Боби 14
Кадом ҳокимиятро эътироф бояд кард?
1, 2. Оё ҳама шаклҳои ҳокимият зиёноваранд? Шарҳ диҳед.
“ҲОКИМИЯТ”. Ин калима барои бисёре аз мардум нохушоянд аст. Ва ин фаҳмост, зеро аз он аксаран сӯиистифода мекунанд — дар ҷои кор, дар оила, дар доираҳои ҳукмронӣ. Китоби Муқаддас воқеъбинона мегӯяд: «Одам бар одам ба зарари вай ҳукмронӣ мекунад» (Воиз 8:9). Оре, бисёриҳо дар болои дигарон бераҳмона ва худпарастона ҳукмронӣ мекунанд.
2 Аммо на ҳар ҳокимият зараровар аст. Масалан, гуфтан мумкин аст, ки ҷисми мо моро идора мекунад. Он ба мо “амр медиҳад”, ки нафас кашем, бихӯрем, бинӯшем, бихобем. Магар ин тазйиқовар аст? Не. Ба ин дархостҳо розӣ шуда, мо ба худ танҳо фоида меорем. Ҳарчанд ки мо мутеи ниёзҳои табии ҷисмамон ҳастем, ҳокимиятҳое вуҷуд доранд, ки аз мо тобеияти ихтиёронаро талаб мекунанд. Ба баъзе намунаҳо таваҷҷӯҳ кунед.
ҲОКИМИЯТИ ОЛӢ
3. Чаро Йеҳӯва аз рӯи ҳуқуқи комил «Худои Қодири Мутлақ» номида мешавад?
3 Дар Китоби Муқаддас беш аз сесад бор Йеҳӯва Худои «Қодири Мутлақ» номида шудааст. Худои Қодири Мутлақ онест, ки дорои қудрат ва иқтидори мутлақ аст. Чӣ ба Йеҳӯва ҳуқуқи доштани чунин мақомро медиҳад? Ваҳй 4:11 чунин посух медиҳад: «Эй Худованд, Ту сазовори он ҳастӣ, ки ҷалол, шавкат ва қудрат биёбӣ, зеро ки Ту ҳама чизро офаридаӣ, ва ҳама чиз бар тибқи иродаи Ту вуҷуд дорад ва офарида шудааст».
4. Йеҳӯва аз ҳокимияти худ чӣ гуна истифода мекунад?
4 Йеҳӯва Офаридгори мост, пас Ӯ ҳақ дорад, ки ҳокимияташро аз рӯи салоҳдиди худ истифода барад. Ин чиз метавонад тарсовар бошад, хусусан агар «тавоноии қудрат»-и Худоро ба назар бигирем. Ӯ «Худои Қодир» хонда мешавад — ин ибораест, ки дар забони ибронӣ маънои қувваи фатҳнашавандаро дорад (Ишаъё 40:26; Ҳастӣ 17:1). Бо ин ҳол, Йеҳӯва қудрати хешро бо меҳрубонӣ нишон медиҳад, чунки хусусияти аслии Ӯ муҳаббат аст (1 Юҳанно 4:16).
5. Чаро итоат ба Йеҳӯва душвор нест?
5 Гарчанде ки Йеҳӯва огоҳ кард, ки гунаҳкорони тавбанокардаро ҷазо медиҳад, Мусо Ӯро пеш аз ҳама чун «Худои амин, ки аҳд ва марҳамати худро ба онҳое ки Ӯро дӯст медоранд ва аҳкомашро риоя менамоянд, нигоҳ медорад», медонист (Такрори Шариат 7:9). Лаҳзае биандешед! Оне ки соҳиби ҳокимияти олӣ дар Даҳр аст, моро барои хидмат ба Ӯ маҷбур намекунад. Баръакс, моро ба сӯи Йеҳӯва муҳаббати Ӯ ҷалб мекунад (Румиён 2:4; 5:8). Ба ҳокимияти Йеҳӯва итоат кардан ҳатто хушҳолӣ меорад, чунки қонунҳои Ӯ танҳо ба манфиати моянд (Забур 18:8, 9).
