Таронаи шукргузорӣ.
100 Эй тамоми замин, дар васфи Яҳува тантанавор нидо кунед.+
2 Ба Яҳува хурсандона хизмат кунед.+
Ба ҳузураш бо бонги шодӣ биёед.
3 Бидонед, ки Яҳува Худост.+
Ӯ моро офаридааст ва мо аз они ӯем,+
Мо халқи ӯ ва гӯсфандони чарогоҳаш ҳастем.+
4 Аз дарвозаҳояш бо шукрона дароед,+
Ба саҳнҳояш бо ситоиш оед.+
Ӯро сипос гуфта, номашро васф кунед,+
5 Зеро Яҳува некуст,+
Меҳраш то абад пойдор аст
Ва вафояш ҷовидонист.+