Забур
Таронаи Довуд, вақте ӯ дар биёбони Яҳудо буд.+
63 Худоё, ту Худои манӣ, туро ҷустуҷӯ мекунам.+
Ҷонам ташнаи туст.+
Дар замини хушку хароб ва беоб
Ҷисмам аз пазмоният беҳол гаштааст.+
2 Дар макони пок ба ту менигаристам,
Қувват ва ҷалоли туро медидам.+
4 Тамоми умр васфи туро мегӯям,
Ба номи ту дасти дуо мебардорам.
5 Мисли он ки аз хӯроки равғанину лазиз бошад, серам.
Бо шодӣ бар лаб туро ситоиш мекунам.+
6 Туро дар бистарам ба ёд меорам
Ва посҳои шаб дар бораи ту андеша мекунам,+
7 Зеро ту мададгори манӣ,+
Дар сояи болҳоят нидои шодӣ мебарорам.+
8 Ҷонам ба ту часпидааст,
Дасти ростат маро сахт медорад.+
9 Аммо онҳое, ки қасди ҷонам доранд,
Ба қаъри замин фурӯ мераванд.
10 Онҳо аз дами шамшер мегузаранд
Ва луқмаи шағолон* мегарданд.
11 Аммо подшоҳ аз корҳое, ки Худо барояш мекунад, шод мегардад.
Ҳар кӣ ба номи Ӯ қасам хӯрад, фахр хоҳад кард,
Даҳони дурӯғгӯён бошад, баста хоҳад шуд.