Ба Яҳува такя кунед ва соҳиби ҳаёт гардед!
«Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо, ва ба хиради худ такя накун» (МАС. 3:5).
1. Чаро ҳамаи мо ба тасаллӣ ниёз дорем?
ҲАМАИ мо ба тасаллӣ ниёз дорем. Шояд ташвишу нобарориҳои рӯзгор ва ранҷу азоби зиндагӣ моро сахт хаста кардаанд. Баъзеҳоро бори гарони пирӣ, беморӣ ё марги шахси наздик, ғамгину рӯҳафтода мекунад. Дигарон бо муносибати бад рӯ ба рӯ мешаванд. Ғайр аз ин торафт авҷ гирифтани зӯроварии гирду атроф моро ба даҳшат меорад. Ҳамаи ин сахтиҳо бори дигар исбот мекунанд, ки мо «дар рӯзҳои охир» зиндагӣ дорем ва рӯз аз рӯз ба дунёи нав наздик шуда истодаем (2 Тим. 3:1). Бо вуҷуди ин, мо шояд баъзан рӯҳафтода шавем, ки ваъдаҳои Яҳува то ҳол иҷро нашудаанд ва мушкилиҳо ба ҷойи кам шудан торафт зиёд шуда истодаанд. Пас, мо аз куҷо тасаллӣ ёфта метавонем?
2, 3. а) Дар бораи Ҳабаққуқ ба мо чӣ маълум аст? б) Чаро дида баромадани китоби Ҳабаққуқ барои мо фоидаовар мебошад?
2 Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан, биёед китоби Ҳабаққуқро дида бароем. Ҳарчанд дар он оиди ҳаёти Ҳабаққуқ ва корҳояш бисёр гуфта нашудааст, ин китоб барои мо сарчашмаи рӯҳбаландӣ мебошад. Маънои номи Ҳабаққуқ эҳтимол «оғӯши гарм» аст. Ин метавонад ба ду чиз ишора кунад: Яҳува хизматгоронашро гӯё ба оғӯш гирифта, онҳоро тасаллӣ медиҳад ё ин ки ходимонаш бо дилпурӣ ба Ӯ мечаспанд. Аз он мо мефаҳмем, ки чӣ тавр Ҳабаққуқ ба Худо як қатор саволҳо дод. Яҳува ба саволҳои пайғамбараш ҷавоб дод ва ӯро илҳом бахшид, ки дар бораи ин сӯҳбат нависад, зеро Ӯ медонист, ки ин ба манфиати мо аст (Ҳаб. 2:2).
3 Он чизе, ки ба мо дар бораи Ҳабаққуқ маълум аст — танҳо сӯҳбати самимии пайғамбари рӯҳафтода бо Яҳува мебошад. Лекин китоби ӯ қисми Навиштаҳои илоҳист, ки «барои таълими мо навишта шудааст, то ба воситаи истодагарии худ ва тасаллие, ки аз Навиштаҳои Муқаддас мегирем, умедвор бошем» (Рум. 15:4). Чӣ тавр китоби Ҳабаққуқ ба ҳар яки мо кӯмак карда метавонад? Аз он мефаҳмем, ки ба Яҳува такя кардан чӣ маъно дорад. Ҳамчунин он ба мо боварӣ мебахшад, ки новобаста аз душвориҳо ва озмоишҳои худ мо дили ором дошта метавонем. Биёед ҳоло китоби Ҳабаққуқро батафсил дида бароем.
ДИЛАТОНРО БА ЯҲУВА ХОЛӢ КУНЕД
4. Аз кадом вазъият Ҳабаққуқ ба ташвиш омада буд?
4 Ҳабаққуқ 1:2, 3-ро хонед. Пайғамбар Ҳабаққуқ дар замони хеле душвор зиндагӣ мекард. Аксари ҳамзамонони ӯ бадкор буданд ва ба дигарон рӯз нишон намедоданд. Ба куҷое нигоҳ накунад, ӯ медид, ки яҳудиён беинсофӣ мекунанд ва ба ҳамдигар бераҳмона муносибат менамоянд. Аз дидани ин чизҳо Ҳабаққуқ ба дод омада буд. Дар майнаи ӯ чунин фикрҳо чарх мезаданд: «Ҳамаи ин бадкориҳо кай ба охир мерасида бошанд? Барои чӣ Яҳува ба онҳо зудтар хотима намебахшад?» Ҳабаққуқ чӣ кор карданашро намедонист. Ва дар ин айёми тираву тор ӯ ба Яҳува илтиҷо мекард, ки ягон чора андешад. Баъзан ба назараш шояд чунин метофт, ки Яҳува бепарво аст ва барои нобуд кардани бадӣ шитоб намекунад. Оё шумо низ ягон бор худро монанди пайғамбар Ҳабаққуқ ҳис карда будед?
