МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 12
Оё шумо чизеро, ки Закарё дид, мебинед?
«На бо лашкар ва на бо қуввати инсон, балки бо рӯҳи ман,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо» (ЗАК. 4:6).
СУРУДИ 33 Аз онҳо натарсед!
ПЕШГУФТОРa
1. Бо яҳудиёне, ки дар асирӣ буданд, чӣ воқеаи ҳайратоваре рӯй дод?
ҲАМА ангушти ҳайрат мегазиданд! «Яҳува подшоҳи Форс — Курушро барангехт», то халқи Исроилро, ки даҳсолаҳо дар Бобил зиндагӣ мекарданд, озод кунад. Барои ҳамин подшоҳ фармон баровард, ки яҳудиён ба ватанашон баргашта, «хонаи Яҳува — Худои Исроилро аз нав бино» кунанд (Эзро 1:1, 3). Акнун ибодати Худои ҳақиқӣ дар замине, ки ба халқаш дода буд, барқарор мешавад.
2. Яҳудиёни ба Ерусалим баргашта дар аввал ба кадом комёбӣ ноил гаштанд?
2 Соли 537-и то милод якум гурӯҳи яҳудиён ба Ерусалим, ки он вақт пойтахти подшоҳии ҷанубии Яҳудо буд, баргаштанд. Дере нагузашта яҳудиёни баргашта корҳои барқарор намудани ибодатгоҳро сар карданд. Ҳамин тавр соли 536-и то милод таҳкурсии он аллакай гузошта шуд.
3. Яҳудиён бо чӣ гуна зиддият рӯ ба рӯ шуданд?
3 Вақте корҳои барқарорсозии ибодатгоҳ оғоз ёфтанд, асирони баргашта бо зиддияти шадиде рӯ ба рӯ шуданд. «Мардуми он сарзамин аз пайи он шуданд, ки ҷидду ҷаҳди халқи Яҳудоро суст кунанд ва дили онҳоро аз сохтмон хунук созанд» (Эзро 4:4). Бо гузашти вақт вазъият аз будаш бадтар шуд. Соли 522-и то милод дар сарзамини Форс Ардашер ба тахт нишастb. Душманони яҳудиён ба ин тағйирот чун ба имконияти олиҷанобе нигаристанд. Онҳо нақша кашиданд, ки «аз номи қонун бедодгарӣ» карда, кори сохтмони ибодатгоҳро пурра манъ мекунанд (Заб. 94:20). Ҳамин тавр ба шоҳ Ардашер нома фиристода гуфтанд, ки гӯё яҳудиён зидди шоҳ исён бардоштанианд (Эзро 4:11–16). Шоҳ ба ин туҳмати онҳо бовар карда кори сохтмони ибодатгоҳро қатъ кард (Эзро 4:17–23). Бинобар ин яҳудиёне, ки шодикунон ибодатгоҳро барқарор менамуданд, корашонро бас карданд (Эзро 4:24).
4. Баъд аз он ки душманон сохтмони ибодатгоҳро манъ карданд, Яҳува чӣ кор кард? (Ишаъё 55:11).
4 Сокинони бутпарасти он сарзамин, аз ҷумла баъзе ҳокимиятдорони Форс азм карданд, ки кори азнавсозии ибодатгоҳро қатъ мекунанд. Яҳува бошад, мехост, ки яҳудиён кори сохтмонро ба охир расонанд. Чи хеле медонем, ӯ ҳама вақт ба мақсадаш мерасад. (Ишаъё 55:11-ро хонед.) Бинобар ин Яҳува марди далереро бо номи Закарё пайғамбари худ интихоб кард ва ба ӯ ҳашт рӯъёи ҳайратовареро нишон дод. Закарё бояд ин рӯъёҳоро ба яҳудиён нақл карда, онҳоро рӯҳбаланд мегардонд. Баъд аз фаҳмидани ин рӯъёҳои қувватбахш яҳудиён дарк намуданд, ки барои аз душманон тарсидан сабабе вуҷуд надорад. Аз ин рӯ кори Яҳуваро давом доданд. Дар рӯъёи панҷум Закарё чароғпоя ва ду дарахти зайтунро дид.
5. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?
5 Ҳамаи мо баъзан рӯҳафтода мешавем. Барои ҳамин рӯъёи панҷуме, ки Яҳува ба Закарё нишон дод, ба мо низ қуввати дил шуда метавонад. Ба маънои ин рӯъё сарфаҳм рафтан кумак мекунад, ки новобаста ба зиддият, тағйир ёфтани вазъиятамон, аз ҷумла, вақте дастуре, ки ташкилот медиҳад, бароямон нофаҳмост, хизмати Яҳуваро содиқона давом диҳем.
