Румиён
15 Мо, ки тавоно ҳастем, бояд сустиҳои нотавононро бардорем+ ва танҳо дар бораи беҳбудии худ фикр накунем.+ 2 Бигзор ҳар яке аз мо барои ободии дигарон дар фикри беҳбудии онҳо бошад ва ба онҳо некӣ кунад.+ 3 Охир, Масеҳ ҳам дар бораи беҳбудии худ фикр намекард,+ чуноне ки дар борааш навишта шудааст: «Бадгӯйии бадгӯёнат бар ман афтодааст».+ 4 Ҳар он чӣ пештар навишта шудааст, барои таълими мо навишта шудааст,+ то ба воситаи истодагарии худ+ ва тасаллие, ки аз Навиштаҳо меёбем, умедвор бошем.+ 5 Бигзор аз баракати Худое, ки истодагарӣ ва тасаллӣ медиҳад, ҳамаи шумо фикрронии Исои Масеҳро дошта бошед, 6 то якдилона+ ва бо як овоз Худо ва Падари Ҳазратамон Исои Масеҳро ҷалол диҳед.
7 Пас, барои ҷалол ёфтани Худо якдигарро қабул кунед,+ ҳамон тавре ки Масеҳ низ шуморо қабул кардааст.+ 8 Ба шумо мегӯям, ки Масеҳ барои нишон додани ростқавлии Худо хизматгузори хатнашудагон гардид,+ то ваъдаҳоеро, ки Худо ба бобоёнашон дода буд, тасдиқ кунад+ 9 ва халқҳои дигар Худоро барои раҳмдилияш ҷалол диҳанд.+ Чи хеле ки навишта шудааст: «Аз ин рӯ туро дар миёни халқҳо ситоиш мекунам ва дар васфи номи ту месароям».+ 10 Боз гуфта шудааст: «Эй мардумон, бо халқи ӯ шодӣ кунед».+ 11 Ҳамчунин: «Яҳуваро ситоиш кунед, эй ҳамаи халқҳо, ва бигзор тамоми одамон ба ӯ ҳамду сано хонанд».+ 12 Ишаъё низ гуфтааст: «Решаи Исой+ хоҳад омад ва ӯ бар халқҳо ҳукмронӣ хоҳад кард;+ халқҳо ба ӯ умед хоҳанд баст».+ 13 Бигзор Худои умедҳо шуморо, ки ба ӯ таваккал мекунед, аз шодиву осоиштагии фаровон пур созад, то умедатон аз қувваи рӯҳи муқаддас афзун гардад.+
14 Эй бародаронам, ман бовар дорам, ки шумо низ пур аз некуӣ ва ҳар дониш ҳастед ва метавонед якдигарро насиҳат кунед*. 15 Вале баъзе чизҳоро барои хотиррасон кардан ба шумо рӯирост навиштам, зеро ба ман лутфу марҳамати Худо ато шудааст. 16 Ба воситаи ин лутф ман чун хизматгузори Исои Масеҳ дар кори муқаддас иштирок карда, хушхабари Худоро+ ба халқҳои дигар мерасонам,+ то онҳо барои Худо ҳадияи писандидае бошанд, ҳадияе, ки бо рӯҳи муқаддас пок гаштааст.
17 Аз ин рӯ ман шодам, ки пайрави Исои Масеҳ ҳастаму ба Худо хизмат мекунам. 18 Ман на дар бораи корҳои худ, балки дар бораи он мегӯям, ки Масеҳ барои итоаткор шудани халқҳо ба воситаи ман чӣ кор кардаасту чӣ гуфтааст. 19 Ин халқҳо аломату муъҷизаҳоеро,+ ки бо қувваи рӯҳи Худо карда шуд, дида, рӯ ба итоат оварданд. Ҳамин тавр ман хушхабарро дар бораи Масеҳ аз Ерусалим то худи Иллирикон як ба як расонидам.+ 20 Мақсади ман ин буд, ки хушхабарро дар ҷойҳое эълон кунам, ки дар бораи Масеҳ нашунида буданд, ва бар таҳкурсии каси дигаре бино насозам, 21 чуноне ки навишта шудааст: «Онҳое, ки аз ӯ хабар надоштанд, хоҳанд дид ва онҳое, ки нашунида буданд, хоҳанд фаҳмид».+
22 Барои ҳамин чандин бор пеши шумо омаданӣ будаму нашуд. 23 Акнун ки дар ин вилоятҳо ҷойҳои хизмат накардаам намондаасту чандин сол боз ташнаи дидори шумоям, 24 умедворам, ки ҳангоми сафар ба Испониё шуморо мебинам. Баъд аз он ки аз дидоратон каме сер шавам, умед дорам шумо маро ба он ҷо гусел мекунед. 25 Лекин ҳоло ман пеши покони Ерусалим равонаам, то ба онҳо хизмат кунам,+ 26 зеро онҳое, ки дар Мақдуния ва Охоия мебошанд, ба камбағалоне, ки дар байни покони Ерусалиманд, бо хурсандӣ хайрия карданд.+ 27 Бале, онҳо ин корро бо ҷону дил карданд, зеро аз бародарони Ерусалим қарздор буданд. Охир, ин бародарон ба онҳо кумаки рӯҳонӣ расонда буданд, барои ҳамин онҳо қарздоранд, ки ба бародарони Ерусалим кумаки моддӣ расонанд.+ 28 Бинобар ин, баъди он ки хайрияҳоро бурда, ба дасти онҳо месупорам, дар роҳи сафар ба Испониё назди шумо медароям. 29 Ман медонам, ки, вақте пеши шумо биёям, бо худ баракати фаровони Масеҳро меорам.
30 Эй бародарон, аз шумо ба воситаи Ҳазратамон Исои Масеҳ ва муҳаббате, ки аз рӯҳ сарчашма мегирад, хоҳиш мекунам, ки ба дуои ман ҳамроҳ шуда, дар ҳаққам аз Худо зориву илтиҷои бисёр кунед,+ 31 ки дар Яҳудия аз дасти беимонон дар амон бошам+ ва хизматам ба покони Ерусалим писанд ояд.+ 32 Ҳамчунин дуо гӯед, ки, агар хости Худо бошад, ман бо хурсандӣ назди шумо биёяму мо аз дидори якдигар тароват ёбем. 33 Бигзор Худо, ки сулҳу осоиштагӣ ато мекунад, бо ҳамаи шумо бошад.+ Омин.