Закарё
4 Фариштае, ки бо ман гап зада буд, баргашт ва маро бедор кард, ҳамон тавре ки касеро аз хобаш бедор мекунанд. 2 Пас аз ин ӯ ба ман гуфт: «Чиро мебинӣ?»
Ман гуфтам: «Чароғпояеро мебинам, ки ҳамааш аз тиллост+ ва дар болояш коса аст. Бар он чароғпоя ҳафт чароғ аст+ ва ҳафт чароғе, ки дар болои он аст, ҳафт найча дорад. 3 Дар назди чароғпоя ду дарахти зайтун+ аст: яке аз тарафи рости коса ва дигаре аз тарафи чапи он».
4 Пас аз ин ман аз фариштае, ки бо ман гап мезад, пурсидам: «Инҳо чӣ маъно доранд, эй ҳазрат?» 5 Фариштае, ки бо ман гап мезад, гуфт: «Магар намедонӣ, ки инҳо чӣ маъно доранд?»
Ман гуфтам: «Не, эй ҳазрат».
6 Ӯ ба ман гуфт: «Яҳува ба Зарубобил чунин мегӯяд: “На бо лашкар ва на бо қуввати инсон,+ балки бо рӯҳи ман,+— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.— 7 Ту чистӣ, эй кӯҳи азим? Ту дар пеши Зарубобил+ ҳамворие мешавӣ.+ Ӯ санги болоиро меорад ва ҳама “Чӣ зебост! Чӣ зебост!” гуфта, нидо мекунанд”».
8 Яҳува боз ба ман паём фиристода гуфт: 9 «Таҳкурсии ин хонаро дастҳои Зарубобил гузоштаанд+ ва дастҳои ӯ онро ба охир мерасонанд.+ Он гоҳ мефаҳмед, ки маро Яҳува, Худои лашкарҳо, назди шумо фиристодааст. 10 Кӣ оғози назарногирро* бо чашми кам мебинад?+ Вақте мерасад, ки онҳо шоқули* дасти Зарубобилро дида шодӣ мекунанд. Ин ҳафт чиз чашмони Яҳуваанд, ки тамоми заминро аз назар мегузаронанд».+
11 Баъд аз ин ман пурсидам: «Маънои ин ду дарахти зайтуне, ки аз тарафи росту чапи чароғпояанд, чист?»+ 12 Ман бори дуюм аз вай пурсидам: «Шохаҳои* ду дарахти зайтун, ки бо ду найчаи тиллоӣ моеи тиллоӣ мерезанд, чӣ маъно доранд?»
13 Ӯ ба ман гуфт: «Магар намедонӣ, ки маънои инҳо чист?»
Ман гуфтам: «Не, эй ҳазрат».
14 Ӯ гуфт: «Инҳо ду тадҳиншудае* мебошанд, ки назди Худованди тамоми замин меистанд».+