Эфсӯсиён
6 Эй фарзандон, мувофиқи хости Худованд ба падару модари худ итоат кунед,+ зеро ин дуруст аст. 2 «Падару модаратро иззат кун»+ — ин аст амри аввалин бо чунин ваъда: 3 «То бар замин умри дароз бинӣ ва ҳаётат хуб гузарад». 4 Эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоред,+ балки онҳоро дар таълим ва насиҳати* Яҳува+ тарбия кунед.+
5 Эй ғуломон, ба хӯҷаинҳои заминии* худ бо тарсу ларз ва аз самими дил итоат кунед,+ чуноне ки ба Масеҳ мекунед, 6 ва на танҳо дар пеши назари дигарон, чун касоне, ки мехоҳанд дили одамонро ёбанд,+ балки чун ғуломони Масеҳ, ки хости Худоро аз дилу ҷон ба ҷо меоранд.+ 7 Бо майлу рағбат ба хӯҷаинҳои худ хизмат кунед, мисли он ки ба Яҳува бошад,+ на ба одамон, 8 зеро медонед, ки ҳар кас, хоҳ ғулом бошад, хоҳ озод, мувофиқи некии кардааш аз Яҳува мукофот мегирад.+ 9 Шумо низ, эй хӯҷаинон, бо ғуломони худ ҳамин тавр рафтор намоед ва ба сарашон зӯрӣ накунед, зеро медонед, ки ҳам онҳову ҳам шумо як Хӯҷаин доред, ки дар осмон аст+ ва ба ҳама бо як чашм менигарад.
10 Ниҳоят, аз Худованд ва тавоноии қудрати ӯ+ қувват ёбед. 11 Либоси ҷангиеро, ки аз Худост, пурра дар бар кунед,+ то ба макру ҳилаи* Иблис муқобилат карда тавонед. 12 Охир, муборизаи* мо+ на бар зидди хун ва ҷисм, балки бар зидди ҳукуматҳо ва ҳокимиятҳо, бар зидди ҳокимони ин ҷаҳони зулмот, бар зидди рӯҳҳои нопокест,+ ки дар маконҳои осмониянд. 13 Бинобар ин либоси ҷангиеро, ки аз Худост, пурра дар бар кунед,+ то дар рӯзи бад муқобилат карда тавонед ва ҳама корро ба ҷо оварда, устувор истед.
14 Пас, барои он ки устувор истед, миёнатонро бо камарбанди ростӣ бибандед,+ ҷавшани росткориро дар бар кунед+ 15 ва пойафзоли омодагиро барои эълон кардани хушхабари осоиштагӣ бипӯшед.+ 16 Илова бар ҳамаи ин, сипари калони имонро бигиред,+ ки бо он тамоми тирҳои оташбори Шайтонро* хомӯш карда метавонед.+ 17 Ҳамчунин кулоҳи* наҷотро ба сар кунед+ ва шамшери рӯҳ, яъне каломи Худоро, ба даст гиред.+ 18 Дар баробари ин бо ҳар навъ дуову+ илтиҷо дар ҳар ҳолат доимо бо ҳидояти рӯҳ дуо гӯед+ ва барои ин кор бедор монеду ҳамеша дар ҳаққи ҳамаи покон аз Худо зориву илтиҷо кунед. 19 Барои ман низ дуо гӯед, то, вақте даҳон кушоям, далерона сухан гуфта тавонам ва сирри муқаддаси хушхабарро маълум созам,+ 20 ки ба хотири он дар занҷирҳо вазифаи сафирро+ иҷро карда истодаам. Дуо гӯед, ки дар бораи он далерона гап занам, чуноне ки бояд кунам.
21 Тихиқус,+ ки бародари азиз ва хизматгори вафодори Ҳазрат аст, шуморо аз аҳвол ва корҳои ман хабардор мекунад.+ 22 Ман ӯро бо он мақсад наздатон мефиристам, ки аз аҳволи мо бохабар бошед ва аз суханони ӯ тасаллӣ ёбед.
23 Бигзор бародарон аз ҷониби Падарамон Худо ва Ҳазратамон Исои Масеҳ осоиштагиву муҳаббату имон дошта бошанд. 24 Бигзор лутфу марҳамат бо ҳамаи онҳое бошад, ки ба Ҳазратамон Исои Масеҳ муҳаббати ҷовидона доранд.