2 Мӯсо
33 Яҳува боз ба Мӯсо гуфт: «Бо халқе, ки аз замини Миср берун овардӣ, ба роҳ баро. Ба замине равона шав, ки ман ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрда гуфтаам: “Онро ба насли ту медиҳам”.+ 2 Ман пешопеши ту фариштаеро мефиристам+ ва аз пеши ту канъониён, амӯриён, ҳиттиён, фариззиён, ҳиввиён ва ябусиёнро меронам.+ 3 Ба замине бирав, ки ширу асал дар он ҷорист.+ Аммо ман дар байни шумо нахоҳам буд, зеро шумо халқи якравед*,+ мабодо шуморо дар роҳ несту нобуд кунам».+
4 Вақте мардум ин суханони сахтро шуниданд, мотам гирифтанд ва ҳеҷ кадоме аз онҳо зару зевари худро напӯшиданд. 5 Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Ба исроилиён чунин бигӯ: “Шумо халқи якравед.+ Ман метавонистам аз байни шумо гузашта, дар як лаҳза ҳамаатонро несту нобуд кунам.+ Пас, ҳоло зару зевари худро напӯшед ва ман мебинам, ки бо шумо чӣ кор кунам”». 6 Аз кӯҳи Ҳӯриб сар карда исроилиён дигар зару зевари худро напӯшиданд.
7 Мӯсо хаймаи худро гирифта, берун аз хаймагоҳ, каме дуртар аз он, зад ва онро хаймаи ҷомеъ номид. Ҳар кӣ аз Яҳува чизе пурсиданӣ мешуд,+ сӯйи хаймаи ҷомеъ, ки берун аз хаймагоҳ буд, мерафт. 8 Вақте Мӯсо назди он хайма мерафт, тамоми мардум аз ҷой бархеста, дар даромадгоҳи хаймаи худ меистоданд ва ба Мӯсо, то даме ки ӯ ба хайма дарояд, менигаристанд. 9 Вақте Мӯсо ба хайма медаромад, сутуни абр+ фаромада, то даме ки Худо бо Мӯсо сухан мегуфт, назди даромадгоҳи хайма меистод.+ 10 Вақте мардум медиданд, ки сутуни абр назди даромадгоҳи хайма истодааст, онҳо бармехестанд ва назди даромадгоҳи хаймаи худ истода таъзим мекарданд. 11 Яҳува бо Мӯсо рӯ ба рӯ гап мезад,+ чи тавре ки як одам бо одами дигар гап мезанад. Вақте ӯ ба хаймагоҳ бармегашт, Юшаи писари Нун,+ ки дастёру хизматгузори ӯ буд,+ аз хайма дур намешуд.
12 Мӯсо ба Яҳува гуфт: «Инак, ту ба ман мегӯӣ: “Ин халқро бибар”, аммо нагуфтӣ, ки ҳамроҳам киро мефиристӣ. Ту ҳамчунин гуфтӣ: “Ман туро бо номат мешиносам* ва ту дар назари ман писанд афтодӣ”. 13 Пас, агар дар назарат писанд афтода бошам, илтимос, роҳҳои худро ба ман маълум намо,+ то туро бишносам ва минбаъд низ дар назари ту писанд оям. Охир, ин мардум, халқи туст».+ 14 Ӯ гуфт: «Ман худам бо ту меравам*+ ва ба ту оромӣ мебахшам».+ 15 Мӯсо ба ӯ гуфт: «Агар худат бо мо наравӣ, моро аз ин ҷо набар. 16 Зеро аз чӣ маълум мешавад, ки ману халқат дар назари ту писанд афтодем? Магар на аз рӯйи он ки ту бо мо биравӣ,+ то ману халқат аз ҳамаи халқҳои дигари рӯйи замин фарқ кунем?»+
17 Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Ин хоҳишатро ҳам ба ҷо меорам, зеро ту дар назари ман писанд афтодаӣ ва ман туро бо номат мешиносам». 18 Сипас Мӯсо ба Худо гуфт: «Илтимос, ҷалоли худро ба ман нишон деҳ». 19 Аммо ӯ гуфт: «Ман тамоми некуии худро аз пеши рӯйи ту мегузаронам ва дар пеши ту номи Яҳуваро эълон мекунам.+ Ҳар киро хоҳам, меписандам ва ба ҳар кӣ хоҳам, раҳм мекунам».+ 20 Вале Худо боз гуфт: «Ту рӯйи маро дида наметавонӣ, зеро одамизод наметавонад маро бубинаду зинда монад».
21 Яҳува ҳамчунин гуфт: «Инак, дар назди ман ҷое ҳаст. Бар ин шах биист. 22 Вақте ҷалолам аз пеши ту гузарад, ман туро дар сӯрохии кӯҳпора мегузорам ва туро бо дасти худ мепӯшонам, то даме аз пешат бигзарам. 23 Пас аз ин ман дасти худро мегирам ва ту маро аз пуштам мебинӣ, аммо рӯйи маро дида наметавонӣ».+