5. Аз китоби Ҳабаққуқ мо барои худ чӣ дарс гирифта метавонем? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
5 Оё ба ташвиш ва шубҳа афтодани Ҳабаққуқ маънои онро дошт, ки ӯ ба Яҳува ва ба ваъдаҳои Ӯ дигар боварӣ надошт? Албатта не. Баръакс, мо мебинем, ки вай барои бартараф кардани шубҳа ва хавотириҳояш ба Яҳува муроҷиат кард. Ин нишон медиҳад, ки Ҳабаққуқ то ҳол ба Яҳува имону боварии қавӣ дошт. Лекин ӯ намефаҳмид, ки барои чӣ Яҳува роҳ медиҳад, ки вай дар чунин вазъияти бад зиндагӣ кунад ва чаро Ӯ зулму ситамро ба зудӣ нест намекунад. Аз афташ маҳз надонистани ин чизҳо ӯро рӯҳафтода мекард. Яҳува Ҳабаққуқро илҳом бахшид, ки ташвишу ҳиссиёти худро бинависад, то мо низ барои худ дарси муҳим гирем. Кадом дарс? Яҳува мехоҳад, ки мо натарсида ташвишу шубҳаҳои худро ба Ӯ баён кунем. Яҳува аз меҳрубонӣ моро бармеангезад, ки диламонро бемалол ба Ӯ холӣ кунем (Заб. 49:15; 62:9). Дар Масалҳо 3:5 низ гуфта шудааст: «Бо тамоми дили худ ба Худованд таваккал намо ва ба хиради худ такя накун». Ҳабаққуқ эҳтимол ин суханонро медонист ва аз рӯйи он амал мекард.
6. Барои чӣ дуо гуфтан муҳим аст?
6 Ҳабаққуқ ба Яҳува чун ба Дӯст ва Падари худ такя менамуд ва ҳаракат мекард, ки ба Ӯ наздик шавад. Ҳангоми мушкилиҳо ӯ ба ҷойи зиқ шуда шиштан ва фақат ба фаҳмиши худ такя намудан, дар дуо ба Яҳува ташвишу ҳиссиёташро баён мекард. Аз ин ҷиҳат ӯ ба мо намунаи хуб гузоштааст. Беш аз ин, худи Яҳува — Шунавандаи дуо моро даъват мекунад, ки ба Ӯ ғаму ташвишҳои худро гӯем (Заб. 64:2). Ҳамин тавр мо нишон медиҳем, ки ба Яҳува такя мекунем. Ӯ бошад, дар навбати худ ба дуоҳои мо ҷавоб дода, меҳрубонона ба мо роҳ нишон медиҳад ва моро тасалливу оромӣ мебахшад. Дар натиҷа, мо ҳис мекунем, ки Яҳува гӯё моро ба оғӯш мегирад (Заб. 72:23, 24). Ӯ ба мо кӯмак мекунад, ки новобаста аз азобу душвориҳоямон нуқтаи назари Ӯро фаҳмем. Бо дуоҳои самимии худ мо нишон медиҳем, ки пурра ба Худо такя мекунем.
ГӮШ КУНЕД, КИ ЯҲУВА ЧӢ МЕГӮЯД
7. Яҳува ба ташвишҳои Ҳабаққуқ чӣ гуна муносибат кард?
7 Ҳабаққуқ 1:5–7-ро хонед. Баъди ба дасти Яҳува супоридани ғаму ташвишҳои худ, Ҳабаққуқ шояд фикр мекард, ки ба саволҳои ӯ Яҳува чӣ тавр ҷавоб медода бошад. Яҳува чун Падари ғамхор ҳиссиёти ӯро мефаҳмид, барои ҳамин ӯро сарзаниш накард. Худо медонист, ки ин оҳи дили пурдардест, ки аз ранҷу азоб ба дод омадааст. Яҳува ба ӯ фаҳмонд, ки яҳудиёни бадкорро чӣ гуна ҷазо доданӣ аст ва ба наздикӣ чӣ рӯй медиҳад. Шояд Ҳабаққуқ аввалин шахсе буд, ки Яҳува ба вай дар бораи наздик будани анҷоми он замонаи пур аз зулму ситам хабар дод.
