Закарё
6 Сипас ман боз чашмонамро бардошта, чор аробаеро дидам, ки аз миёни ду кӯҳ меомаданд, ва он кӯҳҳо мисин буданд. 2 Аспҳои аробаи якум сурх ва аспҳои аробаи дуюм сиёҳ буданд,+ 3 аспҳои аробаи сеюм сафед ва аспҳои аробаи чорум алову холдор буданд.+
4 Ман аз фариштае, ки бо ман гап мезад, пурсидам: «Инҳо чистанд, эй ҳазрат?»
5 Фаришта гуфт: «Инҳо чор рӯҳи+ осмонанд, ки баъд аз истодан дар пеши Худованди тамоми замин берун меоянд.+ 6 Аробае, ки аспҳои сиёҳ дорад, ба замини шимол+ меравад, аспҳои сафед ба он тарафи баҳр ва аспҳои ало ба замини ҷануб мераванд. 7 Аспони холдор бошанд, тайёранд, ки берун омада, заминро гардиш кунанд». Он гоҳ ӯ гуфт: «Биравед ва заминро давр занед». Онҳо рафтанд, то заминро давр зананд.
8 Сипас ӯ ба ман фарёд зада гуфт: «Аспоне, ки ба замини шимол рафтанд, рӯҳи Яҳуваро дар замини шимол ором карданд».
9 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 10 «Аз дасти Ҳолда, Тубиё ва Ядоё он чиро, ки асирон фиристодаанд, бигир ва ҳамон рӯз бо онҳое, ки аз Бобил омадаанд, ба хонаи Юшиёи писари Сафанё бирав. 11 Нуқраву тиллоро гирифта, тоҷе* бисоз ва онро ба сари Юшаи+ писари Юсодоқ, ки саркоҳин аст, бигузор. 12 Ба ӯ бигӯ:
“Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Ин аст касе, ки Навда ном дорад.+ Ӯ аз ҷойи худ навда медавонад ва ибодатгоҳи Яҳуваро бино мекунад.+ 13 Ӯ ибодатгоҳи Яҳуваро бино мекунад ва шуҳрату ҷалол меёбад. Ӯ бар тахт нишаста, ҳам подшоҳӣ мекунаду ҳам коҳин* мешавад+ ва ин ду вазифаро ба ҷо оварда, осоиштагӣ меорад. 14 Ин тоҷ* чун ёдоварӣ аз Ҳилам, Тубиё, Ядоё+ ва Ҳени писари Сафанё дар ибодатгоҳи Яҳува хоҳад буд. 15 Онҳое, ки дар ҷойҳои дур мебошанд, омада, дар сохтмони ибодатгоҳи Яҳува иштирок мекунанд”. Он вақт хоҳед донист, ки маро Яҳува, Худои лашкарҳо, назди шумо фиристодааст. Ин ба амал меояд, ба шарте ки ба овози Худоятон Яҳува гӯш диҳед”».