6. Ҳокимият дар боғи Адан чӣ гуна зери савол гузошта шуда буд ва ин ба чӣ оварда расонд?
6 Нахустволидайни мо ҳокимияти Йеҳӯваро рад карданд. Онҳо хостанд, ки худ муқаррар кунанд, ки чӣ хуб асту чӣ бад (Ҳастӣ 3:4–6). Дар натиҷа, аз хонаи биҳиштии худ ронда шуданд. Баъдтар Йеҳӯва иҷозат дод, ки одамон сохтори ҳукуматӣ барпо кунанд, ки вай ба онҳо муяссар месохт, то дар ҷамъияти бонизом, вале дар айни ҳол нокомил зиндагӣ кунанд. Баъзе аз шаклҳои чунин ҳукуматҳо кадомҳоянд ва мо то кадом андоза ба онҳо итоат кунем, то Худо аз мо розӣ бошад?
«ҲОКИМИЯТҲОИ БОЛО»
7. «Ҳокимиятҳои боло» кистанд ва мавқеи онҳо дар назди ҳокимияти Худо чӣ гуна аст?
7 Павлуси ҳавворӣ навишт: «Ҳар шахс бояд ба ҳокимиятҳои боло итоат кунад; зеро ҳеҷ ҳокимияте нест, ки аз Худо набошад». «Ҳокимиятҳои боло» чист? Суханони Павлус дар матнҳои баъдӣ нишон медиҳанд, ки «ҳокимиятҳои боло» ҳокимиятҳои давлатианд (Румиён 13:1–7; Титус 3:1). Йеҳӯва ин ҳокимиятҳоро барпо насохтааст, аммо ба вуҷудияти онҳо иҷозат додааст. Бинобар ин, Павлус метавонист чунин бинависад: «Ҳокимиятҳои мавҷуда аз ҷониби Худо барқарор шудаанд». Ин суханҳо дар бораи ҳокимиятҳои заминӣ чӣ мегӯянд? Ин ки онҳо ба ҳокимияти Худо тобеанд, ё ин ки поёнтар қарор доранд (Юҳанно 19:10, 11). Бинобар ин, вақте ки байни қонунҳои инсонӣ ва қонунҳои Худо зиддият пайдо мешавад, масеҳиёнро бояд виҷдони аз Китоби Муқаддас таълимгирифта ҳидоят намояд: «Ба Худо бояд итоат кард, на ба одамизод» (Аъмол 5:29).
8. Ҳокимиятҳои боло чӣ гуна манфиатҳоро ба мо меоранд ва чӣ тавр тобеияти худро ба онҳо зоҳир кардан мумкин аст?
8 Ба ҳар ҳол, ҳокимиятҳои давлатии боло аксаран чун «хизматгори Худо барои нафъи моён» амал мекунанд (Румиён 13:4). Бо кадом роҳҳо? Дар бораи соҳаҳои зиёди хизматрасоние, ки ҳокимиятҳои боло фароҳам овардаанд, биандешед, аз қабили соҳаи алоқа, милиса, сӯхторхомӯшкунӣ, системаи обгузаронӣ ва қубурсозӣ, ҳамчунин имконияти гирифтани маълумот. Павлус навишт: «Ба ҳамин сабаб шумо андоз ҳам медиҳед; зеро онҳо мулозимони Худо ҳастанд, ки доим ба ин кор машғуланд» (Румиён 13:6). Нисбати додани андоз ё ӯҳдадориҳои дигари аз тарафи қонун пешбинишуда мо бояд «ҳалолкорона рафтор кунем» (Ибриён 13:18).
9, 10. a) Нақши ҳокимиятҳои боло дар тартиботи Худо чӣ гуна аст? б) Чаро мухолифат ба ҳокимиятҳои боло нодуруст аст?