8. Чаро ҷавоби Яҳува Ҳабаққуқро дар ҳайрат гузошт?
8 Яҳува ба Ҳабаққуқ нишон дод, ки ба амал кардан тайёр аст. Ӯ гуфт, ки ба наздикӣ халқи бадкирдор ва бераҳми Яҳудоро ҷазо медиҳад ва барои ин лашкари калдониён, яъне бобилиёнро истифода мебарад. Яҳува ҳангоми бо Ҳабаққуқ гап задан, ибораи «дар айёми шумо»-ро истифода бурд. Ин нишон медод, ки доварии Яҳува ба халқи саркаш дар рӯзҳои зиндагии ин пайғамбар ё ҳамзамонони вай рӯй медиҳад. Лекин Ҳабаққуқ аз шунидани ҷавоби Яҳува чӣ ҳис кард? Дар асл ӯ чунин ҷавобро интизор набуд. Чунки ин маънои онро дошт, ки азоби яҳудиён боз ҳам зиёдтар мешавад. Бобилиён халқи сангдилу бераҳм буданд ва аз ҳамватанони Ҳабаққуқ, ки меъёрҳои Яҳуваро медонистанд, бадтар рафтор мекарданд. Ҳабаққуқ шояд ҳайрон буд, ки чаро Яҳува барои ҷазо додани халқи худ он халқи бутпарастро истифода мебарад. Агар шумо ба ҷойи вай мебудед, аз шунидани ҷавоби Яҳува чӣ ҳис мекардед?
9. Кадом саволҳо шояд Ҳабаққуқро азоб медоданд?
9 Ҳабаққуқ 1:12–14, 17-ро хонед. Ҳарчанд Ҳабаққуқ мефаҳмид, ки Яҳува бобилиёнро барои доварӣ кардани яҳудиёни бадкор истифода мебарад, ба баъзе чизҳо то ба охир сарфаҳм намерафт. Лекин вай фурӯтанона ба Яҳува чун ба «Кӯҳпора»-и худ такя карданро давом дод (Такр. Ш. 32:4; Иш. 26:4). Ҳабаққуқ ба пурмуҳаббат ва меҳрубон будани Яҳува бовариашро гум накард. Ва аз ин сабаб натарсида боз ба Яҳува муроҷиат кард. Ӯро шояд саволҳои зерин азоб медоданд: «Наход Худо роҳ диҳад, ки вазъият дар Яҳудо аз пештарааш бадтар шавад? Барои чӣ Ӯ дарҳол амал намекунад? Чаро Худои Қодир афзудани бадиро тоқат мекунад ва “хомӯш” мемонад?» Боз Ҳабаққуқ эҳтимол чунин фикр мекард: «Охир, Яҳува Худои муқаддас аст; чашмони Ӯ “он қадар пок аст”, ки тоқати дидани бадиро надорад».
10. Баъзан мисли Ҳабаққуқ мо чӣ ҳис мекунем?
10 Баъзан мо метавонем мисли Ҳабаққуқ зиқ шавем. Мо ҳам гӯш мекунем, ки Яҳува чӣ мегӯяд ва ба Ӯ такя мекунем. Бо хондан ва омӯзиш кардани Каломи Ӯ мо умеди худро қавӣ мегардонем. Ба воситаи ташкилоташ, мо оиди ваъдаҳои Ӯ хубтар мефаҳмем. Вале ба ҳар ҳол, баъзан мо шояд ба худ савол диҳем: «Кай аз ин дарду ғам халос мешуда бошем?» Биеёд бинем, ки дар чунин ҳолат Ҳабаққуқ чӣ кор кард ва мо аз рӯҳияи ӯ барои худ чӣ дарс гирифта метавонем.
ЯҲУВАРО ИНТИЗОР ШАВЕД
11. Баъди суханони Яҳуваро шунидан азми Ҳабаққуқ ба чӣ қавитар шуд?
11 Ҳабаққуқ 2:1-ро хонед. Сӯҳбат бо Яҳува ба дили Ҳабаққуқ оромӣ бахшид. Ва баъди ин, азми ӯ боз ҳам қавитар шуд, ки Яҳуваро бо дили пур интизор шавад. Суханони минбаъдаи Ҳабаққуқ нишон медиҳанд, ки ин хоҳиши вай қатъӣ буд. Ӯ гуфт: «Дар интизори рӯзи тангӣ... бояд ором бошам» (Ҳаб. 3:16). Дигар хизматгорони содиқи Яҳува низ вақти амал кардани Яҳуваро пуртоқатона интизор мешуданд. Намунаи онҳо моро далерӣ мебахшад ва бармеангезад, ки мо ҳам Яҳуваро интизор шуда, ноумед нагардем.
