Бародардӯст бошед!
«Бигзор бародардӯстӣ барқарор бошад» (ИБР. 13:1).
1, 2. Чаро Павлуси ҳавворӣ ба масеҳиёни ибрӣ нома навишт?
СОЛИ 61-уми эраи мо. Ҷамъомадҳои масеҳии тамоми Исроил каму беш аз сулҳу оромӣ баҳра мебаранд. Он вақт Павлуси ҳавворӣ дар Рум маҳбус буд ва умед дошт, ки ба қарибӣ озод мешавад. Чанде пеш ҳамроҳи ӯ, Тимотиюсро, озод карда буданд. Онҳо мақсад доштанд, ки баъди баромадан аз зиндон якҷоя бародарони Яҳудияро хабар гиранд (Ибр. 13:23). Аммо баъд аз панҷ сол пешгӯии Исо иҷро шуд ва лашкарон Ерусалимро иҳота карданд. Исо шогирдонашро огоҳ карда буд, ки ҳамин ки иҷро шудани ин пешгӯиро бинанд, бояд далерона амал кунанд. Он вақт касоне ки дар Яҳудия ва хусусан онҳое ки дар Ерусалим зиндагӣ мекарданд, бояд дарҳол аз он ҷо мегурехтанд (Луқ. 21:20–24).
2 Аз он вақте ки Исо ин пешгӯиро ба забон ронд, 28 сол гузашт. Дар муддати ин вақт масеҳиёни ибрӣ, ки дар Исроил зиндагӣ мекарданд, аллакай муқобилияту таъқиботи зиёдеро аз сар гузаронида ба Худо содиқ монданд (Ибр. 10:32–34). Аммо озмоиши душвортарин ҳанӯз дар пеш буд (Мат. 24:20, 21; Ибр. 12:4). Павлус инро медонист ва мехост, ки онҳо ба ҳар гуна душвориҳо тайёр бошанд. Он замон ба масеҳиён имони қавӣ ва истодагарӣ лозим буд, то ки аз озмоиш зинда гузаранд. (Ибриён 10:36–39-ро хонед.) Барои ҳамин Яҳува Павлусро барангехт, ки ба бародару хоҳароне ки дар Исроил зиндагӣ мекарданд, номае нависад, ки ба онҳо кӯмаки саривақт расонад. Он «нома ба Ибриён» ном дорад.
3. Чаро чизе ки дар нома ба масеҳиёни ибрӣ навишта шудааст, барои мо ҳам муҳим аст?
3 Он чизе ки дар нома ба Ибриён навишта шудааст, барои мо ҳам муҳим аст. Чаро? Чунки вазъияти мо ба вазъияти он масеҳиён сахт монанд аст. Мо дар «замонҳои сахт» зиндагӣ дорем ва ҳар намуди душвориву таъқиботҳоро аз сар гузаронидаем (2 Тим. 3:1, 12). Озмоишҳоро паси сар намуда мо исбот кардаем, ки ба Худо вафодорем ва ба Ӯ имони қавӣ дорем. Мо дар шароити нисбатан ором зиндагӣ мекунем ва бо таъқиботҳои сахт дучор намешавем. Ба ин нигоҳ накарда мо набояд ҳушёриро аз даст диҳем. Биёед фаромӯш насозем, ки мо низ мисли масеҳиёни асри як бояд озмоиши душвортарини имонро паси сар кунем! (Луқо 21:34–36-ро хонед.)
4. Ояти имсола кадом аст ва чаро он интихоб карда шуд?
4 Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки ба рӯйдодҳои оянда тайёр бошем? Дар китоби Ибриён Павлус чизи бисёреро номбар мекунад, ки имони моро қавӣ гардонда метавонад. Дар бораи як чизи муҳим дар ояти якуми боби охирони ин нома навишта шудааст. Ин оят чун ояти соли 2016 интихоб шудааст. Дар он гуфта мешавад: «Бигзор бародардӯстӣ барқарор бошад» (Ибр. 13:1).
