1 Таслӯникиён
4 Эй бародарон, мо шуморо таълим додем, ки барои хурсанд кардани дили Худо чӣ гуна рафтор кунед,+ ва шумо ҳамин тавр ҳам карда истодаед. Ҳоло бошад, аз шумо ба номи Ҳазратамон Исо хоҳишу илтимос мекунем, ки дар рафторатон боз ҳам беҳтар шавед, 2 чунки шумо он чиро, ки аз номи Ҳазратамон Исо таълим* дода будем, медонед.
3 Хости Худо ин аст, ки шумо поку муқаддас бошед+ ва ба зино* даст назанед.+ 4 Ҳар яки шумо бояд бидонед, ки чӣ тавр ҷисми* худро саришта кунед,+ то муқаддасу+ баобрӯ бошед 5 ва мисли халқҳое, ки Худоро намешиносанд,+ баднафсона побанди шаҳват нашавед.+ 6 Ҳеҷ кас аз чорчӯбаи ахлоқ набарояд ва ба бародари худ зарар нарасонад, зеро, чи тавре ки пешакӣ гуфта будем ва қатъиян огоҳ намудем, Яҳува кунандагони ин корҳоро ҷазо медиҳад. 7 Охир, Худо моро на ба нопокӣ, балки ба рафтори поку муқаддас даъват кардааст.+ 8 Аз ин рӯ касе, ки ин таълимотро рад мекунад, на одамизодро, балки Худоро,+ ки рӯҳи муқаддасашро ба шумо медиҳад,+ рад мекунад.
9 Дар хусуси муҳаббати бародарона бошад,+ ҳоҷат нест, ки ба шумо чизе нависем, зеро худи шумо аз Худо таълим гирифтаед, ки якдигарро дӯст доред.+ 10 Шумо бо тамоми бародарон дар саросари Мақдуния ҳамин тавр ҳам мекунед. Лекин, эй бародарон, шуморо даъват мекунем, ки якдигарро боз ҳам бештар дӯст доред. 11 Саъю кӯшиш кунед, ки, чи тавре ба шумо таълим додем, ҳаёти оромона ба сар баред,+ ба кори дигарон дахолат накунед+ ва бо дастони худ меҳнат кунед,+ 12 то дар пеши одамони берун рафтори боодобона дошта бошед+ ва муҳтоҷи чизе набошед.
13 Ғайр аз ин, эй бародарон, намехоҳем, ки шумо аз ояндаи онҳое, ки ба хоби марг рафтаанд,+ бехабар бошед, то мисли онҳое, ки умед надоранд, ғамгин шавед.+ 14 Охир, агар мо имон дошта бошем, ки Исо мурд ва зинда шуд,+ пас, ба он низ имон хоҳем дошт, ки Худо касонеро, ки то охир ба Исо вафодор монданд, аз хоби марг бармехезонад, то ҳамроҳи Исо бошанд.+ 15 Ба шумо дар асоси каломи Яҳува ҳаминро мегӯем, ки аз миёни мо онҳое, ки дар вақти ҳузури Ҳазратамон зиндагӣ мекунанд, ҳаргиз пеш аз касоне, ки аллакай мурдаанд, зинда намешаванд. 16 Худи Ҳазратамон карнайи Худо дар даст бо овози сарвари фариштагон+ фармон дода, аз осмон мефарояд ва он гоҳ онҳое, ки то дами марг ба Масеҳ вафодор монданд, аввалин шуда зинда мешаванд.+ 17 Сипас, он нафароне аз мо, ки дар вақти ҳузури Ҳазратамон зиндагӣ мекунанд, дар абрҳо боло бурда мешаванд,+ то ба онҳо ҳамроҳ шаванд ва бо Ҳазратамон дар осмон вохӯранд;+ ҳамин тавр мо ҳамеша ҳамроҳи Ҳазратамон хоҳем буд.+ 18 Пас, якдигарро бо ин суханон тасаллӣ диҳед.