Закарё
5 Ман бори дигар чашмонамро боло кардам ва дастхати парронеро дидам. 2 Ӯ аз ман пурсид: «Чиро мебинӣ?»
Ман гуфтам: «Дастхати парронеро, ки дарозияш 20 газ* ва бараш 10 газ аст».
3 Сипас ӯ ба ман гуфт: «Ин лаънатест, ки бар рӯйи замин паҳн мешавад, зеро ҳар кӣ медуздад,+ ба лаънате, ки дар як тарафи дастхат навишта шудааст, гирифтор нагаштааст, ҳамчунин ҳар кӣ қасами дурӯғ мехӯрад,+ ба лаънате, ки дар тарафи дигари дастхат навишта шудааст, гирифтор нагаштааст. 4 “Ман ин лаънатро фиристодаам, ки ба хонаи дузд ва хонаи касе, ки ба номи ман қасами дурӯғ мехӯрад, дарояд,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.— Ин лаънат дар хона монда, онро бо чӯбу сангаш ба коми худ мекашад”».
5 Сипас фариштае, ки бо ман гап мезад, пеш омада, гуфт: «Илтимос, чашмонатро бардошта бубин, ки чӣ берун меояд».
6 Ман пурсидам: «Ин чист?»
Ӯ гуфт: «Ин зарфи эфа аст*, ки берун меояд». Сипас илова кард: «Чунин аст намуди бадкорони рӯйи замин». 7 Пас аз ин сарпӯши гирди сурбӣ бардошта шуд ва ман дидам, ки дар он зарф зане нишастааст. 8 Он гоҳ фаришта гуфт: «Ин Бадкорист», ва ӯро боз ба зарфи эфа андохта, даҳони онро бо сарпӯши сурбӣ маҳкам кард.
9 Сипас ман чашмонамро боло кардам ва ду занеро дидам, ки бо шамол парвоз карда, наздик мешуданд ва болҳояшон мисли болҳои лаклак буд. Онҳо зарфро бардошта, дар миёни замину осмон парвоз карданд. 10 Ман аз фариштае, ки бо ман гап мезад, пурсидам: «Онҳо ин зарфро куҷо мебаранд?»
11 Ӯ гуфт: «Ба замини Шинъор*,+ то барояш хонае бисозанд. Ҳамин ки хона тайёр шавад, ӯро дар он ҷо, дар ҷойи барояш муносиб, мегузоранд».