5 Мӯсо
15 Дар охири ҳар ҳафтсола дар бораи озодшавӣ эълон намо.+ 2 Озодшавӣ бояд ин тавр бошад: ҳар қарзхоҳ бояд қарздорро аз қарзаш озод кунад. Ӯ набояд аз он шахс ё аз бародари худ пули қарзро талаб кунад, зеро ки ба амри Яҳува озодшавӣ эълон гардидааст.+ 3 Пулатро метавонӣ аз бегона талаб кунӣ,+ аммо аз қарзи бародарат даст каш. 4 Вале дар миёни ту ҳеҷ кас набояд камбағал шавад, зеро Яҳува дар замине, ки Худоят Яҳува ба ту мерос медиҳад, баракат ато мекунад.+ 5 Худоят Яҳува ин корро танҳо дар он ҳол мекунад, ки ту ба овози ӯ бодиққат гӯш диҳӣ ва ҳама амрҳои ӯро, ки имрӯз ба ту медиҳам, аз таҳти дил ба ҷо орӣ.+ 6 Худоят Яҳува, ҳамон тавре ки ваъда додааст, туро баракат медиҳад ва ту ба халқҳои бисёре қарз медиҳӣ, аммо худат қарз намегирӣ.+ Ту бар халқҳои бисёр ҳукмронӣ мекунӣ, вале онҳо бар ту ҳукмфармоӣ намекунанд.+
7 Агар дар яке аз шаҳрҳоят, дар замине, ки Худоят Яҳува ба ту медиҳад, яке аз бародаронат камбағал шавад, нисбати бародарат дилсахт набош ва хасисӣ* накун.+ 8 Нисбати ӯ дасткушод бош+ ва ҳатман он чиро, ки ӯ ба он муҳтоҷ аст, қарз бидеҳ. 9 Бохабар бош, ки дар дилат чунин фикри бадро роҳ надиҳӣ: “Соли ҳафтум, соли озодӣ, наздик аст”,+ ва кумакатро аз бародари камбағалат дареғ дошта, ба ӯ чизе надиҳӣ. Агар ӯ аз дасти ту сӯйи Яҳува фиғон бардорад, гуноҳ мегирӣ.+ 10 Ба ӯ саховатмандона бидеҳ,+ на бо дили нохоҳам, зеро Худоят Яҳува туро маҳз барои ҳамин рафторат дар ҳама кору борат баракат медиҳад.+ 11 Камбағалон дар ин замин ҳамеша хоҳанд буд.+ Аз ин рӯ ман ба ту мефармоям: “Нисбати бечора ва бародари камбағалат, ки дар заминат зиндагӣ мекунанд, дасткушод бош”.+
12 Агар яке аз бародарон ё хоҳарони ибрият ба ту фурӯхта шавад ва шаш сол ба ту хизмат кунад, ту бояд дар соли ҳафтум ӯро озод кунӣ.+ 13 Вақте ӯро озод мекунӣ, ӯро дасти холӣ нафирист. 14 Ба ӯ аз рамаи худ, хирмани худ, ҷувоз ва чархушти худ саховатмандона бидеҳ. Ҳамон тавре ки Худоят Яҳува туро баракат додааст, ту низ ба ӯ бидеҳ. 15 Дар хотир дор, ки ту дар замини Миср ғулом будӣ ва Худоят Яҳува ҷонатро харид. Барои ҳамин ман имрӯз инро ба ту амр мефармоям.
16 Аммо, агар ба ӯ бо ту будан маъқул бошад, ба туву хонадонат дил баста бошад ва бигӯяд: “Ман аз пешат ҳеҷ ҷо намеравам!”,+ 17 ӯро назди дар оварда, дарафшро* бигир, гӯшашро шикоф кун ва ӯ ғуломи якумрии ту мешавад. Бо канизи худ низ ҳамин тавр кун. 18 Озод кардани ғуломатро як чизи вазнин нашумор, зеро хизмати ӯ дар муддати шаш сол ду баробари хизмати мардикор буд ва Худоят Яҳува туро ҳаматарафа баракат медод.
19 Ҳар нахустзодаи нари гову молатро барои Худоят Яҳува ҷудо кун.+ Наргови нахустзодаатро кор нафармо ва нахустзодаи гӯсфандатро пашмбурӣ накун. 20 Онро ҳар сол ҳамроҳи хонаводаат ба ҳузури Худоят Яҳува, дар ҷое ки Яҳува хуш кунад, бихӯр.+ 21 Аммо, агар он шал ё кӯр бошад ва ё дигар айби ҷиддӣ дошта бошад, онро барои Худоят Яҳува қурбон накун.+ 22 Он чорворо дар даруни шаҳрат бихӯр. Онро мисли ғизол ё гавазн ҳам шахси пок ва ҳам нопок хӯрда метавонад.+ 23 Вале хуни онро нахӯр,+ балки онро мисли об ба замин рез.+