ВАҚТЕ ОДАМОН БА МО ЗИДДИЯТ МЕКУНАНД
6. Чӣ тавр рӯъё дар бораи чароғпоя ва ду дарахти зайтун, ки дар Закарё 4:1–3 омадааст, ба яҳудиён далерӣ мебахшид? (Ба расми муқова нигаред.)
6 Закарё 4:1–3-ро хонед. Рӯъё дар бораи чароғпоя ва ду дарахти зайтун ба яҳудиён қувват мебахшид, то нигоҳ накарда ба зиддият корашонро давом диҳанд. Чӣ тавр? Аҳамият додед, ҷараёни равғане, ки ба чароғпоя мерехт беист буд ва аз ду дарахти зайтун ба ҷоми косамонанде мерехт. Сипас ба ҳафт чароғи чароғпоя ҷорӣ мешуд. Ба туфайли ин равған чароғҳо доимо фурӯзон буданд. Закарё пурсид: «Инҳо чӣ маъно доранд, эй ҳазрат?» Дар ҷавоб фариштаи Худо гуфт: «На бо лашкар ва на бо қуввати инсон, балки бо рӯҳи ман,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо» (Зак. 4:4, 6). Яъне равғани ду дарахти зайтун рамзи рӯҳи муқаддаси Яҳува буд, ки ҳеҷ гоҳ ба охир намерасад. Тамоми қудрати империяи Форс дар пеши рӯҳи муқаддаси Худо ҳеҷ чиз буд. Аз ин рӯ бо дастгирии Яҳува сохтмончиёни ибодатгоҳ нигоҳ накарда ба зиддият корашонро давом медоданд. Чӣ хабари қувватбахше! Аз яҳудиён фақат ҳамин чиз талаб карда мешуд, ки ба Яҳува такя карда корро давом диҳанд. Нигоҳ накарда ба он ки кори сохтмон аз тарафи ҳукумат то ҳол банд буд, яҳудиён онро пеш мебурданд.
7. Кадом тағйирот ба сохтмончиёни ибодатгоҳ қувват бахшид?
7 Тағйироте, ки баъдтар рӯй дод, сохтмончиёни ибодатгоҳро қавӣ гардонд. Ин чӣ гуна тағйирот буд? Соли 520-уми пеш аз милод Дориюши I дар Форс ба сари қудрат омад. Дар соли дуюми ҳукмрониаш ӯ фаҳмид, ки сохтмони ибодатгоҳро ғайриқонунӣ банд кардаанд. Барои ҳамин фармон баровард, ки кори сохтмон ба анҷом расонда шавад (Эзро 6:1–3). Ҳама аз ин қарори шоҳ ба ҳайрат омаданд. Лекин Дориюш аз ин ҳам бештар кард. Ӯ фармон дод, ки халқҳои гирду атроф ба кори сохтмон халал нарасонанд. Ба болои ин ба яҳудиён кумакпулӣ диҳанду бо лавозимоти сохтмонӣ онҳоро таъмин намоянд (Эзро 6:7–12). Дар натиҷа соли 515-и то милод қариб панҷ сол пас сохтмон ба анҷом расид (Эзро 6:15).
8. Чаро шумо ҳангоми зиддият низ далер буда метавонед?
8 Дар рӯзҳои мо низ бисёр ибодаткунандагони Яҳува бо зиддият рӯ ба рӯ мешаванд. Баъзеи онҳо дар давлатҳое зиндагӣ мекунанд, ки фаъолиятамон манъ аст. Дар ин гуна давлатҳо бародару хоҳаронамонро барои шаҳодат додан «ба назди ҳокимон ва подшоҳон мебаранд» (Мат. 10:17, 18). Баъзан вақте ҳукумат дигар мешавад, ҳамимононамон Яҳуваро озодона ибодат мекунанд. Ё чунин шуданаш мумкин аст, ки дар додгоҳ довари адолатхоҳ қароре мебарорад, ки бар манфиати мо аст. Инчунин бародару хоҳароне ҳастанд, ки бо дигар намудҳои зиддият дучор мешаванд. Масалан, онҳо дар давлате зиндагӣ мекунанд, ки фаъолиятамон нисбатан озод асту лекин хешу таборашон зиддият нишон дода, намемонанд, ки онҳо Яҳуваро озодона ибодат кунанд (Мат. 10:32–36). Ногуфта намонад, ки дар бисёр мавридҳо, вақте хешу табор мебинанд, ки ҳамаи кӯшишҳояшон бефоида аст, зиддиятро бас мекунанд. Инчунин воқеаҳое буданд, ки шахс ба мо сахт зиддият нишон медоду баъдтар хизматгори боғайрати Яҳува гашт. Хулоса, вақте бо зиддият рӯ ба рӯ мешавед, таслим нагардед! Далер бошед! Аз ягон чиз натарсед, зеро Яҳува ва рӯҳи муқаддаси бузургаш бо шумост.
