2 Воқеанома
10 Раҳабъом ба Шакем+ рафт, зеро тамоми Исроил ба он ҷо омада буд, то ӯро подшоҳ кунад.+ 2 Ёробъоми+ писари Набот дар ин бора шунид (ӯ он вақт дар Миср буд, зеро аз дасти шоҳ Сулаймон гурехта буд)+ ва ӯ аз Миср баргашт. 3 Он гоҳ исроилиён ба назди Ёробъом кас фиристоданд ва ӯ ҳамроҳи тамоми Исроил ба назди Раҳабъом омада, гуфт: 4 «Падарат юғи* моро вазнин карда буд.+ Агар ту хизмати сахтеро, ки падарат ба гардани мо бор кардааст, осон кунӣ ва юғи вазнинеро, ки ӯ бар мо гузоштааст, сабук намоӣ, мо хизмати туро ба ҷо хоҳем овард».
5 Подшоҳ дар ҷавоб гуфт: «Пас аз се рӯз назди ман биёед», ва мардум рафт.+ 6 Шоҳ Раҳабъом бо пироне, ки дар вақти зинда будани падараш Сулаймон ба вай хизмат мекарданд, маслиҳат намуда гуфт: «Шумо чӣ маслиҳат медиҳед: ба ин мардум чӣ гӯям?» 7 Онҳо ҷавоб доданд: «Агар ту ба ин халқ меҳрубон бошӣ ва сухани нек гуфта дили онҳоро ёбӣ, онҳо ҳамеша хизматгори ту хоҳанд буд».
8 Вале ӯ ба маслиҳати пирон гӯш надод, балки аз ҷавононе, ки бо вай калон шуда, ҳоло ходимаш буданд, маслиҳат пурсид.+ 9 Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо чӣ маслиҳат медиҳед: ба ин мардум, ки “Юғеро, ки падарат бар мо гузоштааст, сабук кун” мегӯяд, чӣ ҷавоб диҳем?» 10 Ҷавононе, ки бо вай калон шуда буданд, гуфтанд: «Ба мардуме, ки “Падарат юғи моро вазнин кардааст, лекин ту онро сабук кун” мегӯяд, чунин бигӯ: “Ангушти хурди ман аз камари падарам ғафстар аст. 11 Падарам бар шумо юғи вазнине гузошт, ман бошам, онро вазнинтар мекунам. Падарам шуморо бо тозиёнаҳо ҷазо медод, ман бошам, шуморо бо қамчинҳои нешдор ҷазо медиҳам”».
12 Ёробъом ва тамоми мардум дар рӯзи сеюм ба назди Раҳабъом омаданд, зеро подшоҳ гуфта буд: «Дар рӯзи сеюм ба назди ман биёед».+ 13 Вале подшоҳ ба онҳо ҷавоби сахт дод. Шоҳ Раҳабъом ба маслиҳати пирон гӯш надод. 14 Ӯ аз рӯйи маслиҳати ҷавонон ба онҳо гуфт: «Ман юғи шуморо вазнинтар, боз ҳам вазнинтар, мекунам. Падарам шуморо бо тозиёнаҳо ҷазо медод, ман бошам, шуморо бо қамчинҳои нешдор ҷазо медиҳам». 15 Ҳамин тавр, подшоҳ ба гапи халқ гӯш надод, зеро ин аз ҷониби Худо буд,+ то сухане, ки Яҳува ба воситаи Аҳиёи шилӯнӣ ба Ёробъоми писари Набот гуфта буд,+ ба амал ояд.
16 Азбаски подшоҳ ба гапи халқ гӯш надод, тамоми Исроил ба ӯ гуфт: «Моро дар Довуд ҳиссае ва дар писари Исой меросе нест. Эй исроилиён, ҳар яке ба назди худоёни худ баргардед! Акнун хонаи худро бидон, эй Довуд!»+ Бо ҳамин тамоми Исроил ба хонаи* худ баргашт.+
17 Вале бар исроилиёне, ки дар шаҳрҳои Яҳудо мезистанд, Раҳабъом ҳукмронӣ мекард.+
18 Баъд аз ин шоҳ Раҳабъом Ҳадӯром,+ сардори коргаронеро, ки меҳнати маҷбуриро ба ҷо меоварданд, ба назди исроилиён фиристод, вале онҳо ӯро сангсор карда куштанд. Шоҳ Раҳабъом бошад, ба аробаи худ савор шуда, ба Ерусалим гурехт.+ 19 Бо ҳамин исроилиён ба хонадони Довуд зид баромаданд ва то ба ин рӯз чунин аст.