9 Баъзан ҳокимиятҳои боло аз ваколатҳои худ сӯиистифода мекунанд. Оё ин моро аз масъулияти итоат ба онҳо озод мекунад? Не. Йеҳӯва амалҳои нодурусти онҳоро мебинад (Масалҳо 15:3). Сабри Ӯ нисбати ҳукмронии одамон маънои онро надорад, ки Ӯ чашм аз ришвахӯрии онҳо мепӯшад, Ӯ аз мо низ инро интизор нест. Дарвоқеъ, Худо ба зудӣ «ҳамаи ин салтанатҳоро гард-гард ва несту нобуд карда», онҳоро бо ҳокимияти одилонаи худ иваз мекунад (Дониёл 2:44). То расидани он замон ҳокимиятҳои боло фоидаоваранд.
10 Павлус чунин тавзеҳ дод: «Ҳар кӣ ба ҳокимият муқобилат кунад, бар зидди амри Худо исён кардааст» (Румиён 13:2). Ҳокимиятҳои боло бо иҷозати Худо муқаррар шудаанд ва бо шарофати онҳо то андозае низом нигоҳ дошта мешавад ва бе онҳо беҳокимиятӣ ва бесарусомонӣ ҳукмфармо мегашт. Мухолифат бар онҳо нодуруст аз назари Китоби Муқаддас ва ҳамчунин беандешагист. Масалан, тасаввур кунед, ки шуморо ҷарроҳӣ карда, ба ҷароҳат чоки пайвандӣ гузоштанд. Бо вуҷуди он ки риштаҳои чок барои бадан бегонаанд, онҳо як муддати маҳдуд муфиданд. Кандани онҳо пеш аз вақт зараровар аст. Ҳамин тавр, ҳокимияте ки дар он инсон соҳиби қудрат аст, дар мақсади аввалаи Худо набуд. Аммо ҳоло ки Салтанати Ӯ пурра дар рӯи замин ҳукмронӣ намекунад, ҳокимиятҳои одамӣ ҷамъиятро тақвият дода, вазифаи худро, ки мутобиқи иродаи Худо дар вақти ҳозира аст, иҷро мекунанд. Бинобар ин, мо бояд ба ҳокимиятҳои боло итоат намоем, ҳарчанд ки пеш аз ҳама мо қонунҳо ва ҳокимияти Худоро эътироф мекунем.
ҲОКИМИЯТ ДАР ОИЛА
11. Принсипи сарвариро шумо чӣ гуна шарҳ медиҳед?
11 Оила — асоси ҷомеаи инсонист. Дар он зану шавҳар метавонанд аз ҳамнишинии судманди якдигар бархурдор шаванд ва фарзандон дар паноҳи он муҳофизат шуда ба камол мерасанд (Масалҳо 5:15–21; Эфсӯсиён 6:1–4). Ин сохтори аҷоибро чунон ташкил бояд намуд, ки аъзоёни оила дар оромӣ ва ризоият аз ҳамдигар зиндагӣ кунанд. Йеҳӯва ин сохторро аз рӯи принсипи сарварӣ, ки дар 1 Қӯринтиён 11:3 омадааст, созмон медиҳад: «Сардори ҳар мард Масеҳ аст, сардори зан шавҳари ӯст ва сардори Масеҳ Худост».
12, 13. Сарвари оила кист ва аз тарзи сарварии Исо чиро метавон омӯхт?
12 Шавҳар — сарвари оила аст, аммо дар болои сари ӯ сарвари дигаре ҳаст — Исои Масеҳ. Павлус навишт: «Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред, чунон ки Масеҳ низ ба Калисо [«ҷамъомад», ТОН] муҳаббат дошт ва Худро аз барои он таслим намуд» (Эфсӯсиён 5:25). Шавҳар тобеияти худро ба Исо дар он зоҳир месозад, ки бо зан ҳамон тавре муносибат кунад, чунон ки Исо ҳамеша бо ҷамъомад мекард (1 Юҳанно 2:6). Исо ҳамеша қудрати бузурге дорад, аммо ӯ аз он бо нармии фавқулодда, муҳаббат ва оқилӣ истифода мекунад (Матто 20:25–28). Исо дар вақти ҳаёти заминиаш ҳеҷ гоҳ аз мавқеи худ сӯиистифода намекард. Ӯ «ҳалим ва фурӯтан» буд ва пайравони худро на «банда», балки «дӯст» мехонд. «Ман шуморо оромӣ хоҳам бахшид», ваъда дод ӯ ба онҳо ва ҳамин тавр ҳам кард (Матто 11:28, 29; Юҳанно 15:15).