ВАҚТЕ ВАЗЪИЯТАМОН ДИГАР МЕШАВАД
9. Вақте таҳкурсии ибодатгоҳ гузошта шуд, чаро баъзе яҳудиён зиқ шуданд?
9 Вақте таҳкурсии ибодатгоҳ гузошта шуд, баъзе яҳудиёни пиронсол ашк рехтанд (Эзро 3:12). Охир, онҳо ибодатгоҳи зебоеро, ки Сулаймон сохта буд, дида буданд ва фикр мекарданд, ки ибодатгоҳи наве, ки месозанд, дар муқоиса бо пешинааш «ночиз» метобад (Ҳаҷ. 2:2, 3). Азбаски онҳо ибодатгоҳи навро бо пешинааш муқоиса мекарданд, зиқ мешуданд. Барои ҳамин рӯъёе, ки Закарё дид, хеле бамаврид буд. Он яҳудиёнро рӯҳбаланд мегардонд. Чӣ тавр?
10. Чаро суханони фаришта аз Закарё 4:8–10 ба яҳудиён кумак кард, то рӯҳбаланд шаванд?
10 Закарё 4:8–10-ро хонед. Фаришта чиро дар назар дошт, вақте гуфт, ки «шоқули дасти [ҳокими яҳудӣ] Зарубобилро дида шодӣ мекунанд»? Шоқул асбобест, ки барои санҷидани ростии чизе истифода бурда мешавад. Фаришта бо ин суханон халқи Худоро боварӣ бахшид, ки дар назари баъзеҳо ибодатгоҳи нав ночиз тобад ҳам, сохтмонаш ба анҷом расида он ба талаботи Яҳува ҷавобгӯ мешавад. Пас, агар Яҳува аз он хурсанд гардад, яҳудиён низ бояд шодӣ мекарданд. Барои Яҳува муҳим ин буд, ки халқ дар ибодатгоҳи нав ӯро ба таври ба ӯ писанд ибодат кунанд. Барои ҳамин агар яҳудиён диққаташонро ба дуруст ибодат кардани Яҳува ва розигиашро ба даст овардан равона мекарданд, хурсандӣ эҳсос менамуданд.
11. Баъзе аз Шоҳидони Яҳува имрӯз бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд?
11 Барои бисёри мо тағйир ёфтани вазъият дардовар аст. Масалан, таъйиноти баъзеҳо, ки солҳои зиёд миссионер, сохтмончӣ, хизматгори Байт-Ил буданд ё корҳои дигарро иҷро мекарданд, тағйир ёфт. Инчунин ҳастанд онҳое, ки аз сабаби синну солашон таъйиноти дӯстдоштаи худро давом дода наметавонанд. Дар чунин мавридҳо зиқ шудан ягон ҷойи бадӣ надорад. Дар аввал шояд мо сабаби чунин қарор кардани ташкилотро пурра нафаҳмем, ё бо он розӣ нашавем. Эҳтимол, мо гӯем, ки ташкилот пеш беҳтар амал мекард. Инчунин шояд мо рӯҳафтода мешавем, зеро ҳис мекунем, ки дар вазъияти нав дигар ба Яҳува нағз хизмат карда наметавонем (Пнм. 24:10). Дар ин сурат чӣ тавр рӯъёе, ки Закарё дид, ба мо кумак карда метавонад, то чизи беҳтаринамонро ба Худо диҳем.
12. Чӣ тавр рӯъёи Закарё кумак мекунад, ки новобаста ба дигар шудани вазъият хурсандиро аз даст надиҳем?
