Ишаъё
26 Дар он рӯз дар замини Яҳудо+ чунин месароянд:+
«Шаҳри мо мустаҳкам аст.+
Наҷоти ӯ* мисли ҳисору хокрезҳои* он аст.+
2 Дарвозаҳоро кушоед,+ то халқи росткор дарояд,
Халқе, ки содиқона рафтор менамояд.
3 Ту касонеро, ки бо тамоми дил ба ту такя мекунанд, муҳофизат мекунӣ
Ва ба онҳо сулҳи пойдор медиҳӣ,+
Зеро онҳо ба ту таваккал мекунанд.+
5 Ӯ сокинони баландӣ, шаҳри олимақомро, фурӯ ғалтондааст.
Ӯ онро ба зер, ба замин, партофтааст, ба хок яксон кардааст.
6 Пойҳои азобдидагон, кафи пойи бечорагон,
Онро поймол хоҳад кард».
7 Роҳи росткор рост* аст.
Ту роҳи росткорро ҳамвор мекунӣ,
Зеро ту росткор ҳастӣ.
8 Мо бо роҳи фармудаи ту равонаем, эй Яҳува,
Ва ба ту умед бастаем.
Ҷони мо пазмони номи ту ва зикри туст.
9 Шабона бо тамоми ҷонам муштоқи туям,
Рӯҳи ман ҷӯёи туст,+
Зеро, вақте ки дар замин ҳукмҳои ту ба амал меоянд,
Сокинони он росткориро ёд мегиранд.+
10 Ҳатто агар ба бадкор раҳм намоянд,
Ӯ росткориро ёд намегирад.+
11 Эй Яҳува, дасти ту бардошта шудааст, аммо онҳо намебинанд.+
Ғайрати туро нисбати халқат дида, онҳо хиҷил мешаванд.
Оташи ту душманонатро фурӯ мебарад.
12 Эй Яҳува, ту ба мо осоиштагӣ мебахшӣ,+
Зеро тамоми корҳоямонро барои мо ту ба амал овардаӣ.
13 Эй Яҳува, Худои мо, ғайр аз ту ҳокимони дигар низ бар мо ҳукмфармоӣ карданд,+
Вале фақат номи ту вирди забони мост.+
14 Онҳо мурдаанд ва дигар зинда нестанд.
Онҳо мурдаанду бемаҷол гаштаанд ва барнамехезанд,+
Зеро ту ба онҳо назар андохтӣ,
То ки нобуд кунӣ ва ҳатто зикрашонро аз байн бибарӣ.
Ту ҳудудҳои ин заминро бениҳоят васеъ кардаӣ.+
16 Эй Яҳува, онҳо дар тангӣ ба ту рӯ оварданд,
Вақте онҳоро танбеҳ додӣ, паст-паст зориву илтиҷо карданд.+
17 Эй Яҳува, ту моро мисли зани ҳомилае кардаӣ,
Ки вақти зоиданаш расидааст
Ва дард мекашаду фарёд мезанад.
18 Мо ҳомиладор будем, дарди зоиш кашидем,
Аммо гӯё бодро ба дунё овардем.
Мо ба замин наҷот наовардем
Ва касеро назодем, ки бар замин сокин шавад.
Эй сокинони хок,+
Бедор шаведу хурсандӣ кунед!
Зеро шабнами ту мисли шабнами саҳарӣ аст*
Ва замин мурдагони бемаҷолро ба ҳаёт бармегардонад.
Лаҳзае пинҳон шав,
То даме ки хашми ӯ бигзарад.+
21 Инак, Яҳува аз макони худ берун меояд,
То сокинони заминро барои гуноҳашон ҷазо диҳад.
Замин хунрезиҳоро ошкор месозад
Ва куштагонро дигар пинҳон намекунад».