13 Намунаи Исо ба шавҳарон меомӯзад, ки мақоми сарварии масеҳиёна ба онҳо ҳуқуқи ситамгариро намедиҳад. Баръакс, он шавҳаронро масъул месозад, ки аз худ эҳтиром ва муҳаббати фидокорона нишон диҳанд. Ва ин амр барои бадмуомилагӣ дар муносибат бо зан — хоҳ ҷисмонӣ бошад, хоҳ дар сухан — ҷое боқӣ намегузорад (Эфсӯсиён 4:29, 31, 32; 5:28, 29; Қӯлассиён 3:19). Агар марди масеҳӣ нисбати ҳамсари худ бадрафторӣ намояд, корҳои хуби ӯ беарзиш хоҳанд буд ва дуоҳои ӯ мустаҷоб нахоҳанд шуд (1 Қӯринтиён 13:1–3; 1 Петрус 3:7).
14, 15. Маърифати Худо чӣ гуна ба зан кӯмак мекунад, ки ба шавҳари худ итоат намояд?
14 Вақте ки шавҳар ба намунаи Исо пайравӣ мекунад, барои ҳамсараш мувофиқи он чӣ ки дар Эфсӯсиён 5:22, 23 омадааст, рафтор намудан осон хоҳад буд: «Эй занон, мутеи шавҳарони худ шавед, мисли он ки ба Худованд бошад, чунки шавҳар сари зан аст, чунон ки Масеҳ сари Калисо [«ҷамъомад», ТОН]». Ҳамон тавре ки шавҳар мутеи Масеҳ аст, зан низ бояд мутеи шавҳар бошад. Китоби Муқаддас ҳамчунин нишон медиҳад, ки занони накӯкор барои хиради худописандона ва меҳнатдӯстии худ сазовори иззат ва таҳсин ҳастанд (Масалҳо 31:10–31).
15 Итоати зан ба шавҳар нисбӣ аст. Ин ба он маъност, ки агар итоат ба шавҳар дар иҷрои ягон кор ба вайрон кардани қонуни Худо орад, пас ба Худо бояд итоат кард, на ба инсон. Вале дар ин сурат ҳам бояд мавқеи устувори зан бо «рӯҳи ҳалиму сокит» нарм гардад. Бояд аён бошад, ки бо шарофати маърифати Худо ӯ ҳамчун зан беҳтар гардидааст (1 Петрус 3:1–4). Ин гуфтаҳоро дар мавриди марди масеҳие ки ҳамсараш масеҳӣ нест, низ оварда метавон. Риояи принсипҳои Китоби Муқаддас аз ӯ бояд шавҳари беҳтаре бисозад.
16. Чӣ гуна фарзандон метавонанд ба намунае, ки Исо ҳангоми кӯдакии худ гузошта буд, пайравӣ кунанд?
16 Дар Эфсӯсиён 6:1, ки нақши фарзандро гӯшзад мекунад, омадааст: «Эй фарзандон, ба падару модари худ дар Худованд итоат намоед, зеро ки ин аз рӯи инсоф аст». Фарзандони масеҳӣ ба намунаи Исо пайравӣ мекунанд: ӯ то вақти ба камол расидан ба волидони худ итоат мекард. Чун фарзанди гапдаро Исо «дар ҳикмат ва дар камол ва дар илтифот назди Худо ва одамон тараққӣ мекард» (Луқо 2:51, 52).