12 Вақте мо ба ҳама чиз аз нуқтаи назари Яҳува менигарем, ба тағйир ёфтани вазъият мутобиқ шудан бароямон осонтар мешавад. Яҳува имрӯз корҳои бузургро ба ҷо меорад ва мо имконияти пуршараф дорем, ки бо ӯ ҳамкорӣ кунем (1 Қӯр. 3:9). Албатта, таъйинотамон дигар шуда метавонад, вале муҳаббати Яҳува нисбати мо пойдор аст. Барои ҳамин, агар тағйироте дар ташкилот шахсан ба шумо таъсир кунад, дуру дароз фикр накунед, ки чаро онро ворид карданд. Ба ҷойи дурудароз дар бораи «рӯзҳои пештара» шишта афсӯс хӯрдан ба Яҳува дуо гӯед, то кумак кунад, ки тарафҳои хуби чунин тағйиротро дида тавонед (Пандгӯ 7:10). Диққатро ба корҳое, ки карда наметавонед, равона накунед, баръакс, дар бораи корҳое фикр кунед, ки карда метавонед. Аз рӯъёи Закарё мо инчунин мефаҳмем, ки рӯҳияи дурустро нигоҳ доштан хеле муҳим аст, зеро дар ин сурат мо хурсандиро аз даст намедиҳем ва новобаста ба дигар шудани вазъият содиқиамонро нигоҳ медорем.
ВАҚТЕ АЗ РӮЙИ ДАСТУРОТ АМАЛ КАРДАН ДУШВОР МЕШАВАД
13. Чаро баъзе яҳудиён фикр карда метавонистанд, ки корҳои барқарорсозиро ба роҳ мондан қарори начандон дуруст аст?
13 Ҳарчанд корҳои барқарорсозии ибодатгоҳ манъ буд, саркоҳин Ешуа ва ҳоким Зарубобил, ки мардони масъул буданд, «ба сохтани хонаи Худо... сар карданд» (Эзро 5:1, 2). Баъзе яҳудиён шояд фикр карданд, ки ин қарори начандон дуруст буд. Онҳо мефаҳмиданд, ки сохтмони ибодатгоҳро аз душманон пинҳон карда намешавад. Душманон бошанд, бо тамоми қувват кӯшиш мекунанд, ки пеши роҳашонро гиранд. Барои ҳамин ба ин ду марди масъул, яъне Ешуа ва Зарубобил боварӣ ҳосил кардан даркор буд, ки Яҳува онҳоро дастгирӣ мекунад. Дар асл, Яҳува онҳоро дастгирӣ кард. Чӣ тавр?
14. Мувофиқи Закарё 4:12, 14 саркоҳин Ешуа ва ҳоким Зарубобил чӣ тавр дилпур карда шуданд?
14 Закарё 4:12, 14-ро хонед. Дар ин қисми рӯъё фариштаи Худо ба пайғамбари содиқаш ошкор мекунад, ки ду дарахти зайтун «ду тадҳиншудае мебошанд», яъне Ешуа ва Зарубобил. Бале, ин ду мард ба маънои маҷозӣ гӯё дар назди Яҳува, «Худованди тамоми замин» меистоданд. Чӣ мавқеи пуршараф! Яҳува аз Ешуа ва Зарубобил дилпур буд. Барои ҳамин исроилиён низ аз дуруст будани қарорҳояшон набояд шубҳа мекарданд. Охир, худи Яҳува ба воситаи ин ду мард халқро роҳнамоӣ мекард.
15. Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки роҳнамоии Яҳуваро, ки ба воситаи Каломаш медиҳад, иззат мекунем?
15 Як роҳе, ки ба воситаи он Яҳува имрӯз халқашро пайваста роҳнамоӣ мекунад, Каломаш мебошад. Ӯ дар Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд, ки чӣ тавр ӯро дуруст ибодат кунем. Пас, чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки роҳнамоии Худоро ба воситаи Каломаш иззат мекунем? Агар онро бодиққат хонем ва кӯшиш карда ба маънояш сарфаҳм равем. Бинобар ин аз худ пурсед: «Вақте ман Китоби Муқаддас ё ягон адабиёти ташкилотро мехонам, истода мулоҳиза меронам? Оё маънои ҳақиқатҳои Каломро, ки “душворфаҳманд” мекобам? Ё ин ки хонишам рӯякӣ аст?» (2 Пет. 3:16). Агар мо дар бораи чизҳое, ки Яҳува моро таълим медиҳад, мулоҳиза ронем, аз рӯйи дастури ӯ амал кардан бароямон осон мешавад ва хизматашро ба ҷо оварда метавонем (1 Тим. 4:15, 16).
16. Вақте мо ба дастуроте, ки «ғуломи бовариноку боандеша» медиҳад, пурра сарфаҳм намеравем, чӣ кумак мекунад, ки ба он гӯш диҳем?
