Матто
16 Дар он ҷо ба наздаш фарисиён ва саддуқиён омаданд ва ӯро озмуданӣ шуда хоҳиш карданд, ки барояшон аломате аз осмон нишон диҳад.+ 2 Исо ба онҳо гуфт: «Бегоҳӣ шумо мегӯед: “Ҳаво нағз мешавад, чунки осмон суп-сурх аст”, 3 саҳарӣ бошад, мегӯед: “Ҳаво имрӯз хунук ва боронӣ мешавад, чунки осмон суп-сурх бошад ҳам, абрнок аст”. Чӣ тавр аз рӯйи осмон муайян кардани обу ҳаворо медонеду маънои аломатҳои ин замонаро фаҳмонда наметавонед?! 4 Ин насли бадкор ва ба Худо бевафо аломат меҷӯяд, аммо ғайр аз аломати пайғамбар Юнус+ ба ин насл аломате нишон дода намешавад».+ Инро гуфта, ӯ аз наздашон рафт.
5 Вақте ки шогирдони Исо ба соҳили дигар гузаштанд, диданд, ки нон гирифтанро фаромӯш кардаанд.+ 6 Исо ба онҳо гуфт: «Ҳушёр бошед ва аз хамиртуруши фарисиёну саддуқиён эҳтиёт шавед».+ 7 Онҳо байни худ дар ин бора гап заданду гуфтанд: «Мо бо худ нон нагирифтем». 8 Инро фаҳмида Исо гуфт: «Эй сустимонҳо, чаро шумо байни худ мегӯед, ки нон надоред? 9 Магар то ҳол намефаҳмед ва дар хотир надоред, ки чӣ тавр бо панҷ нон 5000 мард сер шуданд ва боз чанд сабадро аз нонпораҳо пур кардед?+ 10 Ё онро, ки чӣ тавр 4000 мард ҳафт нонро хӯрда, сер шуданду боз чанд сабади калонро аз нонпораҳо пур кардед?+ 11 Наход нафаҳмед, ки ман нонро дар назар надоштам? Ман ба шумо гуфтам, ки аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён эҳтиёт шавед».+ 12 Баъд аз ин онҳо фаҳмиданд, ки Исо «аз хамиртуруш эҳтиёт шавед» гуфта, аз таълимоти фарисиёну саддуқиён эҳтиёт шуданро дар назар дошт.
13 Вақте Исо ба сарзамини Қайсарияи Филиппӣ омад, аз шогирдонаш пурсид: «Мардум Фарзанди одамро кӣ меҳисобанд?»+ 14 Онҳо гуфтанд: «Баъзеҳо Яҳёи Таъмиддиҳанда+ мегӯянд, дигарон — пайғамбар Илёс+ ва боз қисме — Ирмиё ё яке аз пайғамбарон». 15 Ӯ ба онҳо гуфт: «Худи шумо маро кӣ меҳисобед?» 16 Шимъӯни Петрус ҷавоб дод: «Ту Масеҳ,+ Писари Худои* зинда ҳастӣ».+ 17 Исо дар ҷавоб ба ӯ гуфт: «Ту хушбахтӣ, эй Шимъӯн, писари Юнус, чунки инро ба ту на одамизод*, балки Падари ман, ки дар осмон аст, ошкор кардааст.+ 18 Ҳамчунин ба ту мегӯям: ту Петрус*+ ҳастӣ. Ман ҷамоати худро бар ин кӯҳ+ бино мекунам ва дарвозаҳои гӯр* бар он ғолиб намеоянд. 19 Ман ба ту калидҳои Подшоҳии осмонро медиҳам: ту дар замин чизҳоеро мебандӣ, ки дар осмон баста шудаанд, ва дар замин чизҳоеро мекушоӣ, ки дар осмон кушода шудаанд». 20 Баъди ин Исо ба шогирдонаш ба таври қатъӣ гуфт, ки Масеҳ будани ӯро ба касе нагӯянд.+
21 Аз ҳамон вақт сар карда Исо ба шогирдонаш мефаҳмонд, ки бояд ба Ерусалим равад ва аз дасти пирон, коҳинони калон ва шариатдонон бисёр азоб кашида, кушта шавад ва дар рӯзи сеюм зинда шавад.+ 22 Петрус ин суханони Исоро шунида ӯро як тараф бурд ва сарзаниш карда гуфт: «Ҳазрат, ба худат раҳм кун. Ҳаргиз бо ту ин тавр намешавад».+ 23 Исо бошад, рӯяшро аз Петрус гардонда, чунин гуфт: «Аз пешам дур шав, эй Шайтон*! Ту дар сари роҳи ман монеаӣ, зеро мисли одамизод фикр мекунӣ, на мисли Худо».+
24 Баъд Исо ба шогирдонаш чунин гуфт: «Ҳар кӣ аз пайи ман рафтан хоҳад, бигзор аз баҳри худ барояд ва сутуни азобашро* бардошта, доимо маро пайравӣ кунад.+ 25 Ҳар кӣ ҷони худро наҷот додан хоҳад, онро аз даст медиҳад, лекин ҳар кӣ ҷони худро ба хотири ман аз даст диҳад, онро ба даст меорад.+ 26 Агар одам тамоми ҷаҳонро соҳиб гардад, вале ҷонашро аз даст диҳад, аз ин ба ӯ чӣ фоида?+ Ё чӣ чизе ҳаст, ки одам дар ивази ҷони худ дода тавонад?+ 27 Вақте Фарзанди одам ҳамроҳи фариштагонаш дар ҷалоли Падари худ меояд, ба ҳар кас мувофиқи рафтораш подош медиҳад.+ 28 Ба ростӣ ба шумо мегӯям: баъзе аз онҳое, ки дар ин ҷо истодаанд, то дар Подшоҳии худ омадани Фарзанди одамро набинанд, мазаи маргро намечашанд».+