12. Аз Ҳабаққуқ мо барои худ чӣ дарс гирифта метавонем?
12 Аз намунаи Ҳабаққуқ мо чӣ дарс мегирем? Якум, мо бояд ба Яҳува дуо гуфтанро ҳеҷ гоҳ бас накунем ва дар бораи ҳамаи мушкилиҳоямон ба Ӯ гӯем. Дуюм, мо бояд гӯш кунем, ки Яҳува ба воситаи Калом ва ташкилоташ ба мо чӣ дастурот медиҳад. Сеюм, мо бояд Яҳуваро босаброна интизор шавем ва боварии комил дошта бошем, ки Ӯ дар вақти лозима азоби моро сабук мегардонад. Агар мо мисли Ҳабаққуқ кардани ин се корро давом диҳем, дар дил оромӣ пайдо мекунем, ки он дар истодагарӣ ба мо кӯмак мекунад. Умед бошад, ба мо барои пурсабр будан ёрӣ медиҳад ва он гоҳ мо новобаста аз душвориҳо хурсандиро нигоҳ дошта метавонем (Рум. 12:12).
13. Яҳува Ҳабаққуқро чӣ гуна тасаллӣ бахшид?
13 Ҳабаққуқ 2:3-ро хонед. Ин пайғамбари содиқ қарор дод, ки амал кардани Яҳуваро мунтазир мешавад. Ва Яҳува бешубҳа аз чунин рӯҳияи вай розӣ буд. Худои Қодир аз ҳамаи азобҳои вай бохабар буд. Ва Ӯ бо меҳрубонӣ Ҳабаққуқро тасаллӣ дода, гуфт, ки ба наздикӣ ғаму дардашро сабук мегардонад. Яҳува гӯё ба вай чунин мегуфт: «Босабр бош ва ба Ман такя кун. Ҳатто ба назарат тобад, ки вақти зиёд гузашта истодааст, ба дуоҳои ту Ман албатта ҷавоб медиҳам!» Яҳува ба Ҳабаққуқ хотиррасон кард, ки Ӯ барои иҷрои ваъдаҳояш вақтро аллакай муайян кардааст. Барои ҳамин ба вай маслиҳат дод, ки мунтазир шавад. Бешубҳа чунин рафтор ба Ҳабаққуқ пушаймонӣ намеовард.
14. Ҳангоми душвориҳо мо бояд чӣ гуна рӯҳия дошта бошем?
14 Ба мо низ лозим аст, ки Яҳуваро мунтазир шавем ва ба ҳар чизе ки Ӯ мегӯяд, бодиққат гӯш диҳем. Ҳамин тавр мо метавонем ба Ӯ такя кунем ва новобаста аз мушкиливу озмоишҳо дили ором дошта бошем. Исо насиҳат кард, ки дар бораи «замонҳо ва мӯҳлатҳо» бисёр фикр накунем, зеро Яҳува хубтар медонад, ки кай бояд амал кунад (Аъм. 1:7). Пас, мо набояд бетоқат шавем, балки бо фурӯтанӣ, имон ва пурсабрӣ вақти амал кардани Яҳуваро интизор шавем. Биёед вақти боқимондаро бохирадона истифода бурда, дар хизмати Яҳува ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем (Марқ. 13:35–37; Ғал. 6:9).
КАСОНЕ, КИ БА ЯҲУВА ТАКЯ МЕКУНАНД, СОҲИБИ ҲАЁТ МЕШАВАНД
15, 16. а) Дар китоби Ҳабаққуқ кадом ваъдаҳои олиҷаноб навишта шудаанд? б) Ин ваъдаҳо моро ба чӣ бармеангезанд?
15 Яҳува ваъда додааст, ки «одил бо имони худ хоҳад зист» ва «замин аз шинохтани ҷалоли Худованд пур хоҳад шуд» (Ҳаб. 2:4, 14). Оре, касоне, ки пурсабрӣ зоҳир намуда, ба Яҳува такя мекунанд, соҳиби ҳаёти ҷовидона мешаванд.