16 Як роҳи дигаре, ки Яҳува ба воситаи он ба мо дастур медиҳад, «ғуломи бовариноку боандеша» мебошад (Мат. 24:45). Баъзан ин ғулом дастуре дода метавонад, ки мо пурра ба маънои он сарфаҳм намеравем. Масалан, шояд ба мо дастури аниқе диҳанд, ки барои ҳангоми офатҳои табиӣ наҷот ёфтан пешбинӣ шудааст. Мо бошем, мегӯем, ки он ба минтақаи мо тамоман дахл надорад. Ё шояд мо фикр кунем, ки «ғуломи бовариноку боандеша» вобаста ба COVID-19 аз ҳад эҳтиёткорӣ мекунанд. Пас, агар дастурот ба назарамон мантиқан нодуруст тобад, чӣ кор карда метавонем? Фикр кунед, ки исроилиён ба дастури Ешуа ва Зарубобил гӯш дода, чӣ қадар манфиат мегирифтанд. Дар ин хусус хондани воқеаҳои дигар низ аз Китоби Муқаддас ба мо кумак карда метавонад. Лаҳзаҳое буданд, ки халқи Худо дастуроте мегирифт, ки аз нуқтаи назари одамӣ бемантиқ метофт, вале дар натиҷа ҳаёташонро наҷот медод (Дов. 7:7; 8:10).
ЧИЗЕРО, КИ ЗАКАРЁ ДИД, БИНЕД
17. Рӯъё дар бораи чароғпоя ва ду дарахти зайтун ба яҳудиён чӣ таъсир расонд?
17 Панҷум рӯъёе, ки Закарё дид, кӯтоҳ буд, вале он яҳудиёнро қувват бахшид, то корро давом дода ибодаташонро пеш баранд. Ба ҷо овардани чизҳое, ки онҳо аз рӯъёи Закарё фаҳмиданд, кумак мекард, то ҳис кунанд, ки онҳоро Яҳува дастгирӣ ва роҳнамоӣ мекунад. Яҳува бошад, ба воситаи рӯҳи муқаддасаш ба онҳо мадад мерасонд, то корро давом дода хурсандиро аз даст надиҳанд (Эзро 6:16).
18. Чӣ тавр рӯъёи Закарё ба ҳаёти шумо таъсир карда метавонад?
18 Рӯъёи Закарё дар бораи чароғпоя ва ду дарахти зайтун ба ҳаёти шумо низ таъсири ҷиддӣ расонда метавонад. Чи хеле дида баромадем, он шуморо қувват бахшида метавонад, то ба зиддият тоб оред, новобаста ба тағйир ёфтани вазъият хурсандӣ пайдо кунед ва дар мавриди ба ҷо овардани дастуре, ки бароятон нофаҳмо аст, дилпур бошед. Хуб, вақте дар ҳаёт бо душворӣ рӯ ба рӯ мешавед, чӣ кор карда метавонед? Аввал, чизеро бинед, ки Закарё медид, яъне исботи онро, ки Яҳува халқашро дастгирӣ мекунад. Сипас ба Яҳува такя карда минбаъд низ ибодаташро ба ҷо оред (Мат. 22:37). Агар ин тавр кунед, Яҳува ҳатман ба шумо кумак мекунад, то ҷовидона дар хизматаш буда хурсандӣ эҳсос намоед (Қӯл. 1:10, 11).
СУРУДИ 23 Яҳува қуввати мост
a Яҳува ба пайғамбар Закарё якчанд рӯъёи ҳайратоваре нишон дод. Он чизеро, ки Закарё дар рӯъё дид, ӯ ва халқи Худоро қувват бахшид, то нигоҳ накарда ба душвориҳо ибодати покро барқарор кунанд. Ин рӯъёҳо ба мо низ кумак мекунанд, ки новобаста ба мушкилиҳо содиқона хизмати Яҳуваро ба ҷо орем. Дар ин мақола мо аз як рӯъёе, ки Закарё дида буд, дарси муҳиме мегирем. Дар он ӯ чароғпоя ва ду дарахти зайтунро дид.
b Якчанд сол пас дар замонҳои ҳоким Наҳемё шоҳи дигаре бо номи Ардашер яҳудиёнро бисёр дастгирӣ мекард.
c ШАРҲИ РАСМ: Бародаре мефаҳмад, ки аз сабаби пиронсолӣ ва вазъи саломатиаш ба тағйир ёфтани вазъият бояд мутобиқ шавад.
d ШАРҲИ РАСМ: Хоҳаре фикр карда истодааст, ки Яҳува дар ҳақиқат «ғуломи бовариноку боандеша»-ро дастгирӣ мекунад, чи хеле ки Ешуа ва Зарубобилро дастгирӣ мекард.