Ҳабаққуқ
1 Ин аст паёме, ки пайғамбар Ҳабаққуқ* дар рӯъё дид:
2 То кай, эй Яҳува, ман фарёд зада мадад мепурсаму ту намешунавӣ?+
То кай аз зӯроварӣ халосӣ металабаму ту коре намекунӣ*?+
3 Чаро мегузорӣ, ки бадкориро бубинам?
Чаро зулму ситамро тоқат мекунӣ?
Чаро тороҷу зӯроварӣ пеши чашми ман аст
Ва дар ҳама ҷо ҷангу ҷанҷол аст?
4 Шариат қуввату эътиборашро гум кардааст
Ва адлу инсоф ба ҷо оварда намешавад.
Бадкор росткорро ба танг меорад
Ва адлро таги по мекунанд.+
5 «Ба халқҳо нигаред ва диққат диҳед,
Бубинед ва ҳайрон шавед,
Зеро дар рӯзҳои шумо чизе рӯй медиҳад,
Ки, агар онро ба шумо мегуфтанд, боваратон намеомад.+
6 Инак, ман калдониён,
Халқи сангдилу бадхашмеро, бармехезонам,+
Ки паҳнои заминро гузашта,
Хонаҳои дигаронро соҳиб мешаванд.+
8 Аспҳои онҳо аз паланг тезтар
Ва худашон аз гургҳои шаб бадхашмтаранд.+
Аспҳои ҷангии онҳо пеш медаванд,
Аспҳои онҳо аз дуриҳо меоянд.
Онҳо мисли уқобе, ки сӯйи туъмааш мешитобад, парида меоянд.+
9 Ҳамаи онҳо барои зӯроварӣ меоянд.+
Онҳо якҷоя мисли боди шарқиянд+
Ва асиронро мисли рег ҷамъ меоранд.
10 Онҳо подшоҳонро масхара мекунанд
Ва сарваронро хандахариш менамоянд.+
Онҳо қалъаҳоро дида писханд мезананд+
Ва хоктӯда барпо карда, онро забт мекунанд,
11 Сипас мисли шамол аз он замин мегузаранд.
12 Магар ту, эй Яҳува, аз азал нестӣ?+
Эй Худои ман, эй Худои Покам, ту миранда нестӣ*.+
Эй Яҳува, ту онҳоро таъйин кардӣ, ки ҳукматро ба ҷо оранд,
Пас, чаро хиёнаткорро тоқат мекунӣ+
Ва, вақте бадкор одами аз худаш росткортарро фурӯ мебарад, хомӯш мемонӣ?+
14 Барои чӣ одамизодро мисли моҳиёни баҳр мекунӣ,
Мисли хазандагоне, ки сарвар надоранд?
15 Ӯ* ҳамаи онҳоро бо шасти моҳигирӣ мекашад,
Онҳоро бо тӯр меқапад,
Дар тӯри моҳигирияш ҷамъ меорад
Ва аз ин хурсандии бисёр мекунад.+
16 Барои ҳамин вай ба тӯри худ қурбониҳо меорад,
Ба тӯри моҳигирияш дуд мебарорад,
Чунки аз онҳо ҳиссаи ӯ серравған ва хӯрокаш серғизост.
17 Наход ӯ доимо тӯри худро паҳн кунад*?
Наход бераҳмона халқҳоро куштан гирад?+