17. Тарзи истифодаи падару модарон аз ҳокимияти худ чӣ гуна таъсир метавонад ба фарзандон расонад?
17 Тарзи муносибати волидон ба масъулиятҳояшон метавонад ба он ки фарзандон ба ҳокимият эҳтиром ба ҷо меоранд, ё зидди он мебароянд, таъсир расонад (Масалҳо 22:6). Бо ин сабаб, падару модарон бояд аз худ бипурсанд: оё ман аз ҳуқуқҳои худ бо муҳаббат истифода мекунам, ё бо дуруштӣ? Оё аз ҳад зиёд саҳлгир нестам? Аз волидони худотарс интизорӣ меравад, ки онҳо бомуҳаббат, ботаваҷҷӯҳ ва ҳамоно ба принсипҳои худоӣ устувор мемонанд. Маҳз дар ин бора Павлус гуфт: «Эй падарон, фарзандони худро ба хашм наоваред, балки онҳоро дар таълимот ва насиҳати Худованд тарбия кунед» (Эфсӯсиён 6:4; Қӯлассиён 3:21).
18. Падару модарон бояд фарзандонро чӣ гуна тарбия кунанд?
18 Волидон бояд дар бораи усулҳои тарбияашон андеша кунанд, бахусус агар хоҳанд, ки фарзандони онҳо гапдаро ва боиси хурсандиашон бошанд (Масалҳо 23:24, 25). Дар Китоби Муқаддас тарбия асосан ба маънии насиҳат аст (Масалҳо 4:1; 8:33). Он бо муҳаббат ва нармӣ ҳамроҳ аст, на бо ғазаб ва бераҳмӣ. Бинобар ин, волидони масеҳӣ бояд бохирад рафтор кунанд ва дар вақти танбеҳи фарзандони худ ботаҳаммул бошанд (Масалҳо 1:7).
ҲОКИМИЯТ ДАР ҶАМЪОМАД
19. Худо чӣ чора дид, то дар ҷамъомади масеҳӣ тартиботи хубе бошад?
19 Аз оне ки Йеҳӯва Худои бонизом аст, Ӯ барои халқи худ роҳбарияти боэътимод ва муташаккилона фароҳам овард. Аз ин рӯ Исоро Сарвари ҷамъомади масеҳӣ таъин кард (1 Қӯринтиён 14:33, 40; Эфсӯсиён 1:20–23). Худо тартиботе дод, ки таҳти роҳбарии диданашавандаи Масеҳ дар ҳар ҷамъомад пирони таъиншудаи боғайрат, бо майлу рағбат ва бо меҳрубонӣ чӯпонии рамаро ба ӯҳда доранд (1 Петрус 5:2, 3). Ходимони ёвар дар корҳои гуногун ба онҳо ёрӣ дода, дар ҷамъомад хидмати арзандае мекунананд (Филиппиён 1:1).
20. Барои чӣ ба пирони таъиншуда итоат бояд кард ва чаро ин бароямон муфид аст?
20 Дар бораи пирони масеҳӣ Павлус навишта: «Ба сардорони худ фармонбардор ва мутеъ бошед, зеро онҳо ҳамеша ғами ҷонҳои шуморо мехӯранд, чунки ба ҳисобот додан вазифадор мебошанд; то ин ки онҳо ин вазифаро бо шодӣ ба ҷо оваранд, на бо оҳу нола, зеро ки ин барои шумо фоиданок нест» (Ибриён 13:17). Худо аз рӯи хираде, ки хоси ӯст, ба нозирони масеҳӣ ғамхориро бар ниёзҳои рӯҳонии онҳое ки дар ҷамъомаданд, супорид. Ин пирон табақаи рӯҳонӣ нестанд, балки ходимон ва бандагони Худо ҳастанд, ки дар хидмати бартараф кардани ниёзҳои ҳамимонони худ мебошанд, чуноне ки Сарвари мо Исои Масеҳ мекард (Юҳанно 10:14, 15). Огоҳӣ аз он ки мардони лоиқ аз назари Китоби Муқаддас ба пешрафт ва рушди рӯҳонии мо ҳавасманданд, моро ба он бармеангезад, то бо онҳо ҳамкорӣ намоем ва мутеъ бошем (1 Қӯринтиён 16:16).
