Айюб
2 Агар чунин мекардам, насибаи ман аз Худои осмон чӣ мебуд
Ва Худои Тавоно*, ки дар болост, ба ман чӣ меросе медод?
3 Магар бадкор гирифтори бало намешавад?
Магар оқибати вайронкор фалокат нест?+
4 Оё Худо роҳҳои маро намебинад+
Ва тамоми қадамҳоямро намешуморад?
7 Агар қадамам аз роҳи рост дур шуда бошад,+
Ё дилам аз пайи чашмонам рафта бошад,+
Ё дастонам ба нопокие олуда бошанд,
8 Пас, бигзор чизеро, ки ман коштам, дигаре бихӯрад+
Ва чизе, ки шинондаам, решакан шавад*.
9 Агар дилам фирефтаи зане шуда бошад+
Ва назди дари ёрам поида нишаста бошам,+
10 Бигзор зани ман барои марди дигаре дастос кунад*
11 Агар ин тавр мекардам, бароям беҳаёгие мебуд,
Ва барои чунин гуноҳам маро бояд доварон ҷазо медоданд.+
12 Ин оташе мебуд, ки фурӯ мебараду нест мекунад+
Ва тамоми дороиямро аз беху бунаш месӯзонад.
13 Агар ғулом ё канизам аз ман шикоят карда бошанду
Ман ба додашон нарасида бошам,
14 Пас, вақте Худо бар зидди ман бархезад, чӣ кор мекунам?
Вақте ӯ аз ман ҳисобот талабад, чӣ ҷавоб медиҳам?+
15 Магар Худое, ки маро дар шикам офаридааст, онҳоро низ наофаридааст?+
Магар як Худо моро дар батн ба вуҷуд наовардааст?+
16 Агар хости камбағалро ба ҷо наоварда бошам+
Ё бевазанро ноумед карда бошам*,+
17 Агар луқмаи худро ба танҳоӣ хӯрда бошам
Ва ба ятиме надода бошам+
18 (Ҳол он ки аз ҷавониям ятим бо ман калон мешуд, мисли он ки падараш бошам,
Ва аз бачагиям* роҳнамои бевазан будам),
19 Агар касеро медидам, ки бе либос мурда истодааст,
Ё камбағалеро, ки рӯпӯше надорад,+
20 Агар ӯ бо пашми гӯсфандони ман гарм намешуд
Ва дар ҳаққи ман дуои нек намекард,+
21 Агар ятим дар назди дарвозаи шаҳр+ муҳтоҷи ёрдами ман бошаду*
Ман ба ӯ зӯрӣ карда ба тарафаш мушт бардошта бошам,+
22 Бигзор бозуям аз китфам ҷудо шавад
Ва дастам аз оринҷам канда шавад.
23 Охир, ман метарсидам, ки Худо фалокате бар сарам меорад,
Ва дар пеши бузургии ӯ истода наметавонистам.
24 Агар ба зар такя мекардам
Ё ба тиллои тоза мегуфтам: “Ту пушту паноҳи манӣ!”+
25 Агар хурсандии ман дар боигарии бисёрам мебуд+
Ва шодиям дар сарвати зиёдам,+
26 Агар ба офтоби тобон
Ё ба зебоии моҳи равон назар мекардаму+
27 Дилам пинҳонӣ фирефта мешуд
Ва барои парастиши онҳо дастамро мебӯсидам,+
28 Барои чунин гуноҳам маро бояд доварон ҷазо медоданд,
Зеро бо ин корам ман аз Худои ҳақиқие, ки дар болост, рӯй мегардондам.
30 Ман ҳеҷ гоҳ дар ҳаққи ӯ дуои бад карда маргашро наметалабидам,+
Ман ҳеҷ гоҳ намегузоштам, ки даҳонам чунин гуноҳе кунад.
31 Магар мардуми хаймаи ман чунин намегуфтанд:
“Кист, ки аз хӯроки* ӯ сер нашуда бошад?”+
32 Ҳеҷ як ғариб шабона дар кӯча намондааст,+
Дари ман ба рӯйи мусофир кушода буд.
33 Оё ягон бор мисли дигарон ҷиноятҳоямро рӯпӯш карда будам+
Ва хатоямро дар кисаи либосам пинҳон дошта будам?
34 Магар аз фикри мардум метарсидам
Ва аз мазоқу масхараи хонаводаҳои дигар ба ҳарос меомадам?
Магар аз тарси онҳо хомӯш мешудам ва дар хона менишастам?
35 Эй кош касе маро гӯш мекард!+
Он гоҳ ман бар суханонам муҳри худро мегузоштам, то исбот кунам, ки суханам ҳақ аст.
Кош Худои Тавоно ба ман ҷавоб медод!+
Кошки даъвогарам бар зидди ман айбномае менавишт!
36 Он гоҳ онро дар китфам бардошта мегаштам
Ва мисли тоҷ бар сарам мегузоштам.
37 Барои ҳар як қадамам ба ӯ ҳисобот медодам
Ва чун мир нотарсона ба ӯ наздик мешудам.
38 Агар замини касеро медуздидаму он доду фарёд мекард
Ва ҷӯякҳои он якҷоя нола мекарданд,
39 Агар онро аз худ карда, меваашро муфт мехӯрдаму+
Соҳибонаш ба фарёд меомаданд,+
40 Бигзор бароям ба ҷойи гандум хор бирӯяд
Ва ба ҷойи ҷав хасу хошоки бадбӯй».
Ин ҷо суханони Айюб ба охир мерасанд.