Доварон
4 Баъд аз марги Эҳуд исроилиён боз он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал оварданд.+ 2 Аз ин рӯ Яҳува онҳоро ба дасти Ёбин, подшоҳи Канъон, ки дар Ҳосӯр ҳукмронӣ мекард, супурд*.+ Сарлашкари вай Сисро́ буд, ки дар Ҳарӯшет-Ҳаҷӯим*+ зиндагӣ мекард. 3 Исроилиён сӯйи Яҳува фиғон карданд,+ зеро Ёбин* 900 аробаи ҷангии теғдор*+ дошт ва исроилиёнро 20 сол сахт ба танг меовард.+
4 Он вақт исроилиёнро Дебӯро, зани Лапидӯт, ки пайғомҳои Худоро мерасонд,+ доварӣ мекард. 5 Вай дар кӯҳистони Эфроим, байни Ромо+ ва Байт-Ил,+ зери нахли Дебӯро менишаст ва исроилиён барои доварӣ назди ӯ меомаданд. 6 Ӯ кас фиристода, Бороқи+ писари Абинӯамро аз Қедеш-Нафтолӣ+ даъват намуд ва ба вай гуфт: «Яҳува, Худои Исроил, ба ту чунин амр дод: “Бирав ва 10 000 мардро аз Нафтолӣ ва Забулун бо худ гирифта, ба кӯҳи Тобӯр ба ҷанг барор. 7 Ман Сисрои сарлашкари Ёбинро бо аробаҳои ҷангӣ ва лашкараш назди ту, сӯйи дарёи* Қишӯн,+ меорам ва ӯро ба дастат месупорам”».+
8 Бороқ ба ӯ гуфт: «Агар бо ман биравӣ, меравам, вале, агар бо ман наравӣ, намеравам». 9 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Албатта меравам. Аммо дар ин кор шуҳрат насиби ту намешавад, зеро Яҳува Сисроро ба дасти зане месупорад».+ Он гоҳ Дебӯро бархеста, ҳамроҳи Бороқ ба Қедеш+ рафт. 10 Бороқ Забулун ва Нафтолиро+ ба Қедеш фарёд кард ва 10 000 мард аз пайи ӯ равона шуданд. Дебӯро низ ҳамроҳи ӯ рафт.
11 Дар он замон Ҳабари қенӣ аз қениён,+ яъне писарони Ҳубоби падарарӯси Мӯсо,+ ҷудо шуда, назди дарахти калон дар Саананним, ки дар Қедеш аст, хайма зада буд.
12 Ба Сисро хабар доданд, ки Бороқи писари Абинӯам ба кӯҳи Тобӯр баромадааст.+ 13 Сисро худи ҳамон вақт тамоми аробаҳои ҷангии худ — 900 аробаи теғдор*, ва ҳамчунин тамоми лашкарашро аз Ҳарӯшет-Ҳаҷӯим ҷамъ овард, то сӯйи дарёи* Қишӯн+ равона шавад. 14 Он гоҳ Дебӯро ба Бороқ гуфт: «Бархез, зеро имрӯз Яҳува Сисроро ба дасти ту медиҳад. Ана, Яҳува пешопеши ту меравад!» Пас аз ин Бороқ бо 10 000 марде, ки аз ақибаш равона буданд, аз кӯҳи Тобӯр фаромад. 15 Яҳува Сисро, тамоми аробаҳои ҷангӣ ва лашкарашро ба изтиробу ошӯб овард+ ва ба дами шамшери Бороқ дучор кард. Сисро аз аробааш фаромада, пойи пиёда рӯ ба гурез овард. 16 Бороқ аз ақиби аробаҳои ҷангӣ ва лашкар то худи Ҳарӯшет-Ҳаҷӯим сур кард ва тамоми лашкари Сисро аз дами шамшер афтид, як нафар ҳам зинда намонд.+
17 Аммо Сисро пиёда сӯйи хаймаи Ёил,+ зани Ҳабари қенӣ,+ гурехт, зеро миёни Ёбин,+ подшоҳи Ҳосӯр, ва хонадони Ҳабари қенӣ сулҳ буд. 18 Ёил ба пешвози Сисро баромада, гуфт: «Биё, эй хоҷаам, даро, натарс». Сисро ба хаймаи вай даромад ва вай ба болои ӯ рӯпӯше партофт. 19 Сисро ба вай гуфт: «Илтимос, ба ман як қулт об деҳ, ки ташнаам». Зан машки ширро кушода, ба ӯ аз он дод, то бинӯшад+ ва баъд аз ин боз болояшро пӯшонид. 20 Сисро ба зан гуфт: «Назди дари хайма биист ва, агар касе омада, аз ту пурсад: “Оё он ҷо ягон кас ҳаст?”, “не” бигӯ».
21 Аммо Ёили зани Ҳабар мехи хайма ва болғаро ба даст гирифт ва, вақте Сисро шалпар шуда сахт хоб буд, оҳистаяк ба ӯ наздик омад. Ӯ мехро ба чаккаи Сисро кӯфт, ба тавре ки нӯги он ба замин фурӯ рафт, ва ӯ мурд.+
22 Бороқ аз пайи Сисро афтода то он ҷо расид ва Ёил ба пешвозаш баромада, гуфт: «Биё ва ман касеро, ки меҷӯӣ, ба ту нишон медиҳам». Бороқ ҳамроҳаш ба хайма даромад ва дид, ки Сисро мурда хобидааст ва мех чаккаҳояшро шикоф кардааст.
23 Дар он рӯз Худо Ёбин, подшоҳи Канъонро, пеши исроилиён мағлуб кард.+ 24 Дасти исроилиён бар Ёбин, подшоҳи Канъон,+ торафт пурзӯр мешуд, то даме ки онҳо Ёбин, подшоҳи Канъонро, нобуд сохтанд.+