Матни солона барои соли 2016: «Бигзор бародардӯстӣ барқарор бошад» (Ибриён 13:1).
БАРОДАРДӮСТӢ ЧИСТ?
5. Бародардӯстӣ чист?
5 Бародардӯст будан чӣ маъно дорад? Калимаи юноние ки Павлус истифода бурд, филаделфи́я буд. Он ҳисси муҳаббату дилбастагиеро мефаҳмонад, ки шахс нисбати дӯсти наздик ва ё аъзои оилааш дорад (Юҳ. 11:36). Мо худро бародардӯст вонамуд намекунем. Мо дар ҳақиқат бародардӯстем (Мат. 23:8). Мо аз рӯи принсипи зерин амал мекунем, ки мегӯяд: «Якдигарро бо муҳаббати бародарӣ дӯст доред; ва ҳар яке каси дигарро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунед» (Рум. 12:10). Дар баробари муҳаббати ага́пе, ки бар принсипҳо асос ёфтааст, бародардӯстии мо ба ягонагии халқи Худо мусоидат мекунад.
6. Масеҳиён киро бародари худ меҳисобанд?
6 «Калимаи “бародардӯстӣ” берун аз адабиёти масеҳӣ хеле кам вомехӯрад» — мегӯяд як олим. Масалан, дар байни яҳудиён калимаи «бародар» на танҳо ба хешу табор, балки ба бегонагон низ ба кор бурда мешуд. Лекин яҳудиён дигар халқҳоро бародар наменомиданд. Масеҳиён бошанд, ҳама ҳамимонони худро новобаста аз миллаташон бародар мехонанд (Рум. 10:12). Азбаски ҳамаи мо бародару хоҳар ҳастем, бояд кӯшиш кунем, ки ба амри Яҳува итоат карда, якдигарро дӯст дорем (1 Тас. 4:9). Лекин чаро бародардӯст будан ин қадар муҳим аст?
ЧАРО БОЯД БАРОДАРДӮСТ БОШЕМ?
7. а) Сабаби асосие ки мо бояд бародардӯст бошем, кадом аст? б) Чаро дӯст доштан ва дастгирӣ кардани якдигар муҳим аст?
7 Ҷавоби ин савол осон аст: чунки худи Яҳува инро аз мо талаб мекунад. Агар мо нисбати бародарон муҳаббат надошта бошем, мо гуфта наметавонем, ки Худоро дӯст медорем (1 Юҳ. 4:7, 20, 21). Сабаби дигараш ин аст, ки мо ба якдигар ниёз дорем, хусусан ҳангоми душвориҳо. Павлус медонист, ки ба наздикӣ баъзе аз он масеҳиёни ибрӣ бояд хонаву дар ва чизу чораи худро партофта мерафтанд. Исо пешгӯӣ карда буд, ки он замон замони хеле душвор мешавад (Марқ. 13:14–18; Луқ. 21:21–23). Барои ҳамин он вақт ба масеҳиёни ибрӣ аз пештара бештар лозим буд, ки нисбати якдигар муҳаббат инкишоф диҳанд ва пайвандҳои бародариашонро мустаҳкам гардонанд (Рум. 12:9).
8. Пеш аз сар шудани мусибати бузург, мо бояд чӣ кор кунем?