21. Пирони таъиншуда чӣ гуна барои расонидани ёрии рӯҳонӣ ба ҳамимонони худ кӯшиш мекунанд?
21 Баъзан шояд гӯсфандон аз рама бароянд, ё дар асари омилҳои дунёӣ зери хатар афтанд. Таҳти роҳбарии Сарчӯпон пирон ба ниёзҳои онҳое, ки таҳти парасториашон қарор доранд, аҳамият дода, мекӯшанд ба онҳо диққати хоса зоҳир кунанд (1 Петрус 5:4). Пирон ба аёдати аъзоёни ҷамъомад омада, онҳоро рӯҳбаланд мекунанд. Бо донистани он ки Иблис дар кӯшиши барҳам додани сулҳ ва оромии мардуми Худост, пирон аз рӯи ҳикмате ки аз болост, ҳар гуна мушкилиҳоро ҳал мекунанд (Яъқуб 3:17, 18). Онҳо ҷидду ҷаҳд мекунанд, то ягонагӣ ва якфикриро дар имон нигоҳ доранд — айнан ҳамонеро ки Исо дар дуо мепурсид (Юҳанно 17:20–22; 1 Қӯринтиён 1:10).
22. Ҳангоме ки касе гуноҳ мекунад, пирон чӣ гуна кӯмак мекунанд?
22 Чӣ мешавад, агар масеҳие бо ягон сабаб ранҷу азоб кашад ё аз он ки гуноҳ кард, рӯҳан афтад? Пандҳои тасаллобахши Китоби Муқаддас ва дуоҳои самимонаи пирон барои барқарории саломатии рӯҳонии вай метавонанд ёрӣ диҳанд (Яъқуб 5:13–15). Ин мардҳои бо рӯҳулқудс таъиншуда, ҳамчунин ваколатдор ҳастанд, ки чораҳои ислоҳкунанда бинанд ё ки онҳоеро, ки покии рӯҳонӣ ва ахлоқии ҷамъомадро зери хатар мегузоранд, мазаммат кунанд (Аъмол 20:28; Tитус 1:9; 2:15). Барои нигоҳ доштани покии ҷамъомад, дар бораи гуноҳҳои ҷиддӣ хабардор бояд намуд (Ибодат 5:1). Агар масеҳие ки гуноҳи ҷиддӣ содир кардааст, мазамматеро, ки аз рӯи Китоби Муқаддас аст, қабул кунад ва исбот намояд, ки воқеан тавба намудааст, ба ӯ кӯмак дода хоҳад шуд. Аммо вайронкунандагони қонуни Худо, ки якравӣ нишон дода тавба намекунанд, аз ҷамъомад хориҷ мешаванд (1 Қӯринтиён 5:9–13).
23. Нозирони масеҳӣ барои некӯаҳволии ҷамъомад чӣ кор мекунанд?
23 Дар Китоби Муқаддас пешгӯӣ шудааст, ки таҳти подшоҳии Исои Масеҳ, мардоне ки аз назари рӯҳонӣ баркамол ҳастанд, барои дилбардорӣ, муҳофизат, устувор кардани халқи Худо таъин мешаванд (Ишаъё 32:1, 2). Онҳо чун мавъизагарон, чӯпонон ва омӯзгорон роҳбариро ба даст гирифта, боиси рушди рӯҳонӣ мешаванд (Эфсӯсиён 4:11, 12, 16). Гарчанде ки нозирони масеҳӣ баъзан метавонанд ҳамимонони хешро мазаммат, огоҳӣ диҳанд, ё насиҳат кунанд, аммо панди муфиди бар Китоби Муқаддас асосёфтаи пирон ҳамаро ёрӣ мерасонад, то ки дар роҳ ба сӯи ҳаёт бимонанд (Масалҳо 3:11, 12; 6:23; Титус 2:1).
