1 Қӯринтиён
4 Ҳар кас бояд моро хизматгузорони* Масеҳ ва назоратгароне шуморад, ки сирри муқаддаси Худо ба онҳо супурда шудааст.+ 2 Аз назоратгарон бошад, талаб карда мешавад, ки сазовори боварӣ бошанд. 3 Барои ман он қадар муҳим нест, ки маро шумо доварӣ мекунед ё ягон довари* инсонӣ, ман худам ҳам худро доварӣ намекунам. 4 Ман дар худ айбе намебинам, лекин бо ин росткор ҳисобида намешавам — довари ман Яҳува аст.+ 5 Бинобар ин пеш аз расидани он вақт, яъне то омадани Ҳазратамон, ҳеҷ касро доварӣ накунед.+ Ӯ он чиро, ки дар торикӣ пинҳон аст, равшан мекунад ва дилу нияти одамонро ошкор месозад, он гоҳ Худо ҳар касро аз рӯйи корҳояш таърифу таҳсин мекунад.+
6 Эй бародарон, ман ба фоидаи шумо худаму Апуллусро+ мисол оварда, ин чизҳоро гуфтам, то шумо қоидаи зеринро аз худ кунед: «Аз доираи он чӣ навишта шудааст, берун набароед». Чунин кунед, то мағрур нашавед+ ва якеро аз дигаре боло нагузоред. 7 Ту чӣ дорӣ, ки худатро аз дигаре боло мегирӣ? Ва чӣ чизе дорӣ, ки нагирифта бошӣ?+ Агар гирифта бошӣ, барои чӣ фахр мекунӣ, ки гӯё нагирифтаӣ?
8 Шумо аллакай сер шудед? Ё аллакай сарватдор гаштед? Ё ин ки бе мо подшоҳиро сар кардед?+ Кошки подшоҳиро сар мекардед, то мо низ бо шумо подшоҳӣ мекардем.+ 9 Ба назарам чунин метобад, ки Худо мо — расулонро, ҳамчун касоне, ки ба марг маҳкум шудаанд,+ дар охир ба намоиш баровардааст,+ зеро мо тамошои одамону фариштагон гаштаем. 10 Мо ба хотири Масеҳ нодонему+ шумо доно*, мо нотавонему шумо тавоно, шуморо иззату ҳурмат мекунанд, вале моро хор медоранд. 11 То ба имрӯз мо гушнаву+ ташнаву+ бараҳнаем, таги шаттаем,+ бе хонаву дарем 12 ва заҳмат кашида бо дастони худ кор мекунем.+ Моро дашном медиҳанд — мо дуои нек мекунем,+ моро озор медиҳанд — сабру тоқат мекунем,+ 13 моро туҳмат мекунанд — мо бо мулоимӣ ҷавоб медиҳем.+ То ба имрӯз мо барои ҷаҳон ахлот ва ҳар хел партов ҳастем.
14 Ин суханонро на барои он менависам, ки шарм доред, балки, барои он ки шуморо чун фарзандони азизам насиҳат кунам. 15 Шумо дар роҳи Масеҳ ҳазорҳо мураббӣ дошта бошед ҳам, падарони бисёр надоред, зеро ман ба воситаи хушхабар дар роҳи Исои Масеҳ падари шумо гаштам.+ 16 Бинобар ин аз шумо илтимос мекунам: ба ман пайравӣ кунед.+ 17 Барои ҳамин Тимотиюсро, ки фарзанди азизи ману хизматгори бовариноки Масеҳ аст, назди шумо мефиристам. Ӯ роҳҳоеро, ки ман дар хизмати Исои Масеҳ ба кор мебарам,+ яъне он роҳҳоеро, ки дар ҳама ҷо, дар ҳар ҷамоат, таълим медиҳам, ба шумо хотиррасон мекунад.
18 Баъзеи шумо мағрур шудаед, зеро гумон мекунед, ки наздатон намеоям. 19 Аммо ба қарибӣ, агар Яҳува хоҳад, назди шумо меоям ва он гоҳ на суханон, балки қудрати он касони мағрурро хоҳам донист, 20 зеро ба Подшоҳии Худо тобеъ будани кас на дар сухан, балки дар қудрати ӯ маълум мегардад. 21 Пас, чӣ мехоҳед: ба наздатон бо калтак биёям+ ё бо муҳаббату мулоимӣ?