8 Ба наздикӣ бодҳои шадиди мусибати бузург сар дода мешаванд (Марқ. 13:19; Ваҳй 7:1–3). Он гоҳ мо бояд аз рӯи маслиҳати зерини Яҳува амал кунем: «Эй қавми ман, биёед, ба ҳуҷраҳои худ дароед, ва дарҳои худро аз қафои худ бибандед, як лаҳзае пинҳон шавед, то даме ки ғазаб бигзарад» (Иш. 26:20). «Ҳуҷраҳо»-е ки дар ин ҷо дар бораашон гуфта мешавад, ба ҷамъомадҳо ишора карда метавонанд. Дар он ҷойҳо мо ҳамроҳи бародару хоҳаронамон барои ибодати Яҳува ҷамъ меоем. Павлуси ҳавворӣ ба масеҳиёни ибрӣ хотиррасон кард, ки дар вохӯриҳои ҷамъомад бояд якдигарро «ба муҳаббат ва аъмоли нек» барангезонанд (Ибр. 10:24, 25). Мо бояд худи ҳозир бародардӯстиро инкишоф диҳем. Ин ба мо кӯмак мерасонад, то ба ҳар гуна душвориву таъқиботе ки дар оянда моро интизор аст, тоб орем.
9. а) Бо кадом роҳҳо мо бародардӯст буданамонро нишон дода метавонем? б) Бо мисоле фаҳмонед, ки чӣ тавр халқи Яҳува бародардӯстӣ нишон медиҳад.
9 Ҳатто имрӯз, пеш аз сар шудани мусибати бузург мо имконияти зиёд дорем, ки бародардӯстии худро нишон диҳем. Бисёре аз бародарони мо аз сабаби заминҷунбӣ, обхезӣ, боди шадид, сунами ва дигар офатҳои табиӣ зарар мебинанд. Баъзеҳо бо муқобилият ва таъқибот дучор мешаванд (Мат. 24:6–9). Ба болои ҳамаи ин мо ҳар рӯз бо душвориҳои иқтисодӣ рӯ ба рӯ мешавем, чунки дар дунёе зиндагӣ мекунем, ки он сар то по расво шудааст (Ваҳй 6:5, 6). Ин душвориҳо рӯз аз рӯз зиёд шуда истодаанд, барои ҳамин мо барои нишон додани бародардӯстии ҳақиқӣ имкониятҳои фаровон дорем. Ҳатто дар ин ҷаҳоне ки «муҳаббати бисёр касон сард» шудааст, мо бояд доимо бародардӯст бошем (Мат. 24:12).[1]
ЧӢ ТАВР МО БАРОДАРДӮСТИРО НИШОН ДОДА МЕТАВОНЕМ?
10. Мо чиро дида мебароем?
10 Ба проблемаҳои гуногун нигоҳ накарда чӣ тавр мо бародардӯстиро нигоҳ дошта метавонем? Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки бародару хоҳаронамонро аз таҳти дил дӯст медорем? Павлуси ҳавворӣ баъд аз он ки масеҳиёнро ба бародардӯстӣ даъват кард, фаҳмонд, ки бо кадом тарзҳо онро зоҳир карда метавонанд. Биёед шаштои онҳоро дида бароем.
11, 12. Меҳмоннавоз будан чӣ маъно дорад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
11 «Меҳмоннавозиро фаромӯш накунед». (Ибриён 13:2-ро хонед.) Калимаи юноние ки ин ҷо чун «меҳмоннавозӣ» тарҷума шудааст, маънояш «меҳрубонӣ ба бегонагон» мебошад. Ин ибора ба хотири мо Иброҳим ва Лутро меоварад. Ҳар дуи онҳо шахсони ношиносро меҳмондорӣ карданд. Баъдтар маълум шуд, ки онҳо худашон надониста фариштагонро қабул кардаанд (Ҳас. 18:2–5; 19:1–3). Павлус намунаи ин ду касро истифода бурда кӯшиш кард, ки масеҳиёни ибриро ба меҳмоннавозӣ барангезад.