НАЗАРИ ЙЕҲӮВАРО ДАР МАВРИДИ ҲОКИМИЯТ БИПАЗИРЕД
24. Бо чӣ гуна озмоиш мо ҳар рӯз дучор мешавем?
24 Нахустин мард ва зан нисбати тобеият ба ҳокимият озмуда шуданд. Ҳайратовар нест, ки мо низ ҳаррӯза бо чунин озмоиш дучор мешавем. Шайтон Иблис дар байни одамон рӯҳи исёнкориро тақвият медиҳад (Эфсӯсиён 2:2). Роҳи истиқлолият назар ба роҳи тобеият хеле ҷалбкунанда аст.
25. Чаро рад кардани рӯҳи исёнгари ин ҷаҳон ва тобеият ба ҳокимиятҳое, ки Худо аз онҳо истифода мебарад ё мавҷудияти онҳоро иҷозат медиҳад, муфид аст?
25 Аммо мо бояд рӯҳи исёнгари ин дунёро рад намоем. Бо ин кор дархоҳем ёфт, ки тобеияти худописандона бо худ инъомҳои бузурге меорад. Масалан, мо аз ташвишу озорҳое, ки касони бо ҳокимиятҳо носозикарда бо онҳо дучор мешаванд, дар амон хоҳем буд. Низоъҳоеро, ки ба бисёр оилаҳо хосанд, камтар хоҳем кард ва аз муоширати гарму меҳрубононаи ҳамимонон бархурдор мешавем. Беш аз ҳама, тобеияти худописандонаи мо бо робитаи хуб бо Худои Қодири Мутлақ Йеҳӯва меанҷомад.
ДОНИШИ ХУДРО БИСАНҶЕД
Йеҳӯва аз ҳокимияти худ чӣ гуна истифода мекунад?
«Ҳокимиятҳои боло» кистанд ва чӣ гуна мо ба онҳо итоат мекунем?
Принсипи сарварӣ ҳар як аъзои оиларо ба чӣ масъул мекунад?
Чӣ гуна метавонем нишон диҳем, ки тобеи ҷамъомади масеҳӣ ҳастем?
[Замимаи саҳифаи 134]
ИТОАТКОР, НА ЗАРАРОВАРАНД
Шоҳидони Йеҳӯва бо фаъолияти мавъизаи умумии худ ба Салтанати Худо чун ба умеди ягонаи инсоният барои барқарории сулҳу амният ишора мекунанд. Аммо ин мавъизагарони ғаюри Салтанати Худо ба ҳукумате, ки таҳти роҳбарии он зиндагӣ мекунанд, зарар намеоваранд. Баръакс, Шоҳидон аз ҷумлаи шаҳрвандони боэҳтироме ҳастанд, ки беш аз ҳама мутеи қонун буда ва онро ҳурмат мекунанд. Коркуни ҳукумати як мамлакати Африқо изҳор кард: “Агар ҳама гурӯҳҳои мазҳабӣ мисли Шоҳидони Йеҳӯва мебуданд, куштор, дуздӣ, маҳбусони навраси ҷинояткор ва бомбаҳои атомӣ вуҷуд намедоштанд. Ва маҷбур намешудем, ки рӯзу шаб дарҳоямонро қулф кунем”.
Инро қадр намуда, мақомҳои давлатӣ дар бисёр мамлакатҳо иҷозат доданд, ки Шоҳидони Йеҳӯва бе монеа кори мавъизаи худро давом диҳанд. Дар кишварҳои дигар вақте ки ҳокимиятҳо дарёфтанд, ки Шоҳидони Йеҳӯва таъсири хубе бар мардум доранд, мамоният ва маҳдудиятро нисбати онҳо бекор карданд. Ҳамон тавре ки Павлуси ҳавворӣ дар бораи итоат ба ҳокимиятҳо навишт: «Корҳои нек кун ва сазовори таърифи вай хоҳӣ шуд» (Румиён 13:1, 3).