Юшаъ
1 Баъди марги хизматгори Яҳува — Мӯсо, Яҳува ба Юшаи*+ писари Нун, хизматгузори Мӯсо,+ гуфт: 2 «Мӯсо, бандаи ман, мурдааст.+ Акнун бошад, ту бо тамоми ин халқ бархез ва ба он тарафи Урдун гузашта, ба замине бирав, ки ман ба онҳо, ба халқи Исроил, медиҳам.+ 3 Ман, чуноне ки ба Мӯсо ваъда дода будам, ҳар ҷоеро ки поятон расад, ба шумо медиҳам.+ 4 Ҳудуди замини ту аз биёбон то Лубнон ва то дарёи бузург — Фурот, яъне тамоми сарзамини ҳиттиён,+ ва аз тарафи ғарб то баҳри Бузург* хоҳад буд.+ 5 Тамоми рӯзҳои умрат касе бар ту дастболо намешавад.+ Ман бо ту хоҳам буд, ҳамон тавре ки бо Мӯсо будам.+ Ман ҳаргиз туро намепартоям ва аз ту рӯй намегардонам.+ 6 Далеру устувор бош,+ зеро ту ин халқро ба замине роҳнамоӣ мекунӣ, ки бояд онро соҳиб шаванд, ба замине, ки ман қасам хӯрдаам ба бобоёнашон бидиҳам.+
7 Фақат далеру хеле устувор бош ва тамоми Шариатеро, ки бандаам Мӯсо ба ту фармудааст, пурра риоя намо. Аз он ба тарафи рост ё чап нагард,+ то, ба ҳар ҷое ки равӣ, аз рӯйи хирад амал кунӣ.+ 8 Бигзор ин китоби Таврот* вирди забони ту бошад+ ва рӯзу шаб дар бораи он андеша кун*, то ҳар чиро, ки дар он навишта шудааст, пурра риоя кунӣ.+ Он гоҳ корҳоят барор мегиранд ва ту бохирадона амал мекунӣ.+ 9 Бори дигар ба ту мефармоям: далеру устувор бош! Натарс ва ҳаросон нашав, зеро Яҳува Худои ту, ба ҳар ҷое ки равӣ, бо туст».+
10 Юшаъ ба сардорони халқ фармуд: 11 «Аз миёни хаймагоҳ гузашта, ба халқ чунин дастур диҳед: “Тӯшаи роҳатонро тайёр кунед, зеро се рӯз нагузашта шумо ба он тарафи дарёи Урдун мегузаред ва ба замине, ки Яҳува Худоятон ба шумо медиҳад, медароед ва онро соҳиб мешавед”».+
12 Юшаъ ба реубениён, ҷодиён ва нисфи қабилаи Менашше гуфт: 13 «Ба хотир оред, ки Мӯсо, хизматгори Яҳува, ба шумо чунин фармудааст:+ “Яҳува Худоятон ба шумо осоиштагӣ мебахшад ва ин заминро ба шумо додааст. 14 Бигзор занону фарзандон ва чорвоятон дар ин тарафи Урдун*, дар замине, ки Мӯсо ба шумо додааст,+ бимонанд, вале шумо, ҳамаи ҷанговарони пурзӯр,+ бояд барои ҷанг саф баста, пешопеши бародаронатон равед.+ Шумо бояд ба онҳо ёрӣ диҳед, 15 то даме ки Яҳува ба бародарони шумо низ осоиштагӣ бахшад, чуноне ки ба шумо бахшидааст, ва онҳо низ заминеро, ки Яҳува Худои шумо ба онҳо медиҳад, соҳиб шаванд. Пас аз ин ба замине, ки ба шумо дода шудааст, то онро аз худ кунед ва соҳиб шавед, баргардед, ба замине, ки Мӯсо, хизматгори Яҳува, ба шумо дар тарафи шарқии Урдун додааст”».+
16 Онҳо ба Юшаъ ҷавоб доданд: «Ҳар он чӣ ба мо фармудӣ, ба ҷо меорем ва, ба ҳар ҷое ки моро бифиристӣ, меравем.+ 17 Чи тавре ки ба ҳар сухани Мӯсо гӯш медодем, ба ту низ гӯш медиҳем. Фақат ки бигзор Худои ту Яҳува бо ту бошад, ҳамон тавре ки бо Мӯсо буд.+ 18 Ҳар касе, ки ба фармудаҳои ту зид барояд ва ҳар як амри туро ба ҷо наорад, кушта мешавад.+ Фақат далеру устувор бош».+