Корнома
24 Баъди панҷ рӯз саркоҳин Ҳанониё+ ҳамроҳи якчанд нафар пирон ва Тартуллус ном ҳуқуқшиносе ба Қайсария омад ва онҳо даъвоеро, ки аз Павлус доштанд, ба ҳоким баён карданд.+ 2 Вақте Тартуллусро даъват намуданд, ӯ айбдор кардани Павлусро сар карда ба Феликс гуфт:
«Дар сояи ту мо сулҳу осоиштагии бузурге дорем ва пешрафти ин халқро аз дурандешии ту медонем. 3 Мо, эй Феликси муҳтарам, ҳама вақт ва дар ҳама ҷо барои ин ҳазорон бор шукрона мекунем. 4 Вале, барои он ки вақти зиёди туро нагирам, илтимос мекунам, ки меҳрубонӣ карда, арзи кӯтоҳи моро бишнав. 5 Мо фаҳмидем, ки ин шӯрандоз*+ дар байни ҳамаи яҳудиёни рӯйи замин ошӯбу иғво меангезад.+ Ӯ ҳамчунин сардори мазҳаби* носириён* аст+ 6 ва, вақте мо ӯро дастгир кардем, ӯ ибодатгоҳро нопок карданӣ буд+ 7 *—— 8 Агар ӯро пурсуҷӯ кунӣ, худат мефаҳмӣ, ки даъвои мо сад дар сад дуруст аст».
9 Яҳудиён низ ба ӯ ҳамроҳ шуда, ин суханонро тасдиқ карданд. 10 Вақте ки ҳоким бо ишораи сар ба Павлус иҷозат дод, ки сухан гӯяд, ӯ гуфт:
«Ман нағз медонам, ки ту солҳои зиёд ин халқро доварӣ мекунӣ, бинобар ин барои муҳофизати худ бемалол сухан мегӯям.+ 11 Ту худат аниқ карда метавонӣ, ки аз он вақте, ки ман барои парастиш ба Ерусалим омадам,+ аз 12 рӯз зиёд нагузаштааст. 12 Онҳо на бо касе дар ибодатгоҳ баҳс кардани маро дидаанду на дар ибодатхонаҳо ё ягон ҷойи дигари шаҳр мардумро ба ошӯб оварданамро. 13 Онҳо чизҳоеро, ки ҳоло бар зидди ман мегӯянд, исбот карда ҳам наметавонанд. 14 Вале дар назди ту иқрор мешавам, ки ман, дар ҳақиқат, мувофиқи роҳе, ки онҳо “мазҳаби носириён*” меноманд, зиндагӣ карда, ба Худои бобоёнам хизмат мекунам+ ва ба ҳама гуфтаҳои Таврот ва Навиштаҳои пайғамбарон бовар дорам.+ 15 Ман ҳам мисли ин одамон аз Худо умед дорам, ки ҳам росткорону ҳам бадкорон+ дар оянда зинда мешаванд.+ 16 Аз ин рӯ ҳамеша саъю кӯшиш мекунам, ки дар пеши Худо ва одамон виҷдони пок дошта бошам.+ 17 Ҳоло ман пас аз солҳои зиёд ба Ерусалим баргаштам, то ба халқи худ хайрияҳоро бирасонам+ ва ба Худо ҳадияҳо пешкаш кунам. 18 Вақте ки ин корҳоро ба ҷо меовардам, онҳо маро, ки мувофиқи маросим пок шуда будам, дар ибодатгоҳ диданд,+ лекин ман дар атрофам на мардумро ҷамъ оварда будаму на ғавғо мебардоштам. Вале дар он ҷо якчанд яҳудие аз Осиё буд, 19 ки, агар, дар ҳақиқат, бар зидди ман даъвое медоштанд, бояд дар пеши ту ҳозир шуда, маро айбдор мекарданд.+ 20 Ё бигзор худи инҳо бигӯянд, ки, вақте пеши Шӯрои олӣ истода будам, дар ман чӣ айбе ёфтанд. 21 Ман ҳамин қадар гуфтам, ки “Имрӯз маро пеши шумо барои он доварӣ мекунанд, ки ба зинда шудани мурдагон бовар дорам!”»+
22 Феликс, ки бо ин Роҳ*+ хеле хуб шинос буд, кори онҳоро ба қафо партофта, гуфт: «Дар хусуси масъалаи шумо пас аз омадани Лисиёси мириҳазор қарор мебарорам». 23 Сипас ӯ ба мирисад фармуд, ки Павлусро дар ҳабс нигоҳ дорад, лекин каме озодӣ ҳам диҳад ва ба ёру дӯстонаш иҷозат диҳад, ки омада, ба ӯ ғамхорӣ кунанд.
24 Якчанд рӯз пас Феликс бо ҳамсараш Друсило, ки яҳудӣ буд, омада, Павлусро даъват намуд ва суханони ӯро дар бораи имоне, ки ба Исои Масеҳ* дошт, шунид.+ 25 Аммо, вақте ки Павлус дар бораи росткорӣ, худдорӣ ва доварии оянда гап зад,+ Феликс ба тарсу ҳарос афтода, гуфт: «Ҳоло бирав, ҳамин ки вақтам шуд, боз туро даъват мекунам». 26 Дар айни ҳол ӯ умедвор буд, ки Павлус ба ӯ пул медиҳад. Аз ҳамин сабаб тез-тез вайро ба наздаш даъват намуда, бо ӯ суҳбат мекард. 27 Феликс, ки дили яҳудиёнро ёфтан мехост,+ Павлусро дар ҳабсхона нигоҳ медошт. Лекин пас аз ду сол ҷойи Феликсро Поркиюс Фестус гирифт.