12 Оё мо нисбати дигарон меҳмоннавозӣ зоҳир карда онҳоро ба хӯрокхӯрӣ ё ягон сӯҳбати дӯстона даъват мекунем? Шарт нест, ки дастархони пурнозу неъмат ороем ва ё зиёфати шоҳона кунем. Ҳамчунин мо намехоҳем танҳо онҳоеро даъват кунем, ки дар ҷавоб моро меҳмондорӣ карда метавонанд (Луқ. 10:42; 14:12–14). Албатта, мақсади мо бояд рӯҳбаланд кардан бошад, на худнамоӣ. Масалан, ҳатто агар мо нозири ноҳиявӣ ва зани ӯро хуб нашиносем, магар хуб намебуд, ки бо меҳмондорӣ кардани онҳо бародардӯст буданамонро нишон диҳем? (3 Юҳ. 5–8). Биёед ба серташвишу серкориамон нигоҳ накарда меҳмонавозиро фаромӯш насозем!
13, 14. Чӣ тавр мо «бандиёнро ба ёд» оварда метавонем?
13 «Бандиёнро ба ёд оваред». (Ибриён 13:3-ро хонед.) Павлус ин ҷо дар бораи ҳама бандиён гап намезанад. Ӯ дар бораи касоне гап мезанад, ки барои имони худ маҳбус шуда буданд. Худи Павлус ҳангоми навиштани ин нома чор сол боз дар зиндон буд (Флп. 1:12–14). Ӯ бародаронро таъриф карда мегӯяд: «Шумо бо онон ки дар зиндон буданд, ҳамдардӣ кардед» (Ибр. 10:34, ТҶФ). Он масеҳиён аз Павлус дур буданд ва мисли баъзеҳо наметавонистанд назди Павлус биёянд ва ба ӯ кӯмак кунанд. Пас, чӣ тавр онҳо Павлусро дар хотир дошта метавонистанд? Бо дуоҳои гарму самимиашон (Ибр. 13:18, 19).
14 Дар рӯзҳои мо низ бародару хоҳарони зиёде дар зиндон мебошанд. Масеҳиёне ки дар наздикии онҳо зиндагӣ мекунанд, ба онҳо ёрӣ мерасонанд. Аммо мо, ки аз онҳо хеле дурем, метавонем бародардӯстии худро бо он нишон диҳем, ки онҳоро дар хотир дорем ва дар ҳаққашон бисёр дуо гӯем. Аз худ пурсида метавонем: «Оё ман бародару хоҳаронеро ки дар зиндон ҳастанд, фаромӯш намесозам?» Дар Эритрея шумораи зиёди бародару хоҳарон ва ҳатто кӯдакон маҳбус шудаанд. Масалан, се бародар, бо номи Паулос Ияссу, Исаак Могос ва Негеде Теклемариам зиёда аз бист сол мешавад, ки дар зиндонанд.
15. Чӣ тавр мо нисбати издивоҷ эҳтиром нишон дода метавонем?
15 «Бигзор никоҳ аз ҳар ҷиҳат ҳалол бошад». (Ибриён 13:4-ро хонед.) Мо ҳамчунин метавонем бо нигоҳ доштани ахлоқи пок бародардӯстиамонро нишон диҳем (1 Тим. 5:1, 2). Масалан, агар ягон кас бо бародаре ё хоҳаре зино кунад, ӯ ба он шахс ва оилаи вай зарар мерасонад. Ин гуна рафтор бовариро байни бародару хоҳарон вайрон мекунад (1 Тас. 4:3–8). Ва ё тасаввур кунед, ки зан чӣ ҳис мекунад, агар фаҳмад, ки шавҳараш порнография тамошо мекунад. Оё ӯ ҳис мекунад, ки шавҳараш ӯро дӯст медорад ва издивоҷашонро эҳтиром мекунад? (Мат. 5:28).
16. Чӣ тавр қаноатмандӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки бародардӯст бошем?
16 «Бо он чи доред, қаноат кунед». (Ибриён 13:5-ро хонед.) Агар мо ба Яҳува такя кунем, бо чизи доштаамон қаноат мекунем. Ин ба мо кӯмак мерасонад, ки нисбати чизу чора назари дуруст дошта бошем (1 Тим. 6:6–8). Шахси қаноатманд дарк мекунад, ки муносибаташ бо Яҳува ва бародару хоҳарон аз пулу мол ҳазорон бор муҳимтар аст. Шахси қаноатманд шикоят, ғур-ғур ва ё айбҷӯӣ намекунад. Ӯ ба чашмгуруснагӣ ва ҳасад дода намешавад, чунки ин ба инкишоф додани бародардӯстӣ халал мерасонад. Шахси қаноатманд, баръакс саховатманду дасткушод аст (1 Тим. 6:17–19).
