Ишаъё
54 «Шодона фарёд зан, эй зани бефарзанде, ки назоидаӣ.+
2 Ҷойи хаймаатро васеътар кун,+
Пардаҳои маскани бузургатро паҳн намо.
Бемалол танобҳои хаймаатро дароз кун
Ва мехҳояшро устувор намо,+
3 Чунки ту ба тарафи рост ва чап паҳн мешавӣ.
Насли ту халқҳоро соҳибӣ мекунад
Ва дар шаҳрҳои беодам сокин мешавад.+
Ту шармандагии ҷавонии худро аз ёд мебарорӣ
Ва нанги бевагии худро дигар ба хотир намеорӣ,
5 Зеро Офарандаи бузурги ту+ бароят мисли шавҳар* аст,+
Номи ӯ Яҳува, Худои лашкарҳост.
Худои Поки Исроил Товондеҳи туст.+
Ӯ Худои тамоми замин номида хоҳад шуд.+
6 Яҳува туро, ки мисли зани партофтаву ғамзада будӣ,+
Туро мисли зане, ки дар ҷавонӣ шавҳар карда, сипас рад шудааст, даъват намуд,— мегӯяд Худои ту.—
7 Ман туро ба муддати кӯтоҳе тарк кардам,
Вале бо раҳмдилии бузурге бармегардонам.+
8 Дар сели хашми худ рӯямро лаҳзае аз ту пинҳон намудам,+
Вале бо меҳру вафои абадӣ ба ту раҳм хоҳам кард,+— мегӯяд Яҳува, ки Товондеҳи туст.+—
9 Ин мисли корест, ки дар рӯзҳои Нӯҳ карда будам:+
Ман қасам хӯрдам, ки обҳои замони Нӯҳ дигар заминро намепӯшонанд,+
Ба ин монанд, ҳоло қасам мехӯрам, ки дигар аз ту ба хашм намеоям ва туро сарзаниш намекунам.+
10 Кӯҳҳо дур шаванд ва теппаҳо ба ларза оянд ҳам,
Меҳру вафои ман аз ту дур намешавад+
Ва аҳди сулҳу осоиштагиям пойдор мемонад,+— мегӯяд Яҳува, ки ба ту раҳм мекунад.+—
11 Эй зани азобдидае,+ ки аз тӯфонҳо афгор шудаиву тасаллӣ наёфтаӣ,+
Ман сангҳои туро бо маҳлули бақувват мустаҳкам месозам
Ва таҳкурсии туро аз ёқути кабуд мегузорам.+
12 Ман кунгураҳои девори туро аз лаъл,
Дарвозаҳои туро аз сангҳои шуълавар
Ва ҳамаи сарҳадҳои туро аз сангҳои қиматбаҳо месозам.
14 Ту дар росткорӣ устувор мешавӣ+
Ва аз зулму ситам дур мегардӣ,+
Аз чизе наметарсӣ ва ба даҳшат намеоӣ,
Зеро он ба ту наздик намешавад.+
15 Агар касе ба ту ҳамла кунад,
Ин бо амри ман нахоҳад буд.
Ҳар касе ба ту ҳамла орад, фурӯ меғалтад.+
16 Оҳангарро, ки ангишти фурӯзонро дам медиҳад
Ва ҳосили меҳнаташ аслиҳа аст, ман офаридаам.
Харобкорро низ, ки нобуд месозад, ман офаридаам.+
17 Ягон аслиҳае, ки бар зидди ту бисозанд, барор намеёбад+
Ва ту ҳар забонеро, ки дар мурофиа бар зидди ту гап занад, кӯтоҳ мекунӣ.
Ин аст мероси бандагони Яҳува,
Ман худам онҳоро сафед мекунам»,— мегӯяд Яҳува.+