Айюб
2 Баъд аз ин рӯзе фаро расид, ки писарони Худо*+ омаданд, то дар пеши Яҳува ҳозир шаванд.+ Шайтон низ бо онҳо дар пеши Яҳува ҳозир шуд.+
2 Яҳува ба Шайтон гуфт: «Аз куҷо омадӣ?» Шайтон ба Яҳува ҷавоб дод: «Аз давр задан бар замин ва гаштугузор кардан бар он».+ 3 Яҳува ба Шайтон гуфт: «Оё ба бандаи ман Айюб диққат додӣ? Мисли ӯ касе дар тамоми замин нест. Ӯ марди беайбу росткор+ ва худотарс аст ва аз бадӣ дур мешавад. Айюб то ҳол дар беайбиаш устувор аст,+ ҳарчанд ту мехоҳӣ маро бар зидди ӯ иғво андозӣ,+ то ӯро бесабаб нобуд кунам». 4 Лекин Шайтон ба Яҳува ҷавоб дод: «Пӯст дар ивази пӯст: одам барои ҷони худ тайёр аст аз баҳри ҳама чиз барояд. 5 Дасти худро дароз карда, ба устухон ва гӯшти ӯ бизан, он гоҳ мебинӣ, ки ӯ туро рӯирост дашном медиҳад».+
6 Он гоҳ Яҳува ба Шайтон гуфт: «Инак, ӯ дар дасти туст. Фақат ҷонашро нагир». 7 Шайтон аз пеши Яҳува берун рафт ва Айюбро аз нӯги по то фарқи сараш зарба зад ва бадани ӯ пур аз обилаҳои дардовар*+ шуд. 8 Айюб бар хокистар нишаст+ ва сафолпорае гирифт, то бадани худро бихорад.
9 Оқибат занаш ба ӯ гуфт: «Оё ту то ба ҳол дар беайбият устуворӣ? Худоро дашном деҳ ва бимир!» 10 Лекин ӯ ба занаш гуфт: «Ту мисли яке аз занони беақл гап мезанӣ. Наход некиро аз Худо қабул кунему бадиро не?»+ Дар ҳамаи ин Айюб бо лабони худ гуноҳе накард.+
11 Се рафиқи Айюб — Алифози+ темонӣ, Билдоди+ шуҳӣ+ ва Сӯфори+ наъмотӣ — дар бораи ҳамаи он бадбахтиҳое, ки ба сари ӯ омад, шуниданд ва ҳар яке аз диёри худ омаданд. Онҳо бо якдигар маслиҳат карда, вохӯрданд, то барои ҳамдардӣ баён кардан ва дилбардорӣ намудани Айюб бираванд. 12 Вақте онҳо чашм андохта, ӯро аз дурӣ диданду нашинохтанд, бо овози баланд гириста, либосҳои худро чок заданд ва сӯйи осмон ва бар сари худ хок пошиданд.+ 13 Онҳо бо ӯ ҳафт шабу ҳафт рӯз бар замин нишастанд, лекин ҳеҷ яке аз онҳо ба ӯ сухане нагуфт, зеро диданд, ки дардаш хеле сахт аст.+