17. Чӣ тавр далерӣ ба мо кӯмак мекунад, ки бародардӯст бошем?
17 Далер бошед. (Ибриён 13:6-ро хонед.) Агар мо ба Яҳува такя кунем, мо аз ягон душворӣ наметарсем. Нотарсӣ дар навбати худ ба мо кӯмак мекунад, ки ба ҳама чиз назари мусбӣ дошта бошем. Он гоҳ мо метавонем бародару хоҳаронро рӯҳбаланд ва дилбардорӣ кунем (1 Тас. 5:14, 15). Ҳатто дар замони пурдаҳшаттарин — мусибати бузург мо «сарҳои худро баланд» мебардорем, зеро медонем, ки наҷоти мо наздик аст (Луқ. 21:25–28).
18. Чӣ тавр мо ба пирони ҷамъомад бародардӯстӣ зоҳир карда метавонем?
18 «Сардорони худро... ба ёд оваред». (Ибриён 13:7, 17-ро хонед.) Вақте мо дар бораи меҳнати фидокоронаи пирони ҷамъомад фикр мекунем, муҳаббати мо нисбати онҳо зиёдтар мешавад. Мо намехоҳем, ки онҳо хурсандии худро аз даст диҳанд ва ё аз боиси ягон чиз оҳ кашанд. Мо кӯшиш мекунем, ки бо итоаткории худ «онҳоро барои фаъолияташон бо камоли муҳаббат иззат» намоем (1 Тас. 5:13).
БОЗ ҲАМ БЕШТАР БАРОДАРДӮСТ БОШЕД
19, 20. Чӣ тавр мо боз ҳам бештар бародардӯстӣ инкишоф дода метавонем?
19 Халқи Яҳуваро аз рӯи муҳаббат ба якдигар мешиносанд. Павлус инро дарк мекард. Аммо ӯ масеҳиёнро даъват кард, ки дар ин кор «боз ҳам зиёдтар муваффақият ба даст» оранд (1 Тас. 4:9, 10). Пас, биёед кӯшиш кунем, ки боз ҳам бештар бародардӯст бошем.
20 Биёед дар муддати ин сол ба ояти сол назар карда дар бораи ин саволҳо фикр кунем: чӣ тавр ман боз ҳам бештар меҳмоннавоз буда метавонам? Чӣ тавр ман бародару хоҳаронеро ки дар зиндон ҳастанд, ба хотир оварда метавонам? Чӣ тавр ман нисбати издивоҷ эҳтиром нишон дода метавонам? Чӣ ба ман кӯмак расонда метавонад, ки қаноатманд бошам? Чӣ тавр ман бовариамро ба Яҳува зиёд карда метавонам? Чӣ тавр ман боз бештар бо онҳое ки роҳбариро ба ӯҳда доранд, ҳамкорӣ карда метавонам? Агар мо дар ин соҳаҳои ҳаёт беҳтар шавем, он гоҳ гуфтан мумкин аст, ки матни солона навиштаҷоти холие дар девори Толори Салтанат нест. Он моро хотиррасон мекунад, ки ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, то дар байни мо «бародардӯстӣ барқарор бошад» (Ибр. 13:1).
^ [1] (сархати 9) Барои фаҳмидани он ки чӣ тавр Шоҳидони Яҳува бародардӯстиро дар амал зоҳир мекунанд, нигаред ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15 июли соли 2002, саҳ. 8, 9 ва ба китоби «Шоҳидони Яҳува — воизони Салтанати Худо» (рус.) боби 19.