16 Ваъдаи дар Ҳабаққуқ 2:4 навишташуда шояд дар назари аввал як сухани одӣ тобад. Лекин Павлус муҳим будани ин суханонро дарк мекард, чунки онҳоро дар номаҳои худ се бор иқтибос овард (Рум. 1:17; Ғал. 3:11; Ибр. 10:38). Суханони Ҳабаққуқ 2:4 моро ба чӣ боварӣ мебахшанд? Чӣ мушкилие ба сарамон наояд, агар мо имонамонро мустаҳкам нигоҳ дорем ва ба Яҳува содиқ монем, иҷрошавии ваъдаҳои Ӯро албатта мебинем. Яҳува мехоҳад, то мо диққатамонро ба умеди худ равона кунем.
17. Китоби Ҳабаққуқ моро ба чӣ боварӣ мебахшад?
17 Дар ин замонҳои охир, ҳамаи мо аз китоби Ҳабаққуқ дарси муҳим гирифта метавонем. Яҳува ба ҳар шахси росткор, ки бо имон ба Ӯ такя мекунад, ҳаёти ҷовидонаро ваъда медиҳад. Биёед мустаҳкам кардани имони худро давом диҳем ва бо кадом душворие, ки рӯ ба рӯ нашавем ба Худо такя кунем. Ба воситаи китоби Ҳабаққуқ Яҳува боварӣ мебахшад, ки ҳамеша моро дастгирӣ мекунад ва наҷот медиҳад. Яҳува меҳрубонона моро даъват мекунад, ки ба Ӯ такя кунем ва вақти муқарраркардаи Ӯро — вақтеро, ки Подшоҳии Худо бар замин ҳукмрониашро сар мекунад, интизор шавем. Он вақт тамоми замин аз одамони хушбахту сулҳҷӯ, ки Яҳуваро ибодат мекунанд, пур хоҳад шуд (Мат. 5:5; Ибр. 10:36–39).
БО ХУРСАНДӢ БА ЯҲУВА ТАКЯ КУНЕД
18. Суханони Яҳува ба Ҳабаққуқ чӣ гуна таъсир расонданд?
18 Ҳабаққуқ 3:16–19-ро хонед. Суханоне, ки Яҳува гуфт, ба Ҳабаққуқ хеле таъсир карданд. Вай дар бораи корҳои бузурге, ки Худо дар гузашта барои халқаш карда буд, мулоҳиза ронд ва бовариаш ба Яҳува аз нав қавӣ гашт. Ҳарчанд ӯ медонист, ки муддате шояд боз азоб мекашад, вай аз он тасаллӣ меёфт, ки Яҳува ба қарибӣ амал мекунад. Ҳабаққуқ аз Яҳува дилпур шуд ва ба қувваи наҷотдиҳандаи Ӯ имонаш мустаҳкам гашт. Ҳабаққуқ суханонеро ба забон овард, ки ҳеҷ каси дигар шояд боварии худро нисбати Худованд ин қадар зебо баён накардааст. Баъзе олимон мегӯянд, ки ояти 18 дар асл чунин маъно дорад: «Ман дар Худованд аз шодӣ ҷастухез мекунам ва аз хурсандие, ки бо Ӯ дорам, рақс мекунам». Чӣ дарси муҳиме барои ҳар яки мо! Яҳува ба мо оиди оянда на танҳо ваъдаҳои олиҷаноб додааст, балки моро инчунин боварӣ мебахшад, ки баҳри иҷрои онҳо амал карда истодааст.
19. Мисли Ҳабаққуқ мо чӣ тавр тасаллӣ ёфта метавонем?
19 Дарси муҳиме, ки мо аз китоби Ҳабаққуқ ёд мегирем, ин такя кардан ба Яҳува аст (Ҳаб. 2:4). Барои доимо ба Яҳува такя кардан, мо бояд муносибатамонро бо Ӯ мустаҳкам гардонем. Дар ин кор се чиз ёрдам медиҳад: 1) доимо дуо гуфта ба Яҳува дили худро холӣ кунед; 2) ба Каломи Яҳува ва дастуроте, ки бо воситаи ташкилоташ медиҳад, бодиққат гӯш диҳед; 3) ба Яҳува содиқ монед ва Ӯро босаброна интизор шавед. Ҳабаққуқ айнан чунин рафтор мекард. Ҳарчанд китоби Ҳабаққуқ бо суханони пурдарду алам сар мешавад, он бо суханони хурсандиовар ва пур аз боварӣ анҷом меёбад. Биёед ба намунаи Ҳабаққуқ пайравӣ кунем, то мо низ оғӯши падаронаи Яҳуваро дар худ ҳис кунем. Дар ин ҷаҳони тираву тор танҳо Яҳува моро чунин тасаллӣ бахшида метавонад!