яҳува ҳадияеро, ки дар оташ сӯзонда мешавад, пешкаш кунед. 28 Дар ҳамин рӯз ҳеҷ гуна кор накунед, чунки ин рӯзест, ки дар он барои гуноҳҳои шумо пеши Худоятон Яҳува товон дода мешавад.+ 29 Ҳар кӣ дар ин рӯз ҷони худро азоб надиҳад*, аз миёни халқаш решакан мешавад.+ 30 Ҳамчунин ҳар кӣ дар ин рӯз коре кунад, ман ӯро аз миёни халқаш решакан месозам. 31 Дар ин рӯз ҳеҷ гуна кор накунед. Ин барои ҳама наслҳои шумо амри бардавом аст дар ҳама ҷойҳои зистатон. 32 Ин рӯз аз ҳама корҳои худ ором гирифта, шанберо риоя кунед. Бегоҳи рӯзи нуҳуми моҳ ҷонҳои худро азоб диҳед.+ Шанберо аз бегоҳ то бегоҳи дигар риоя кунед».
33 Яҳува боз ба Мӯсо гуфт: 34 «Ба исроилиён бигӯ: “Дар рӯзи 15-уми моҳи ҳафтум Иди Хаймаҳо*, иди Яҳува, аст. Онро ҳафт рӯз ҷашн гиред.+ 35 Дар рӯзи якум ҷамъомади муқаддас аст: дар он ҳеҷ гуна кори вазнин накунед. 36 Ҳафт рӯз барои Яҳува қурбониҳоеро, ки дар оташ месӯзонанд, пешкаш кунед. Дар рӯзи ҳаштум ҷамъомади муқаддасро риоя кунед+ ва барои Яҳува қурбониҳоеро, ки дар оташ месӯзонанд, пешкаш кунед. Ин маҷлиси махсус аст. Дар он рӯз ҳеҷ гуна кори вазнин накунед.
37 Инҳоянд идҳои ҳарсола+ барои Яҳува, ки дар онҳо шумо бояд ҷамъомадҳои муқаддас+ эълон кунед, то мардум барои Яҳува қурбониҳоеро, ки дар оташ сӯзонида мешаванд, пешкаш кунанд: қурбонии сӯхтанӣ,+ ҳадияи ғалла+ бо қурбонӣ ва ҳадияҳои рехтанӣ+ — онҳоро мувофиқи он чӣ барои ҳар рӯз муқаррар шудааст, пешкаш кунед. 38 Инҳоро, ба ғайр аз он чӣ дар шанбеҳои Яҳува+ ба Яҳува бояд диҳед, ба ғайр аз ҳадияҳоятон,+ ба ғайр аз ҳадияҳое, ки аз рӯйи назр* меоред+ ва ба ғайр аз ҳадияҳои ихтиёриятон,+ пешкаш кунед. 39 Аммо дар рӯзи 15-уми моҳи ҳафтум, баъд аз он ки ҳосили заминатонро ғундоред, иди Яҳуваро дар муддати ҳафт рӯз ҷашн бигиред.+ Дар рӯзи аввал ва дар рӯзи ҳаштум аз ҳама корҳои худ ором гиред.+ 40 Дар рӯзи якум меваи дарахтҳои зебо, навдаҳои дарахти нахл,+ шохаҳои дарахтони пурбарг ва шохаҳои сафедорони водиро гирифта, ба ҳузури Худоятон Яҳува ҳафт рӯз+ шодӣ кунед.+ 41 Ин иди Яҳуваро ба муддати ҳафт рӯз дар як сол ҷашн гиред.+ Ин амри бардавом аст барои тамоми наслҳои шумо. Онро дар моҳи ҳафтум ҷашн гиред. 42 Ҳафт рӯз дар хаскаппаҳо зиндагӣ кунед.+ Ҳар сокини таҳҷоӣ дар Исроил дар хаскаппа зиндагӣ кунад, 43 то наслҳои оянда бидонанд,+ ки ман, вақте исроилиёнро аз замини Миср берун меовардам, онҳоро дар хаскаппаҳо сокин намудам.+ Ман Яҳува Худои шумо ҳастам”».
44 Мӯсо бо исроилиён дар бораи идҳои ҳарсолаи Яҳува сухан гуфт.